«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

«Шаҳристонҳои Эрон»


              shhrstan___hay_ayran «Шаҳристонҳои Эрон» рисолаи кӯчакест ба забони паҳлавӣ ва форсии миёна ва танҳо наске (китобе) ҳаст ёдгор аз давраи сосониён ва ба забони паҳлавӣ, ки мавзӯи он мунҳасиран ҷугрофиёии шаҳрҳост ва аммо нависандааш то ҳанӯз ошкор нагардидааст.

Ба номи Додори неки афзунибахш!

БАХШИ ХОВАРЗАМИН (ХУРОСОН):

                 Шаҳристони Самарқандро Ковус писари Қубод бун афканд ва Сиёвахш писари Ковус онро ба фарҷом расонд. Кайхусрав писари Сиёвахш дар он ҷо зода шуд ва «Оташи Баҳром-Варҷованд»-ро дар он ҷо нишонид. Сипас Зардушт дин овард ва ба фармони Гуштоспшоҳ 1200 фаргардро ба диндабирӣ ба рӯи тахтаҳои заррин канд, навишт ва дар ганҷи он Оташ ниҳод. Сипас Искандари гаҷистак ( нокас) онҳоро сӯхт ва дар дарё афканд.

                 СУҒДро ҳафт ошиён аст, яке аз он Ҷам, яке аз он Даҳок (Заҳҳок),яке аз он Фаридун, яке аз он Манучеҳр, яке аз он Ковус, яке аз он Кайхусрав, яке аз он Луҳросп, яке аз он Гуштоспшоҳ.Сипас Афросиёби туронии гаҷистак дар ҳар як аз онҳо нишастангоҳе барои девон ва буткада ва бутхона сохт.

                 Дар Балхи Бомӣ шаҳристони Навозаро Исфандиёр писари Гуштосп сохт ва Оташи Баҳром Варҷовандро дар он ҷо нишонид ва найзаи хешро он ҷо зад ва ба Ябғу Хоқон, Санҷабу Хоқон, Чул Хоқон, Хони бузург ва Куҳрам ва Тазлу ва Арҷосп – шоҳи хиюнон паём фиристод, ки; «Найзаи манро бингаред. Ҳар кӣ ба париши ин найза бингарад, чи гуна (ҷуръат мекунад, ки) ба Эроншаҳр битозад».

              Шаҳристони Хоразмро Нарса писари ҷуҳуд сохт.(Манзур Нарса – бародари Баҳроми Гӯр аст, ки модараш яҳудӣ буд).

              Шаҳристони Марврудро Баҳром писари Яздигурд (Баҳроми Гӯр) сохт.

             Шаҳристони Пушангро Шопур писари Ардашер (Шопури аввали сосонӣ) сохт ва дар Пушанг пули бузурге сохт.

             Шаҳристони Марв ва шаҳристони Ҳари (Ҳирот)-ро Искандари Румии гаҷистак сохт.

               Шаҳристони Тусро Тус писари Нузар сохт, ки 900 сол сипоҳбад буд. Пас аз Тус сипоҳбадӣ ба Зарир ва аз Зарир ба Баствар ва аз Баствар ба Гуразм расид.

              Шаҳристони Нишопурро Шопур писари Ардашер (Шопури аввали сосонӣ) сохт, дар он замон, ки Паҳлезаки турониро кушт. Ва дар ҳамон ҷо фармуд шаҳристоне бисозанд.

              Шаҳристони Қоинро Кайлуҳросп падари Гуштосп сохт.

              Дар Гургон шаҳристонест, ки онро Даҳистон хонанд ва онро Нарсаи Ашконӣ сохт.

              Шаҳристони Кумиси Панҷро Ҳушанг сохт ва Даҳок онро шабистони худ кард. Мониш – иқоматгоҳи паҳлавиён он ҷо буд ва дар замони фармонравоии Яздигурд писари Шопур дар дарозои юриши нируҳои Чул посгоҳи он бахш буд.

              Панҷ шаҳристонро Хусрав писари Қубод (Хусрави Анӯшервон) сохт. Ва онҳоро «Хусрав Шод», «Хусрав Мустобод», «Васпшод Хусрав», «Ҳубуй Хусрав» ва «Шодфаррух Хусрав» ном ниҳод ва фармуд, ки боруе, ки 180 фарсанг дарозо 25 ораши шоҳӣ баландӣ ва 180 дарвоза дошт. Ва дар дохили онҳо кушк ва дастгард бисозанд.

БАХШИ БОХТАР;

                Дар сӯи Бохтар (мағриб) шаҳристони Тайсафунро Вурозаъ (Гурозаъ)-и Гевгон ба фармони Тус сохт.( Яъне Гурозаъ аз тухми Геви Гударзӣ ба фармони ҷаҳонпаҳлавон Туси Нузарӣ сохт).

              Шаҳристони Насибин (ба маънии «сутунҳо», ин шаҳр дар Байнанаҳрайн)-ро Вурозаъ (Гурозаъ)-и Гевгон сохт.

              Шаҳристони Аварҳоро Нарсаъи Ашконӣ сохт.

              Шаҳристони Бобулро – Бобул дар фармонравоии Ҷам сохт ва сайёраи Тир (Аторуд)-ро  дар он ҷо баст…

              Шаҳристони Ҳайраро (дар Байнанаҳрайн, канораи Наҷафи имрӯза) Шопур писари Ардашер сохт ва Меҳрзодро, ки марзбони Ҳайра буд, ба дарёчаи Порс гумошт. (Арабҳои Ҳайра дар давраи Сосонӣ ҳамвора пайрави давлати Сосонӣ ва чун садде байни сосониён бо аъроб буданд. -Тавзеҳи виростор).

               Шаҳристони Ҳамадон (Ҳигматона)-ро Яздигурд писари Шопур (Яздигурди аввал) сохт, ки ӯро «Яздигурди Хашан» мехонданд. (Шаҳри Ҳигматонаро қавмҳои ориёии Мод (садаи 4-и пеш аз милод) бино ниҳодаанд. «Ҳигматона» пойтахти шоҳаншоҳии Модҳо ва пойтахти тобистонии Эрон дар замони ҳахоманишиён ва ашкониён будааст ва ба маънии «ҷои ба ҳам омадагон», «ҷойи гирдомадагон» мебошад. Ин шаҳри куҳан нахустин пойтахти Эрон буда, ҳамроҳи Афина дар Юнон ва Рим дар Итолиё аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст. Юнониён Ҳигматонаро «Экбатон» мехонанд, ки юнонишудаи «Ҳигматона» аст). Геродот ин шаҳрро сохтаи Диёку дониста ва гуфтааст, ки «ҳафт девор дошта, ки ҳар кадом ба ранги яке аз ситораҳо будаанд»).

               Дар Мод ва ноҳияи Наҳованд ва Дарёчаи Баҳромванд Баҳром писари Яздигурд, ки ӯро «Баҳроми Гӯр» мехонданд, шаҳристоне сохт.

              Бисту як шаҳристоне, ки дар падишхоргари (силсилакӯҳҳои) Албурз сохта шудааст, ё Армоил сохтааст, ё ба фармони Армоил  (Армоил-дар қиссаҳо ошпази Заҳҳок аст, ки бо ёрии бародараш Кармоил ҳар рӯз шуморе аз мардумонро аз чанги Заҳҳок наҷот медод ва ба Дамованд мефиристод. Фаридун баъд аз пирӯзӣ бар Заҳҳок, Армоилро подшоҳӣ бахшид) кӯҳёрон. Кӯҳёрон ҳафт ҳастанд : васимгони Дамованд, Наҳованд, Бесутун, Динварон, Мисргон ва Балуҷон ва Маранҷон.

              Шаҳристони Мавсилро Пирӯз писари Шопур сохт.

              Нӯҳ шаҳристоне, ки дар Ҷазира (Байнанаҳрайн) сохта шудааст, Омтус бародарзодаи Қайсар сохт. (Манзур Антониус аст,  бародарзодаи император Аврелиус Верус, ки дар соли 164-166 милодӣ бо ашкониён дар ҷанг буд).

             Бисту як шаҳристоне, ки дар ҷойҳои гуногун : дар замини Шом ва Яман ва Африқия (Африка) ва Кӯфа ва Макка ва Мадина сохта шудааст, баъзеро шоҳаншоҳи Эрон ва баъзеро Қайсар сохтааст.

            БАХШИ НИМРӮЗ (ҶАНУБ):

            Шаҳристони Кобулро Ардашер писари Исфандиёр сохт.

            Шаҳристони Рахудро (назики Қандаҳори имрӯза) Руҳом писари Гударз сохт, дар он замон, ки Аспварзи Турониро кушт ва Яббу Ҳоқонро аз он ҷо гурезон кард.

             Шаҳристони Бустро Баствар писари Зарир сохт, дар он замон, ки Гуштоспшоҳ барои ниёиши дин дар фарздон буд ва хиргоҳи Гуштосп ва дигар шоҳзодагонро дар он ҷо бар пой дошт, мастур кард.

             Шаҳристони Фароҳ ва шаҳристони Зобулистонро Рустам, шоҳи Зобулистон, сохт.

             Шаҳристони Заранг (маркази Сиистони қадим)-ро нахуст Афросиёби Туронии гаҷистак сохт ва Оташи Варҷованди Каркуйро дар он ҷо нишонид ва Манучеҳрро ба падишхоргар (муҳосира) гирифт. Ва Испандормадро (Эзидбонуи Замин, ки он вақт ба шакли одамӣ бо либоси дурахшон ва камарбанди заррин ошкор шуда, мехост ба шоҳаншоҳи Эрон – Манучеҳр паёми об оварад) ба занӣ хост. Испандормад ба замин омехт. Афросиёб он шаҳристонро вайрон ва он Оташро хомӯш кард. Сипас Кайхусрав писари Сиёвахш он шаҳристонро боз сохт ва Оташи Каркуйро боз нишонид. Ва Ардашери Бобакон он шаҳристонро ба фарҷом расонид.

                Шаҳристони Кирмонро – Кирмоншоҳ писари Пирӯз сохт.

                Шаҳристони Истахрро Ардавон – шоҳи паҳлавиён (Ардавони 5, охирин шоҳи Ашкониён) сохт.

                Шаҳристони Доробгирдро Доро писари Дороб сохт.

                Шаҳристони Пешопур (Козурони Порс)-ро Шопур писари Ардашер сохт.

                Шаҳристони Гӯр — Ардашер –Хура (Фирӯзобод)-ро Ардашери Бобакон сохт.

                Шаҳристони Таваҷро Ҳурмузд писари Чеҳрозод сохт.

               Шаҳристони Ҳурмазд – Ардашерон ва шаҳристони Ромҳурмаздро Ҳурмузди Далер писари Шопур сохт.

                Шаҳристони Шуш ва Шуштарро Шишиндухт – зани Яздигурд писари Шопур сохт, ки духтари Раъсулҷолут-шоҳи ҷуҳудон ва модари Баҳроми Гӯр буд.

                Шаҳристони Ҷундишопур ва шаҳристони Эроншопурро Шопур писари Ардашер сохт.

                Шаҳристони Симрон (Ҳомоварон-Яман)-ро Фаридун писари Обтин сохт ва шоҳи Симронро кушт ва замини Симронро боз ба тасарруфи Эрониён даровард ва Дашти Тозиёнро ба мулкият ва аз барои сипосгузорӣ ба Бухт Хусравшоҳи Тозӣ дод, то пайвандаш идома ёбад.

                 Шаҳристони Оростро Шопур писари Ардашер сохт.

                Шаҳристони Асгар ва шаҳристони Ярдашерро Ардашер писари Исфандиёр сохт ва Ушагро , ки марзбони Ҳагар буд, гундгар ва бургар бар дарёчаи Порс бигуморид.

                 Шаҳристони Гайро Искандари гаҷистак писари Филлипус сохт. Иқоматгоҳи ҷуҳудон он ҷо буд, ки ононро Яздигурд писари Шопур ба хоҳиши зани хеш- Шишиндухт ба он ҷо овард.

                  Шаҳристони «Эрон Осон Кард Қубод»-ро Қубод писари Пирӯз сохт.

                   Шаҳристони Ашгарро Баҳром писари Яздигурд (Баҳроми Гӯр) сохт.

                   БАХШИ ОПОХТАР (ШИМОЛ):

                   Шаҳристони Озарободгон (Озарбойҷон)-ро Эронгуш-

насп, ки сипоҳбади Озарободгон буд, сохт.

                    Шаҳристони Ванро Ван духтари Гулахш, сохт, ки ба зании Кайқубод даромад.

                  Шаҳристони Ганҷаро Афросиёби Туронӣ сохт.

Фарҷом ёфт бо дуруд ва шодӣ ва ромиш.

Январь 30, 2015 - Posted by | Публисистика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: