«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Вижагиҳои арўзии девони Султон Валад


                                 Муҳаммадризо Шафеии Кадканй,

                                                  устоди донишгоҳи  Теҳрон

           

            Ҳадафи ин мақола тарҳи як масъала дар арўзи шеъри Султон Валад–писари бузурги Чалолуддин Муҳаммад Мавлавй аст. Дар шеъри вай як вижагии арўзй ба чашм мехўрад, ки ба куллй бо тамоми девонҳои шеъри форсии классикй мутафовит аст. Ин тафовут чандон чашмгир аст, ки наметавон онро аз чинси хатоии  котиб, ё ҳуруфчин, ё ношир ба ҳисоб овард. Нависанда пеш аз нишон додани ин вижагй ду омили эҳтимолиро сабаби ин тафовут медонад: як эҳтимоли тафовут дар низоми овоии калимоти форсй дар асари ҳамчаворй бо забонҳои юнонй ва туркй дар Қуния ва дигаре таъсири мусиқии ҳоким бар хонақоҳ ва шеваи қавволону мусаннифони он рўзгор.

            Ёдаш ба хайр, доктор Меҳрдод Баҳор-фарзанди барўманди устод Маликушшуарои Баҳор, ки мегуфт: «Одам ҳар чй бошад, бошад, фарзанди падари нобиға набошад! Зеро ба ҳар ҳадде аз камол бирасад, боз хоҳанд гуфт, ки фарзанди фалон касаст». Ҳамчунон ки дар ҳаққи худи Меҳрдод ҳамеша гуфта мешавад, ки фарзанди Баҳор аст. Бо ин ки Меҳрдод Баҳор худ яке аз барчастатарин чеҳраҳои фарҳанги Ирон дар нимаи дуввуми қарни бистум аст ва дар ҳавзаи масоили муртабит бо фарҳанги Ирони бостон ва мутолеот дар қаламрави забони паҳлавй ва масоили ҳавзаи асотири иронй яке аз барчастатарин пойгоҳро дорост.

           Султон Валад (623-712)  писари Мавлоно Чалолуддин Муҳаммад низ чунин вазъе ёфта ва бештар аз он ки  ба мақоми ирфонй ва шеърии ў пардохта шавад, ғолибан аз ў ба унвони фарзанди Мавлоно   сухан гуфта мешавад; бо ин ки ў ба унвони як шоир  дар таърихи адаби форсй, ба вижа дар ноҳияи Осиёи Сағир, чойгоҳи бисёр воло дорад. Бисёре аз зеботарин ғазалҳои «Девони Шамс»  сурудаи ўст ва аз девони ў  вориди «Девони Кабир»-и Мавлоно шудааст. Масалан ба ин ғазал таваччуҳ кунед:

 Хешро чун хор дидам, сўи гул бигрехтам,

  Хешро чун сирка дидам, дар шакар омехтам,

  Косаи пурзаҳр будам, сўи тарёқ омадам,

 Соғари дурде будам дар оби ҳайвон рехтам.

 Дидаи пурдард будам даст дар Исо задам,

 Хом дидам хешро дар пухтае овехтам.

 Хоки кўи ишқро ман сурмаи чон ёфтам,

 Шаър гаштам дар латофат сурмаро мебехтам.

 Ишқ гўяд: рост мегўй, вале аз худ мабин,

 Ман чу бодам ту чу оташ, ман туро ангехтам.

 

 

          Ин ғазал, ки дар ҳеч кадом аз нусхаҳои асилу мўътабари «Девони Шамс» наомадааст, дар нусхаҳои девони Султон Валад бо тахаллуси ў сабт аст. Қароини хоричй низ нишон медиҳад, ки ғазал аз  ўст, на аз падараш  Ҳазрати Мавлоно.Дидаам  касонеро, ки ин ғазалро  ба унвони  яке аз  барчастатарин  ғазалҳои «Девони  Шамс» талаққй  кардаанд.

           Ҳанўз таҳқиқи  академикии  дақиқе  дар  бораи  мероси маънавй  ва  чойгоҳи ирфонй  ва  шеърии  Султон  Валад,  зоҳиран,  анчом  нагирифтааст. Гузашта аз аҳамияте,  ки  шинохти амиқи девони  ў дар пажуҳишҳои  муртабит  бо Мавлоно  дорад,  худ  мустақилан низ  як  матни  густардаи шеъри форсй дар қарни ҳафтум ва оғози қарни ҳаштум  аст (ҳудуди  чаҳордаҳ  ҳазор  байт) ба  лиҳози  муфрадот  ва  таъбирот ва  киноёт  матни  бисёр муҳимме  аст  ва  аз  манзари  иттилооти  асрй  ва равшан кардани  гўшаҳое аз  зиндагй  ва  замонаи  муаллиф  дар  ҳадди камоли арзиш аст. Мо  дар  ин гуфтор  ба  ҳеч рўй қасди вуруд ба  чунон  арзёбиҳоеро  дар  боби девони Султон Валад надорем. Ҳамин қадар мегўем, ки тасҳеҳи интиқодии девони ў  яке  аз корҳои барчастае хоҳад буд, ки дар  солҳои оянда дар ҳавзаи мутолиоти забони форсй анчом хоҳад гирифт.

           Ҳадафи ин мақола  фақат ёдоварии як  навъи  вижагй дар арузи шеъри ўст,  ки  ба куллй бо тамоми девонҳои шеъри  классикии  форсй мутафовит  аст. Ва ин тафовут чандон  чашмгир аст, ки наметавон онро аз чинси хатои котиб  ё ҳуруфчину ношир ба ҳисоб овард.Як бор  ин  ғазалҳоро  бихонед ва  рўи калимоте, ки  бо ҳуруфи сиёҳ чоп шудааст, аз назари арўзй тааммул кунед:

 

                                 Рафт  зи  ман  он  ману  мо, рўҳ шуд  андар бечо,

                                 Қатраи дил гашт кунун мавчзанон чун дарё.

                                Чони ту нурест баланд омада дар пасти  тан,

                               Домани  он  нур  маҳил, боз бирав бар боло.

                              Чисми ту хор  аст, бидон, рўҳи ту  хурмои  чинон,

                              Бигзар аз  ин  хору  бихур бе даҳане з-он хурмо.

                              Ин  бихурад нур  шавад, он  бихурад  дурр  шавад,

                              Мурда  нагардад  зинда, кўр  нагардад бино.

                              Боқии  ин  гуфта  шавад, дури  сухан  суфта  шавад,

                              Вакти  самоъ  аст, хамўш, сабр гузин  то  фардо.

                             Шеър  бувад  зикри  хуриш  ҳайрату  мастй  хурдан,

                             Чунки  расид  он  шакараш пур  кун  лунчону  бихо.

                            Зикр бувад чун тоат, зояд  аз  ў  сад  роҳат,

                             Лек кучо  он ки  шавй  маст  зи  мазкур  кучо.

 

Ва ин ҳам ғазали баъд аз он:

 

 Роҳи наве, роҳи наве ҳаст маро, ҳаст маро,

 Бохабарам дўст! Мабин маст маро, маст маро.   

 Он чи касеро нашуд он аз малаку аз инсон,

 Дод зи фазли яздон даст маро, даст маро.

 Васли маро дод ато, роҳату сад ганљу наво,

 Гарчи, ки  неши ҳичрон хаст маро, хаст маро.

 Будам он љо ҳама љон бе пару боле паррон,

 Баҳри шумо Ҳақ ин чо баст маро,баст маро.

 Нест бувад мулки бақо,ҳаст бувад  дори  фано,

 Нест  шавам  то  набувад  ҳаст  маро, ҳаст  маро.

 

 Ва боз ғазали баъдй:

 

                                 Чони чаҳон, чони чаҳон, рўй намо, рўй намо,

Чони маро бахш ту чон, рўй намо, рўй намо.

Ҳаст танам зинда зи чон, чон зи ту зиндааст, бидон,

Умр диҳаш човидон, рўй намо, рўйнамо.

Чумла љаҳон меҳмонат, рўзу шабон бар хонат,

Гуфта туро ҳар меҳмон: рўй намо, рўй намо. 

Чумла ғуломони дарат мўҳташам аз молу зарат

Наъразанон, к-эй султон, рўйнамо, рўй намо.

Он, ки рухаш зард будй  в-аз ту пур аз дард будй,

Чуз ту нахоҳад дармон, рўй намо, рўй намо.

Бе ту варо боғи Ирам, гарчи бувад пур зи наам,

Ҳаст яқин чун зиндон, рўй намо, рўй намо.

Кист, бигў, аз кеҳу меҳ, к-аш набувад ишқи ту беҳ,

Аз дилу аз чон гўён, рўй намо, рўй намо.

 

Ва ин ҳам ғазали баъдй аз боби эҳтиёт ва такмили баҳс:

 

 

Чанд туро чўям ман, рў бинамо, рў бинамо,

Дар паи ту пўям ман, рў бинамо, рў бинамо.

Пур шуд мағзам  бўят дар ҳаваси он рўят,

Чун зи ту мерўям ман, рў бинамо, рў бинамо.

Гуфт,ки худро мешў з-он, ки най поку накў,

Хеш чу мешўям ман, рў бинамо, рў бинамо.

Тўйи туро, эй хоқон, ҳаст ато бепоён,

Маст дар ин тўям ман, рў бинмо, рў бинамо.

Гуфт Ҳисоми ҳаққу дин: Эй Валад, ин хона гузин,

Гуфтам дар кўям ман, рў бинамо, рў бинамо.

 

 

         Мумкин аст бигўед, ки ин вижагй натичаи вазнношиносии шоир аст, ё бесаводии котиб, ки ғазалро китобат кардааст ва калимотеро чонишини калимоте кардааст, ки аз назари арўзй наметавонанд дар он чоҳо чой бигиранд. Аммо тааммул дар бахши қобили мулоҳизае аз ғазалҳо моро ба ин натича хоҳанд расонд, ки Султон Валад тариқи вижае дошта ва дар арўзи шеъри худ бо калимот бархўрда хос мекардааст. Бадбинонатарин нигоҳ ин хоҳад буд, ки бигўем фарзанди худовандгори мусиқии шеър дар таърихи адабиёти љаҳон чандон аз муҳити тарбиятию хонаводагии хеш дуршуда будааст, ки сохтори калимоти форсиро ба дурусти намешинохтааст; ё бар асари омезиш бо касоне, ки забони эшон забони форсй набудааст, аз юнонй ва турк ва… андозаи  мусиқоии  калимотро  ба  дурустй намешинохтааст.Зоҳиран  дар  Осиёи  Сағир  ва  дар  Қунияи асри Султон  Валад  калимоти  форсй дар низоми овоии дигар қарор гирифта будааст, ки  бо он чй  дар  ақолими  дигар  забони  форсй ривоч  дошта  ва  ҳанўз ҳам ривоч  дорад, қадре мутафовит будааст.Солҳо қабл дар  навиштае  аз Луис Юлмзалф (1899-1965) хонда  будам, ки  дастгоҳи савтй   ё  фонологияи  ҳар  забоне вақте  шурўъ ба тағйир кунад, калимот  худ  ба  худ  аз  ин  низоми чадид табъият  мекунанд  ва  ин бархурди Султон Валад  ба  калимоти  форсй  аз  манзари  овой  нишондиҳандаи  ҳамин  нукта  аст, ки  дар низоми  фонологии форсии  Қуния,  ё дар муҳити ёрони Султон Валад ин иттифоқ  афтода будааст,  ки  калимоте аз навъи «бечо», «дарё», «хурмо», «боло»… дигаргун  талаффуз  шаванд.

              Дар  девони ў  миқдори шеъри муламмаи форсй- юнонй ва миқдоре ҳам шеъри туркй вучуд  дорад. Ин таҳаввули фонологии  калимоти форсй шояд натичаи  ҳамнишинии  ин калимот  аст  бо калимоти юнонй  ва  туркии  роич дар Қуния.

               Дар девони Султон Валад  шеърҳои бисёре дорем, ки тамоми қавонини табиии забони форсй аз назари сохтори арўзй ва талаффузи  калима дар  онҳо риоят  шудааст  ва   дар  канори онҳо миқдори зиёде  ҳам шеър дорем, ки аз дастгоҳи савтии чадиде  хабар медиҳад.Посух ба  ин душвора чй хоҳад буд.Оё таслими мусиқии хонақоҳ шудан сабаби ин  амр  аст? Ё ҳамон, ки дар оғоз гуфтем?  Яъне таҳаввул дар низоми фонологии  форсии  Қуния дар муҳити забони юнонй ва туркй? Дар ҳамин  қарни охир  омезиши беш аз ҳадди  русй ва точикй ва таҳмили хати сириллик бар  ишон  низоми  овоии  он забонро  ба  куллй дигаргун  кардааст.

                Касе,ки он ҳама шеъри устувору хуб ва ҳамоҳанг бо тамоми зароифи мусиқии шеър ва масоили арўзи форсй гуфтааст, чй иттифоқе афтода, ки ин гуна шеърҳоро низ бисарояд.

                Оё мусиқии ҳоким бар хонақоҳ ва шеваи оҳангсозии қавволон ва мусаннифони Қунияи аср сабаби ин кор аст, ё ҳамон тағйир дар низоми фонологии калимот ба  табъияти он аз  як забони дигар масалан  юнонй ё туркй?

               Оё ин гуна шеърҳо маҳсули давраи хосе аз зиндагии Султон Валад  аст, ё дар арзи ҳамон шеърҳои баҳинчори ў суруда шудааст. Таҳқиқ дар ин бора метавонад натоичи бисёр муҳимеро аз дидгоҳи таърихи забони форсй, масоили оҳангсозй дар дохили хонақоҳи мавлавия ва ё мавзўи омезиши забони форсй бо юнонй ва туркй дар Қунияи он рўзгор дар бар дошта бошад.

                Ғарази ман аз навиштани ин ёддошт фақат тарҳи масъала буд. Ёфтани посухи илмиро аз устодони арўзшинос ва касоне, ки бо фунулужии забони юнонй ва туркй дар Қунияи асри Султон Валад ошноии комил доранд, бояд интизор дошт.

               Дар забони Султон Валад миқдоре аз вижагиҳои забони хонавода, ки аз машриқи Ирони бузург ва ноҳияи Вахон — дар марзи Афғонистон ва Точикистони кунунй, омада буданд ва дар миёни худ форсиро бо чунин лаҳчаҳое ба кор мебурданд, ки ҳанўз боқй будаст ва шеваҳои он бисёр аст, аз љумла:

1)    Ҳайй-ҳастй.

 

                             Як чон бидиҳиву сад ситонй,

                             Бисмиллаҳ агар ҳайй харидор.

 

2)шиштан-нишастан

                             

                              Ишқ шаву ишқ гузин оқилу ҳушёр машин,

                              Рав чу шаҳон дар раҳи дин бе дилу чон, бе сару по.

            

                Забони мовароуннаҳрй, ё хуросонии девони Султон Валад  ба танҳой қобили баррасй аст. Ва мо дар ин ёддошт қасди вуруд ба онро надорем. Ҳадафи ин мақола тарҳи вижагиҳои арўзи шеъри ў буд. Ин вижагиҳо гоҳ  ба сурати  муфрад метавонад чузъи чавозоти шоирй ва ихтиёроти арўзии гўянда ба ҳисоб ояд, аммо бо басомаде кам аз ин гуна, ки дидем, пеш аз он чизе аз мақулаи ихтиёроти арўзй бошад,, кушудани роҳе аст дар ҳавзаи мусиқоии  шеъри форсй.

 

Пайнавишт:

1.Балхй, Баҳоуддин Муҳаммад (1338). Девони Судтон Валад.Бо муқаддимаи устод Саиди Нафисй, Теҳрон. Китобфурўшии Рўдакй.

2.Хонум Анна Мария Шиммел китоби худро бо илҳом аз байти поёнии ҳамин  ғазал номгузорй  кардааст:

Annemarie Schimmel. (1992). I  am  wind, you are Fire; the Life and work of Rumi,Boston.

 

Манобеъ :  Балхй, Баҳоуддин Муҳаммад (1338). Девони Судтон Валад.Бо муқаддимаи устод Саиди Нафисй, Теҳрон. Китобфурўшии Рўдакй.

Март 4, 2011 - Posted by | Аквом, Афгонистон, Ирон, Ирфон, Мушкилот, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Шеъри форсизабонон, Mavlono, фарзанд

1 комментарий »

  1. Дуруд устод
    Аз хондани ин навиштаи гаронарзиш истифодаи комил бурдам.
    Дастатон дард накунад.

    комментарий от Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | Март 6, 2011 | Ответить


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: