«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

«ТОБУТИ САКИНА»


Тобути сакина

Яке аз печидатарин асрори тамаддуни башарӣ дар масири ҳазорсолаҳо ин «Тобути Сакина» ё «Сандуқи Аҳд» ба шумор меравад, ки аз он дар бузургтарин китобҳои рӯи олам, мисли «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» ёд шудааст. Мувофиқи фармуди ин абаркитобҳо сандуқи мазкур аз аҷоиботест, ки Офаридгор, ба хотири аҳди бастаашон ба қавми Исроил эҳдо намуда, ба ин васила ғалабаи ин қавмро бар душманонаш таъмин мекард.

Шакл ва андозаи ин мӯъҷизаро чунин тасвир намудаанд; Он аз чӯби дарахти ақоқиё сохта шуда, дарозиаш тақрибан 1,5 метр, бараш 75 сантиметр ва баландияш 25 сантиметр иборат мебошад. Рӯкаши он бо оби тилло андуда шуда, дар болои он шакли ду парандаи рӯ ба рӯи ҳам истода, бо қанотҳои бозашон болои сандуқро пӯшонидаанд. Аз чаҳор гӯша чаҳор дастаи зарандуд барои бардоштан ва бурдан насб гардидааст. Мегӯянд, ки андаруни он боз ду сандуқи дарун ба дарун вуҷуд дорад. Вале бар касе ошкор нест, ки дар даруни ин сандуқҳо чист. Зеро сандуқи зикршуда дар ниҳояти мустаҳкамкорӣ (герметика) сохта шуда буд. Баъзе бар онанд, ки андаруни сандуқ асои Мӯсо, лавҳ бо Исми Аъзам ва Моидаи Манн (як навъ хӯрока) мавҷуд аст.

           Ҳангоме ки қавми Исроил дар муҳориба бо душман ба мушкилие рӯ ба рӯ мешуд, аз даруни «Тобути Сакина» сайҳае (садои даҳшатнок) мебаромад ва лашкари душман аз ҳайбати ин садо дар як турфатулайн ба хок яксон мегардид. Ё ҳангоме ки ин қавм бе лавозими хӯрок мемонд, аз дохили ин сандуқ моҳазар (хӯрок) берун меомад ва қавми Исроил аз он истифода мекарданд.

Дар «Талмуд» гуфта шудааст, ҳар бор, ки бани Исроил «Тобути Сакина»-ро бар душ бо худ мебурданд, болои ин сандуқро ҳамеша абре соябонӣ мекард ва «Тобути Сакина» ҷоеро банд наменамуд, чунки дар вай андозаҳои замон ва макон кор намеомаданд. Агар соддатар бигӯем, ин сандуқ сурат дошт, вале ҷисм не ва мисли шабаҳ дар ҳаво муаллақ меистод. Мегӯянд, ки одамон «Тобути Сакина»-ро не, балки «Тобути Сакина» одамонро мебурд ва ба ин восита кори «барандагон»-ро осон мекард.

Дар оёт ва ҳадисҳои ислом оварда мешавад, ки «Тобути Сакина» аз аҳди Мӯсо ва Ҳорун то ба замонҳои Толут, Довуд ва Сулаймон, зиёдтар аз 400 сол барои Бани Исроил хидмат кард. Дар рӯи ин сандуқ сурати сари махлуқи гурбамонанде ҳаккокӣ шуда ва аз даруни он садои мудҳише мебаромад, ки лашкарҳоро нобуд ва шаҳрҳои бузургро вайрон месохт. Дар замони ҳукмронии Сулаймон яке аз навкарони беэҳтиёти ӯ остини гардолудашро дар сандуқ тоза кардан хост ва дар ҳамон сония сӯхта нобуд гардид. Баъде ки Бобулиён аз болои Исроилиён тасаллут ёфтанд, ҳамчун рамзи ғалаба «Тобути Сакина»-ро ҳамроҳ бурданд ва ҳангоме, ки онро ба пойтахташон дароварданд, 70 000 аз мардумони шаҳр дар як лаҳза нобуд гардиданд. Бобулиён маҷбур шуданд, ин тобутро бозгашта ба Исроилиён супоранд. Ва гуфта мешавад, ки баъд аз ин ҳодиса «Тобути Сакина» ғайб зад. Аниқтараш, дар яке аз ғорҳои Антокия пинҳон карда шуд. Ва чун Охирзамон фаро бирасад, Имом Маҳдӣ рӯ бизанад ва мӯътақидонро ба ин ғор роҳнамоӣ бикунад. Ва «Тобути Сакина» бо шарофати ӯ пайдо бишавад.

