«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Фарҳанги мухтасари истилоҳоти тиббӣ


Мед.знакТибби муосири тоҷик, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар такя ба меъёр ва хостаҳои фарҳанги русӣ ташаккул ёфта буд, имрӯз эҳтиёҷ ба навсозии шакл ва мундариҷа дорад. Хосса дар боби истилоҳот, ки талаботи Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ва ҳамчунин  Кумитаи истилоҳот низ мебошад. Ҳадаф аз мураттаб гардонидани чунин як «Фарҳанги мухтасар» ҷуз ин набуда, ки истифодабарандагони он ба  тадриҷ истилоҳоти русиро ба тоҷикӣ иваз намоянд ва аз инглисии он бархурдор бошанд. «Фарҳангнома»-и мазкур дар асоси «Фарҳанги вожаҳои мусаввиб»-и Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (Теҳрон 1387/2009) такмил гардида, мураттиб ба ҷуз аз баргордонӣ аз хати форсӣ, вожаҳоро ба тартиби алифбои ҷории тоҷикӣ ҷойгузин намуда, инчунин  истилоҳоти русиро бар он афзудааст.

 

Адасак/contactlens/контактная линза/-Адасии шишаӣ ё пластикӣ, ки барои беҳбуди дид рӯи қарнияи чашм гузоранд.

Асабпизишк/neurologist/невролог/- Мутахассис дар илми асабшиносӣ.

Баногӯшак(ғургӯшак),/mumps/свинка/-навъе уфунати вирусӣ, ки дар натиҷаи илтиҳоби ғадуд  дар баногӯш пайдо мешавад.

Беидрорӣ/anuresis/неспособность мочиться/- наомадани пешоб ё вуҷуди инсидод дар нуқтаҳое аз мезроҳ, ки мунҷар ба адами дафъи пешоб шавад.

Бесару дастии модарзод/abrachiocephalia/-ноқисулхилқаи бидуни бозуҳо ва сар.

Бешдамӣ/hyperpnea/гиперпнея/- нафаси амиқтар ё сареътар аз нафаси оддӣ ба ҳангоми истироҳат.

Бешравиш/hyperplasia/гиперплазия/-афзоиши теъдоди ёхтаҳои баҳин- ҷор дар бофт ё узв.

Беҳёр/nurse-aid/медпомощник/- узве аз гурӯҳпизишкӣ, ки зери назари парастор дар умури муроқибат ва дармони беморон ширкат дошта бошад.

Биноисанҷ/optometer/оптометр/-абзоре барои таъини қудрати шикасти нур дар чашм.

Гандадамӣ/halitosis/дурной запах изо рта/-Бадбӯии нафас аз даҳон.

Гулмижжа/hordeolum/- Илтиҳоби ғадудҳои чарбӣ дар қоидаи мижжа ба иллати  уфунати бактериявӣ.

Дароздамӣ/apneusis/ патологическое дыхание с удлиненным вдохом и укороченным выдохом/ — Нафаскашии тӯлонӣ, ба наҳве ки дар паи он нафасбарорӣ кӯтоҳ хоҳад буд.

Дарунбин/endoscope/эндоскоп/- Абзоре барои муоинаи маҷроҳо ва ҳифраҳои бадан.

Дарунзаҳроба/endotoxin/эндотоксин/- Саме, ки дар бактерия вуҷуд дорад ва танҳо пас аз таҷзия ё мурдан ё муталошӣ шудани ёхтаи бактериявӣ озод мешавад.

Заҳра/gallbladder/желчный пузырь/- Халтаи гулобиранг ба дарозои 8-10 сантиметр, ки дар зери қитъаи рости меъда ҷойгир шуда ва маҳалли захираи зардоб аст.

Зиёнкоҳӣ/harmreduction/ Снижение вреда/- Фаъолиятҳое бо ҳадафи коҳиши аворизи хатарноки эътиёд монанди СПИД.

Зуком/coryza/насморк/- Илтиҳоби назлаҳои бинӣ, ки ғолибан бо обрезиш ва гирифтагиии бинӣ ҳамроҳ аст.

Каҷгарданӣ/torticollis/кривошея/- Тамоили муқовиматнопазири сар ба як сӯ, ба тавре ки саранҷом сар дар як тараф бимонад.

Колбадшикофӣ/dissection/рассечение/-Буриш додан ва ҷудо кардани бофтаҳои бадан барои мутолеъа.

Кӯрак/furunculus/фурункул/- Омоси хурди дардноки ҳовии чирк дар пӯст.

Қалбнигора/electrocardiogram/электрокардиограмма,ЭКГ/- Намудори сабтшудаи тағйироти қалами электрикӣ дар навори коғазӣ ношӣ аз ҳаракати номуназзами дил.

Масмумият/intoxication/интоксикация/-Нишонаҳои вуруди ҳар моддаи самӣ (заҳрнок), монанди алкул ё филиззоти сангин ба бадан.

Нармустухонӣ/rickets/рахит/- Навъе беморӣ, ки ба иллати камбуди витамин эҷод ва боиси нарм мондани устухонҳо бишавад.

Нафх/flatulence/ скопление газов/ — Вуҷуди мақодири зиёди ҳаво ё газ дар меъда ё рӯдаи борик, ки мунҷар ба иттисоъи ин аъзо мешавад.

Низорӣ/cachexia/кахексия/- Камбуди ноҳинҷори вазн ва таҳлили рафтагӣ ва заъфи умумӣ, ки дар бемориҳои музмин ё ихтилолоти отифӣ рух диҳад.

Нишонгон/syndrome/синдром/- Омезаҳое аз аломат ва нишонаҳое, ки ҳокӣ аз ихтилоле хос бошад.

Нимакӯрӣ/hemianopsia/гемианопсия/-Нобиноии фақат як чашм.

Носозбинӣ/ametropia/аметропия/- Нобаҳинҷории шикасти нур дар чашм, ки мунҷар ба торик шудани тасвир ба рӯи шабакия мешавад.

Ноҳамгардӣ/heterophoria/скрытая отклонение/- Навъе беморӣ, ки дар он як чашм ҳангоми пӯшида шуданаш нисбат ба чашми дигар дучори инҳироф мешавад ва ба маҳзи боз шудан ба ҳолати аввалӣ бармегардад.

Ноҳамгунии тасвирӣ/aniseikonia/ анизейкония/- Навъе нуқсони биноӣ, ки дар он андоза ва шакли тасвир дар шабакияи ҳар як аз ду чашм ба ҳам мутафовит аст.

Обдона/vesikula/везикула/-обилаи кӯчак дар пӯст.

Обикурӣ/tritanope/тританопия/-ихтилоли нодире дар ташхиси ранг, ки дар он шахси мубтало ба нури обӣ ҳассос нест ва обиву сабзро бо ҳам иштибоҳ мекунад.

Обҷанбӣ/hydrothorax/гидрото́ракс/- ҷамъшавии нобаҳинҷори моеъи сарузӣ дар ҳифраи ҷанб.

Омоси зардоброҳ/cholangitis/холангит/-илтиҳоби зардоброҳҳо, ки бар асари инсидоди онҳо ё пас аз амали ҷарроҳӣ рух медиҳад.

Осебшинос/pathologist/патологист/-пизишки мутахассиси осебшиносӣ.

Пажвокнигории қалб/echocardioqram/эхокардиограмма/ — тасвири ҳосил аз пажвокнигории қалб.

Партавбинӣ/radioskopi/радиоскопия/-баррасии тасвири дастгоҳи партавӣ рӯи парда ё сафҳаи ҳассос.

Пастасвири мусбат/positiveafterimage/позитивная плёнка/- пастасвире

ки дар он навоҳии равшан ва торик ҳаммонанди тасвири аслианд.

Пастасвири манфӣ/negativeafterimage/негативная плёнка/- пастасвире

ки дар он қисматҳои равшан ва торик нисбат ба тасвири аслӣ маъкус ва мукаммали якдигаранд.

Паҳлӯдард/pleurodynia/ плевродиния – Дарди гоҳгири шадиди омоси пардаи ҷанб.

Пешгирӣ/prophylaxis/профилактика/-Бакоргирии равишҳое барои ҷилавгирӣ аз беморӣ.

Пешоброҳ/uretyra/мочеиспускательний канал/-Лӯлае, ки пешобро аз масона ба хориҷ ҳамл мекунад.

Печхӯрдагӣ/volvulus/Заворот кишок- Гиреҳ хӯрдан ё печ хӯрдани бахше аз маҷрои гувориш, ки маъмулан мунҷар ба инсидоди нисбӣ ё комили он мешавад.

Пизишкболинӣ/clinician/клиник/- фарди варзида ё пизишке, ки ба муроқибату дармони беморон мепардозад.

Пирошомадӯзӣ/pericardiorrhaphy/перикардорафия/- Тармим ва дӯхтани захмҳои мавҷуд дар ғашои дарбаргирандаи қалб.

Пирчашмӣ/presbyopia/ Пресбиопия- Дурбинӣ ва ихтилоли дид бар асари боло рафтани синн.

Подтан/antibody/антитело/-навъе протеин, ки дар бофти лимфавӣ дар посух ба ҳузури подген/антиген/ тавлид мешавад  ва дар плазма ба гардиш меояд, то ба подген ҳамлавар шавад ва онро безарар намояд.

Подкуниш/antagonist/антагонист- доруе, ки асари мухолифат бо доруи дигар дошта бошад.

Пӯшина/capsule/капсула/- 1.Ғашо, ё пӯшиш, ё сохтори дигаре, ки бофт ё андомеро дар бар мегирад. 2.Пӯшиши луобмонанде маъмулан аз ҷинси палисогорид, ки лояи муҳофиз ба даври бархе бактерияҳо месозад.

Пӯкустухон/osteoporotic/»пористые кости»- Сифате барои устухон ё шахсе, ки дучори бемории пӯкии устухон шуда бошад.

Рагкушоӣ/angioplasty/ангиопластика/- Шевае дармонӣ барои рафъи тангии рагҳои хунгузар.

Рангинбинӣ/chromotopsia/хромотопсия/-Навъе нуқсони биноӣ, ки дар он ашёи рангин ба ранги дигар ва ашёи беранг  рангин ба назар мерасанд. Раъша/tremor/дрожание/-Ҳаракати ғайрииродии мутановиб ва муназ-

заме, ки мумкин аст дар ҳар бахш аз бадан эҷод шавад.

Ростпайгирӣ/orthotonos/- Собит мондан ва сахт шудани сару бадану андомҳо дар як хати рост.

Рӯдасанг/enterolith/минерал желудо-кишечного тракта/- Санге, ки дар рӯдаи борик пайдо мешавад.

Санги пешобдон, мезроҳсанг/urolith/ мочевой конкремент/-Санге, ки дар ҳар қисмат аз мезроҳ ё дастгоҳи идрорӣ ташкил шавад.

Саргиҷӣ/vertigo/ головокружение/ — Ҳолате, ки дар он фарди мубтало эҳсос кунад, ки худ ё муҳити атрофи ӯ дар ҳаракат аст.

Сарпарастор/head-nurse/старший медбрат или старшая медсестра/-Парастори масъули идораи бахш дар бемористон ё дармонгоҳ.

Саръ/epilepsy/эпилепсия/-Бемории ношӣ аз ихтилоли коркарди мағз, ки мушаххасаи он ҳамлаҳои ъудкунанда бо оғози ногаҳонист.

Сехонагии қалб/cortriloculare/ — Ихтилоле нодир ва модарзодӣ, ки ба воситаи он қалб ба ҷои чаҳор хона, се хона дошта бошад.

Сиёҳнуқта/scotoma/ скотома/- Ноҳияе аз майдони дид, ки муҳаррике хос дар он ҷо қобили мушоҳида нест.

Синапаҳлӯ/pneumonia/пневмония/-Илтиҳоби реҳҳо ҳамроҳ бо тарокум.

Сипардис, ғадуди сипаршакл/thyroid/ щитовидная железа/-Ғадуди дарунрези воқеъ дар даруни гардан.

Сипардисбардорӣ, бартарафсозии ғадуди сипаршакл/ thyroidectomy/ тиреоидэктомия/- Бартараф кардани ғадуди сипаршакл бо ҷарроҳӣ.

Созгорӣ/adaptation/адаптация/-Татбиқи баҳинҷори чашм бо шиддатҳои мухолифи нур.

Созгорисанҷ/adaptometer/адаптометр/- Абзоре барои андозагирии замони лозим барои созгории шабакия.

Сурхраги қоидаӣ/basilarartery/ основной артерии/-Сурхраге дар қоидаи мағз.

Сурхкӯр/protanope/протанопия/- Фарди мубтало ба сурхкӯрӣ.

Шомаомос/meningitis/менингит/-Илтиҳоб ва таварруми пардаҳои мағзи сар.

Тунддамӣ/tachypnea/учащённое дыхание/- Нафас кашидани сареҳтар аз маъмул.

Устухонпизишк/orthopedist/ортопедист/- марбут ба устухонпизишкӣ.

Фурӯхобидагӣ/collapse/ коллапс/- Фурӯ афтодан, ё рӯи ҳам хобидани девораҳои раги вария.

Хилт/sputum/слизистая мокрота/- Рутубати омехта ба балғам, ки бо сурфа аз роҳи нафас хориҷ мешавад.

Хобраг/carotidartery/ сонная артерия/-Ҳар яке аз ду сурхраги умдаи гардан, ки хунро ба сар мерасонад ва дар сурати ворид омадани фишор бар он ҳолати гиҷӣ ва хоболудагӣ дар шахс пайдо мегардад.

Хобовар/hypnotic/снотворное/- Доруе, ки боиси хоб шавад.

Хобгардӣ/somnambulism/снохождение, лунатизм/- Бархостан ва роҳ рафтани бемори хоболуд. Моҳпарвин.

Худозорӣ/masochism/мазохизм/- Оризаи майли ҷинсӣ ва лаззат бурдан аз таҳмили дарду ранҷ,ё фикр кардан дар бораи он.

Худдигарбинӣ/depersonalization/аномалия самосознания/- Ҳолате, ки бемор дар он худро ғайривоқеӣ мебинад.

Хунпизишкӣ/Хуншиносӣ/hematocrit/гематокрит/ — Дар садҳаҷмии эритротсидҳо.

Хунёрӣ/perfusion/перфузия/- Ворид кардан ё расонидани моеъ ба дохили бофт, маъмулан бо тазъиқ ба дохили рагҳои хунгузар.

Ҳамагир/epidemic/эпидемия/- Вижагии он даста аз бемориҳо, ки ба таври ногаҳонӣ дар миёни мардумони як ноҳияи хос  шоеъ шавад.

Чашмпорагӣ/ophthalmorrhexis/разрыв глазного яблока/- Шикофта шудани кураи чашм, маъмулан, ба иллати ворид омадани зарбаи шадид бар чашм.

Апрель 10, 2014 - Posted by | Фарханг ва адабиёт

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: