Точикон ва Точикистон аз дидгоҳи ҳамзабонон
Точикҳо бошандагони бумии сарзаминҳои Хуросони бузург1 ва Фарорўди бостонй ҳастанд. «Точикҳо аз замонҳои қадим, ки ба беш аз шаш ҳазор сол мерасад, дар ин сарзамин зиндагй мекунанд»2. Онҳо ориёй ҳастанд ва дорои тамаддуну фарҳанги чандин ҳазорсола мебошанд.Владимир Бартолд-ховаршиноси шинохташудаи рус менависад, ки «Мутолиоти мо дар боби таърихи Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мардуми бумии он чо ориёї будаанд»3. Ва «точикҳо намояндаи яке аз қадимитарин тамаддунҳои Осиёи Миёна ҳастанд ва қабл аз зуҳури туркон дар ин ноҳия зиндагй мекарданд»4. Вожаи «точик» вожаест бисёр куҳан, ки дар қарнҳои пеш аз ҳамлаи аъроб ба Хуросон дар забони форсии паҳлави вучуд доштааст.
Точикҳо ба рағми ин, ки густураи марзу буми онҳо дар шоҳроҳи тардиди халқҳо ва табодули тамаддунҳо ва ҳамчунин дар гиреҳгоҳи омезиш ва руёрўии фарҳангҳо қарор доштааст, тавонистанд ҳуввияти фарҳангй ва забониашонро посдорй кунанд. Онҳо дар ҳавзаи илм ва адабиёт, фарҳанг ва ҳунар хадамоти арзишманд кардаанд ва дар арсаи сиёсату девонсолорй нақши муҳиме бозй намудаанд. Читать далее
Маросими ифтитоҳи як корхона дар Мастчоҳ
28 апрели соли 2011 (8 урдибиҳишти 1390) раиси Кумитаи имдоди имом Хумайнии Чумҳури Исломии Ирон -чаноби оғои Саидчавод Разавй дар ҳамроҳй бо намояндаи ройзании фарҳангии ЧИИ Ризо Шаҳмуродй, раиси дафтари иқтисодии ЧИИ Бобочони Икромзод, намояндаи Кумитаи имдоди Хумайнй дар вилояти Суғд –Фирдавс Ашўрматов ва хабарнигори радиои «Хуросон»-и ЧИИ-Абдувосит Салимзода дар маросими ифтитоҳи як коргоҳи хурди дўзандагии дорои 40 чой дар ду баст барои духтарони маҳаллй вориди деҳоти Мастчоҳ гардиданд. Меҳмононро чавонписарону духтарони Литсейи №1, мактабҳои таҳсилоти умумии №№2,4,10 ва 24 бо нону намак пешвоз гирифтанд.Сипас намояндаи садорати хочагиҳои ба номи Амиров ба оғои Саидчавод Разавй барои ин кўмаки башардўстона ҳамчун рамзи ҳамдиливу ҳамзабонй чома пўшониданд.
Бояд зикр кард, ки ин гуна мададрасониҳои кумитаи имдод барои мардуми Мастчоҳ ягона нест. Ин кумита ҳамчунон ният дорад барои таъмини оби нўшиданй барои минтақаи навободи деҳаи Табушн низ маблағгузорй бикунад.
Вижагиҳои арўзии девони Султон Валад
устоди донишгоҳи Теҳрон
Ҳадафи ин мақола тарҳи як масъала дар арўзи шеъри Султон Валад–писари бузурги Чалолуддин Муҳаммад Мавлавй аст. Дар шеъри вай як вижагии арўзй ба чашм мехўрад, ки ба куллй бо тамоми девонҳои шеъри форсии классикй мутафовит аст. Ин тафовут чандон чашмгир аст, ки наметавон онро аз чинси хатоии котиб, ё ҳуруфчин, ё ношир ба ҳисоб овард. Нависанда пеш аз нишон додани ин вижагй ду омили эҳтимолиро сабаби ин тафовут медонад: як эҳтимоли тафовут дар низоми овоии калимоти форсй дар асари ҳамчаворй бо забонҳои юнонй ва туркй дар Қуния ва дигаре таъсири мусиқии ҳоким бар хонақоҳ ва шеваи қавволону мусаннифони он рўзгор.
Ёдаш ба хайр, доктор Меҳрдод Баҳор-фарзанди барўманди устод Маликушшуарои Баҳор, ки мегуфт: «Одам ҳар чй бошад, бошад, фарзанди падари нобиға набошад! Зеро ба ҳар ҳадде аз камол бирасад, боз хоҳанд гуфт, ки фарзанди фалон касаст». Ҳамчунон ки дар ҳаққи худи Меҳрдод ҳамеша гуфта мешавад, ки фарзанди Баҳор аст. Бо ин ки Меҳрдод Баҳор худ яке аз барчастатарин чеҳраҳои фарҳанги Ирон дар нимаи дуввуми қарни бистум аст ва дар ҳавзаи масоили муртабит бо фарҳанги Ирони бостон ва мутолеот дар қаламрави забони паҳлавй ва масоили ҳавзаи асотири иронй яке аз барчастатарин пойгоҳро дорост. Читать далее
Фарҳанги вожаҳои роёнай فرهنگ واژه های رایانه ئ
Истифодаи технологияи компютерй ва фанноварии иттилоот дар Точикистон чун дигар мамлакатҳои дунё рў ба густариш ниҳода, баробари он корбурди вожаҳои нави ихтисосии соҳаи мазкур низ ривоч меёбад. Ҳар давлат барои пешрафти чомеаи худ кўшиш мекунад, ки забони технологияи навро ба забони давлати худ наздик гардонад ва барои истифодаи осон аз онҳо барои мардум замина фароҳам оварад. Аз тарафи олимони точик дар соҳаи роёна ва фанноварии иттилоотй корҳое монанди ворид кардани ҳуруфи точикй ба сохтори компютер, бозии грамматикии «Худро санч!», луғатҳои точикй, русй, англиси, олмонй ва ғайра, баргардонандаи ҳуруфи кирилии точикй ба форсй анчом дода шудааст. Аммо дар бораи истифодаи истилоҳоти точикй дар соҳаи компютер ва фанноварй ҳарфе нест. Ҳол он ки дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Чумҳурии Эрон гурўҳи вожагузинии ихтисосҳо амал мекунад, ки тайи солҳои 1997-2006 ин ҳайат комёб ба он шудааст, ки «Фарҳанги вожаҳои мусавваб»-ро дар ҳудуди зиёда аз даҳ ҳазор калима мураттаб намуда ба дўстдорони каломи форсй эҳдо намояд. Читать далее
Ман ва Эрон من و ایران
Маро ҳамеша одат чунин буда, қабл аз он ки ба чое биравам, тарҳи он маконро дар суратхонаи хотир нақш мебандам. Ва чун дар он макон мешавам, дармеёбам, ки то кадом дарача ин чой ба пиндори ман наздик аст. Ман ва Эрон ҳамеша дар ёдҳои мозй бо ҳам будем. Аммо ин дафъа дар ҳақиқат муяссар гардид, ки ба ин олами афсона сафар бинамоям.
Ҳамсафарони ман Чўра Юсуфй-шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Точикистон, муовини муҳаррири ҳафтаномаи «Вароруд», Озарахш – шоири машҳур, ходими чаридаи «Адабиёт ва санъат», Чонибек Асрориён – муҳаррири радиои «Садои Душанбе», Мирсалим Ашўров — сарояндаи маҳбуби мардумй ва Сурайё Ҳасанова – номзади илмҳои суханшиносй, ходими рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» — ҳамагй шаш нафар будем, ки аз чониби Кумитаи Имдоди Хумайнй барои сафар ба Чумҳурии Исломии Эрон раводид гирифтем. Тибқи барномаи пештар тарҳрезишуда сафари мо аз 29 ноябр то 7 декабри 2010 ба нақша гирифта шуда буд. Субҳи 30 ноябр дар коргоҳи Кумитаи имдоди Хумайнии Эрон, воқеъ дар Душанбешаҳр – оғои Разавй ба мо чиптаҳои ҳавопаймоиро супурда, хайру манзур намуд. Дар ин сафар бо мо оғои Хуррамй – чавоне, ки Аз Эрон омада чавонони точикро саноеи сангтарошй меомўхт, ҳамроҳ шуд. Ў аслан аз сокинони Нишопури Эрон буда, ваъда дод, ки чун ба Нишопур равем, ҳатман моро суроғ мекунад. Дар парвозгоҳи Душанбе ба тайёраи боҳашамати «Боинг» нишастем. Тайёра сўи Эрон роҳ гирифт. Читать далее
I am Aryan! Ман Ориёиям!
I am a thread of beam from the spring of light,
In the divine miracles I am a bit of bright.
I am a piece of kindness from Ahuro’s fire,
I am a free existence from wrong and right,
I am Aryan!
I am Aryan!
Until I see a wide of Aryan
And till the Middle Asia is my nature,
Until I’m a Tajik, the future world is mine
And what is your opinion about my creature?
I am Aryan!
I am Aryan! Читать далее
Имлоро дигаргун бояд кард
Чаро ба расмулхати ниёгон нагузаштем?
Ба туфайли бозтобии офтоби истиклолият хамаи пахлухои хаёти ичтимоии мардуми точик ба худ ранги милли гирифт. Тарзи гуфтор, рафтор ва пиндор: хама точикона шуд. Танхо имлои нав аз ин доира берун монд. Ахли зиёиёни миллат нигарони бар он доштанд, ки акнун ба расмулхати ниёгон-алифбои арабиасос мегузарем. Зеро, ки таъри- хи хазорсолаи мо махз бо хамин хат навишта шудааст. Сониян , мо бо хамзабонони худ Эрон ва Афгонистон иртиботи хаккони пайдо мекар- дем. Маро вокеае пеши назар омад. Накби «Истиклол» ба истифода до- да мешуду дар баромадгохи он бо ду хат: араби ва кирилли айни як муддао хаккоки ёфта буд. Хол он, ки хар ду чониб, хам точикон ва хам эрониён сохиби забони ягона буданд ва мешуд, ки танхо бо як хат матлаби худро арз кунанд. Читать далее