Инак зиёда аз ду ҳазор сол аст, ки мардуми рӯи олам сари ин ҳодиса сухан мегӯянд ва аз ин доира аҳли илм ва таҳқиқ барканор нахоҳанд буд. Муҳаққиқони илм ва тамаддуни  имрӯз ба ин муаммо аз паҳлӯи «Космогония» назар андохтаанд. Тибқи  фармудаи онҳо андаруни сандуқ, на ин, ки мағзи сари мумиёишудаи махлуқи бошуур, балки як модели матритсагардидаи шуури кайҳонӣ дар шакли «Косахонаи сари булӯрин» ҷой дода шудааст, ки ҳатман  сохта ва фиристодаи оламҳои ғайр ва пешрафтатар аз мо мебошад. Муҳаққиқони аврупоӣ Сессон ва Дейл дар такя бо фармудаҳои «Библия» мӯътақиданд, ки дар ин сандуқ ба ҷуз матритса, инчунин дастгоҳи худкори неруманди ядроӣ барои аз фишурдаи ҳаво ҳосил кардани хӯрок низ вуҷуд дорад. Маҳз ба сабаби фаъолияти ҳамин дасгоҳ Исроилиёни қадим барои дар ҳарбҳо аз гуруснагӣ намурдан хӯрок пайдо мекарданд. Ба қавли онҳо ин дастгоҳ ҳамарӯза барои 600 оилаи исроилӣ хӯрок таҳия менамуд. Ва ҳар рӯзи шанбе нафарони махсус рӯи ин дастгоҳ муоинаи техникӣ мегузарониданд.

Уфологи мисрӣ Унуқ- ал- Ҳай фикри ҷолиберо дар ин бора пешниҳод кардааст, ки «Замоне сандуқ аз баровардани хӯрок бозистод ва ин барои Бани Исроил баробари фоҷеа ба шумор мерафт. Онҳо ба Мӯсо(а), ки ягона ваҳйбиёранда ва миёнарав бо Офаридгор буд, муроҷиат намуданд ва Мӯсо ба мақсади кӯмак кардан ба қавми хеш, ба водии Айман, ба Тӯри Сино барои мулоқот бо Офаридгор рафт. Офаридгор ба ӯ тарзи корро омӯзонд ва Мусо баргашта сари сандуқ омад. Онро боз намуд ва як лӯлаи фулуззиро бурид, ки дар гарданаи он пасмондаҳои хӯрок дармонда буданд. Баъди ин дастгоҳ, бидуни монеа боз хӯрок истеҳсол мекардагӣ шуд».

Муомила бо «Тобути Сакина» эҳтиёти бисёреро талаб мекард. Аз ин боис ҳам нафарони махсуси таълимгирифта, мисли Мӯсо(а) ва бародараш Ҳорун танҳо метавонистанд кордор ба сандуқ бошанд. Бо қабатҳои зиёди матоъҳои зарандуд ва пашмина пӯшида гардидани он нишони зиёд будани нурафкании радиоактивӣ дар ин тобут аст. Мегӯянд, ки  марги асрорноки ду писари Ҳорун ва баъд худи ӯ, натиҷаи нигаристани онҳо ба даруни тобут мебошад

Ҳангоме, ки «Тобути Сакина» ба дасти бобулиён афтид, муқаррар онҳо тарзи муносибат бо онро намедонистанд. Барои ҳамин ҳам ҳар нафаре, ки аз дози радиатсия заҳролуд гашт, ба зуддӣ пӯсту гӯшташ рехт ва нобуд гардид. Дар охир бобулиён маҷбур шуданд. «амонат»-ро ба соҳибонаш баргардонанд.

«—Он гуна, ки маълум гардид, — менависад дар китоби худ Игор Волознев «Асрори қарни 20»- тамаддунҳои ғайр, фиристодагони оламҳои дур ҳанӯз ба Замин аз замонҳои қадим ташриф меовардаанд. Дар кӯҳи Тури Сино бо «Офаридгор» дучор омадани Мӯсоро, ба ҷуз аз ташрифи кайҳониён дигар чиз фаҳмидан намешояд. Кайҳониён ба Замин омада, қавми қафомонда ва парокандаеро дар мисоли Бани Исроил пайдо карданд, ки барои таҷриба гузаронидани онҳо мувофиқ меомад.  Сипас онҳо дар нахуст  бо кор бурдани «Тобути Сакина» аввал истифодаи хӯрокаи синтетикиро дар вуҷуди зинда имтиҳон намуданд ва ниҳоят яроқи марговари худро аз қабили яроқи ядроӣ ва акустикӣ низ.

Дар баробари ин ҳама кайҳониён таҷрибаҳои дигареро аз қабили генетика низ истифода бурда, таркиби хунии исроилиёни қадимро низ мавриди таҷриба қарор доданд, ки дар натиҷа яҳудиён ба яке аз қавмҳои тафаккуран пешқадам дар тӯли замонҳо ва ҳамчунин дар замони имрӯз табдил ёфтанд.»

«Тобути Сакина» имрӯз нопайдост ва бидуни ҳузури вай суханҳое, ки дар болову поён гуфта шуданд, муамморо боз печидатар мегардонаду халос. Хонандагони гиромӣ! Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

Февраль 17, 2014 - Posted by | Публисистика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: