Фарҳанги вожаҳои роёнай فرهنگ واژه های رایانه ئ
Истифодаи технологияи компютерй ва фанноварии иттилоот дар Точикистон чун дигар мамлакатҳои дунё рў ба густариш ниҳода, баробари он корбурди вожаҳои нави ихтисосии соҳаи мазкур низ ривоч меёбад. Ҳар давлат барои пешрафти чомеаи худ кўшиш мекунад, ки забони технологияи навро ба забони давлати худ наздик гардонад ва барои истифодаи осон аз онҳо барои мардум замина фароҳам оварад. Аз тарафи олимони точик дар соҳаи роёна ва фанноварии иттилоотй корҳое монанди ворид кардани ҳуруфи точикй ба сохтори компютер, бозии грамматикии «Худро санч!», луғатҳои точикй, русй, англиси, олмонй ва ғайра, баргардонандаи ҳуруфи кирилии точикй ба форсй анчом дода шудааст. Аммо дар бораи истифодаи истилоҳоти точикй дар соҳаи компютер ва фанноварй ҳарфе нест. Ҳол он ки дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Чумҳурии Эрон гурўҳи вожагузинии ихтисосҳо амал мекунад, ки тайи солҳои 1997-2006 ин ҳайат комёб ба он шудааст, ки «Фарҳанги вожаҳои мусавваб»-ро дар ҳудуди зиёда аз даҳ ҳазор калима мураттаб намуда ба дўстдорони каломи форсй эҳдо намояд. Читать далее
Ман ва Эрон من و ایران
Маро ҳамеша одат чунин буда, қабл аз он ки ба чое биравам, тарҳи он маконро дар суратхонаи хотир нақш мебандам. Ва чун дар он макон мешавам, дармеёбам, ки то кадом дарача ин чой ба пиндори ман наздик аст. Ман ва Эрон ҳамеша дар ёдҳои мозй бо ҳам будем. Аммо ин дафъа дар ҳақиқат муяссар гардид, ки ба ин олами афсона сафар бинамоям.
Ҳамсафарони ман Чўра Юсуфй-шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Точикистон, муовини муҳаррири ҳафтаномаи «Вароруд», Озарахш – шоири машҳур, ходими чаридаи «Адабиёт ва санъат», Чонибек Асрориён – муҳаррири радиои «Садои Душанбе», Мирсалим Ашўров — сарояндаи маҳбуби мардумй ва Сурайё Ҳасанова – номзади илмҳои суханшиносй, ходими рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» — ҳамагй шаш нафар будем, ки аз чониби Кумитаи Имдоди Хумайнй барои сафар ба Чумҳурии Исломии Эрон раводид гирифтем. Тибқи барномаи пештар тарҳрезишуда сафари мо аз 29 ноябр то 7 декабри 2010 ба нақша гирифта шуда буд. Субҳи 30 ноябр дар коргоҳи Кумитаи имдоди Хумайнии Эрон, воқеъ дар Душанбешаҳр – оғои Разавй ба мо чиптаҳои ҳавопаймоиро супурда, хайру манзур намуд. Дар ин сафар бо мо оғои Хуррамй – чавоне, ки Аз Эрон омада чавонони точикро саноеи сангтарошй меомўхт, ҳамроҳ шуд. Ў аслан аз сокинони Нишопури Эрон буда, ваъда дод, ки чун ба Нишопур равем, ҳатман моро суроғ мекунад. Дар парвозгоҳи Душанбе ба тайёраи боҳашамати «Боинг» нишастем. Тайёра сўи Эрон роҳ гирифт. Читать далее
Маънии вожаи «точик»
Маънии вожаи «точик»
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим.
Дар мавриди мафҳуми вожаи «точик» эҳтимолоти фаровоне дода шуда ва маъонии муттаадид, муттавофит ва баъзан мутазодй нақл шудааст. Дар ин навиштор бидуни ҳеч қазоват ва пешдоварй танҳо теъдоде аз ин эҳтимолот ва маонй нақл мегардад. Умедворем дар ояндаи наздик бо ручўъ ба манобеъ ва маохизи дасти аввал ва баҳрагирй аз мустанадоти муттақин ва ҳамкориву мусоидати дўстоне, ки ин матлабро мутолиа мекунанд, битавонам ин навишторро комил намоям.
1. Дар луғатномаи англисии Оксфорд «точик»-ро «як форс» ва касе, ки на араб бошад ва на турк, таъриф кардаанд. Читать далее
I am Aryan! Ман Ориёиям!
I am a thread of beam from the spring of light,
In the divine miracles I am a bit of bright.
I am a piece of kindness from Ahuro’s fire,
I am a free existence from wrong and right,
I am Aryan!
I am Aryan!
Until I see a wide of Aryan
And till the Middle Asia is my nature,
Until I’m a Tajik, the future world is mine
And what is your opinion about my creature?
I am Aryan!
I am Aryan! Читать далее
Имлоро дигаргун бояд кард
Чаро ба расмулхати ниёгон нагузаштем?
Ба туфайли бозтобии офтоби истиклолият хамаи пахлухои хаёти ичтимоии мардуми точик ба худ ранги милли гирифт. Тарзи гуфтор, рафтор ва пиндор: хама точикона шуд. Танхо имлои нав аз ин доира берун монд. Ахли зиёиёни миллат нигарони бар он доштанд, ки акнун ба расмулхати ниёгон-алифбои арабиасос мегузарем. Зеро, ки таъри- хи хазорсолаи мо махз бо хамин хат навишта шудааст. Сониян , мо бо хамзабонони худ Эрон ва Афгонистон иртиботи хаккони пайдо мекар- дем. Маро вокеае пеши назар омад. Накби «Истиклол» ба истифода до- да мешуду дар баромадгохи он бо ду хат: араби ва кирилли айни як муддао хаккоки ёфта буд. Хол он, ки хар ду чониб, хам точикон ва хам эрониён сохиби забони ягона буданд ва мешуд, ки танхо бо як хат матлаби худро арз кунанд. Читать далее
Аз рўзгори нақшбандиён
Чанд руз кабл донишманди данияги, доктори улуми фалсафа, профессори Донишгохи антропология, этнография ва лингвистикаи шахри Орхус – Мария Элизабет Лу мехмони диёри мо буд. Номбурда мухаккики бахши тасаввуф, бахусус тарикати наrшбандист ва дар ин мавзуъ китобе тахти унвони «Тарвичи ислом дар Осиёи Вусто баъд аз инкирози Шурави» низ тахия кардааст.
У бо яке аз мухаккикони рузгори наrшбандиён, олим ва шоир- Маликнеъмат сари ин масъала сухбате орост, ки мухтавои онро пешкаши хонандагони гироми мегардонем.
Мария Лу ; — Ба мо иттилоъ доданд, ки шумо аз рузгори накшбандиён огохи доред…
Маликнеъмат; — «Накшбандия» мавзуи рисолаи номзадии ман аст.
Мария Лу ;- Пас мо якин ба чои хостаи худ омадаем.Лутф фармоеду бигуед, ки маънии вожаи «Накшбанд» чист? Читать далее
افزایش تار نما های فارسی تاجیکان در صفحه جهانی اینترنت — Афзоиши торнамохои форсии точикон дар сафхаи чахонии Интернет
تعداد تارنما و سامانه های فارسی تاجیکان در شبکه جهانی اینترنت روز تا روز افزایش می یابد. این تارنما و سامانه ها که بیشتر از سوی شاعران و محققین تاجیک در داخل و خارج راهندازی شده اند، استقبال خوبی از سوی فرهنگیان و پژوهشگران ایرانی و افغان یافته اند. این تارنما ها اغلب با دو خط فارسی و سرلیک بوده از لحاظ آرایش گرافیکی و طرح و جابجائی مطالب دارای ویژگی مخصوص می باشند. صاحبان سامانه ها و طراحان در صفحات خود به جز بخش تبلیغ معرفی احوال و آثار همزبانان ایرانی و افغان خود را گذاشته اند که در واقع یک پیوند عمیقی میان اهل ذوق به وجود آمده که حتی این کار از سوی هیچ وزارت و یا انجمنی انجام شده است. چنانچه، سامانه «فردوس» که با نام «گلچین شعر ها» در سایت بلاگ فا جای دارد، در صفحات خویش اشعاری را از قیصر امین پور، سعید میر طالبی، گیتا تاجبخش، جعفر سرخی، ابوالفضل عظیمی بیلوردی دادا، آیدا سعادت … همراه با عکس و نمونه اشعار و بیوگرافی آنها را آورده است. این اقدام همچنانکه به نظر می رسد، به شدت گسترش می یابد و ارتباط و پیوند میان طراحان آنها می افزاید . در شرائط کنونی که ارتباطات بیشتر توسط اینترنت با سرعت ادامه دارد همکاری و پیوند سامانه ها خیلی مهم به نظر می رسد.
در زیر نشانی برخی تارنماها تقدیم می گردد:
Ирони суханчавон ايران سخنجوان
Ирони бостон ва ин кишвари ростон,дерест,ки дар домани шеърпарвари худ нобигахоеро чун Фирдавсию Анварй,Саъдию Хофиз, Соибу Калим ва чандин дигар бузургони чахониназмро руи кор овардааст,ки аз харорати сухани онон хануз хам зиндагй гарму гуворост.Шоирони ќарнхоиохири Ирон, монанди Сухроби Сипехрй, Фуруги Фаррухзод,Ахмади Шомлу, Ахавони Солис, Фаридун Муширй, Нимо Юшич, Шафеъии Кадканй, Сиёвуш Касрой, Нусрат Рахмонй, Нодири Нодирпур, Хушанги Соя, Масъуди Фардманиш, Кайсари Аминпур, Салмони Хиротй, Тохира Саффорзода Читать далее
Амир Шикебо Amir Shekibaa
Шикебо яке аз шоирони чавони Ирони имруз аст, ки панчуми мурдодмохи соли 1360 (1982) дар Техрон таваллуд шудааст. Кутуби ашъори худро бо номхои «Умед», «Боз хам ошикй», «Хоболуда», « Достони хилкат», «Рухи навозанда» ва «Сиёсатбозй» мунташир сохтааст. Яке аз пайравони шеъри нав, хосса шеъри сафед мебошад. Дар зер чанд намуна аз ашъори сафеди уро оварда, ба у дар чодаи шеър гузоштани кадамхои фарохро таманно менамоем. Читать далее