«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Табиати тасвир ва ҷисмҳо дар олами чаҳорбуъдӣ


   

4d kosmos Мо – зодагони миллати тоҷик дар масири ҳазорсолаи сеюм, дар радифи ҳамаи бошандагони соҳибхиради башарӣ аз пешрафт ва навгониҳои илми имрӯз ба ваҷд меоем ва ситоиш мекунем хиради инсонро, ки барои созандагӣ остини ҳиммат барзадааст. Чандест, ки олимони табиатшинос дар сари масъалаи андозагирии олам майна об мекарданд ва ниҳоят ба бардоште расиданд, ки тамоми оламе, ки моро фаро гирифтааст иборат аз андозагирии 3-ченака (3-буъдӣ,3D М.Н.) мебошад. Дар асоси ҳамин фармуда тасвирҳои себуъдӣ (3D) дар наворҳои видео, телевизион ва синамо пайдо шуданд, ки тасвирҳоро ҳақиқӣ, барҷаста ва ҷаззоб намуданд. Ҷаҳони виртуалӣ ранги дигар гирифт. Ҳамакнун дар ин боб боз ҳам қадаме фаротар гузошта шуд ва илми муосир ба хулосае омад, ки олам метавонад чаҳорбуъдӣ (4D) ва ҳатто фаротар аз он буда бошад. Барои фаҳмиши дурусти олами чаҳорбуъдӣ сараввал бояд донем, ки тасвирҳои геометрии 1D, 2D, 3D, ва 4D чи гунаанд:

 Тасвири ҳеҷбуъдӣ (ё сифрбуъдӣ) 0D:

.

Ин нуқтаи оғозин аст.

Тасвири 1- буъдӣ ё 1D;

A                                          B

Ин хатест аз нуқтаи А то нуқтаи В

Тасвири 2-буъдӣ ё 2D;

Ин ду координатест дар фарозу нишеб ва созандаи мураббаъ, секунҷа, росткунҷа ва ғайра (дар сатҳ ё ҳамворӣ). Масалан тасвирҳои рӯи варақ, санг, намоишгоҳҳо, навори видео, намоишҳои телевизион ва синамоҳои маъмул ҳама 2 – буъдианд.

 Тасвири 3-буъдӣ ё 3D;

 Ин куб аст, ё кура, ё силиндр, ё конус, ё пирамида ва ғайра (дар ҳоли ғунҷоиш ва барҷастагӣ).

Построение_тессеракта (1)

           Олами моддие, ки мо дар он зиндагӣ мекунем; замин, кӯҳҳо дарёҳо, биноҳо ва ҳатто инсоният, ҳама дар асоси андозагирии 3- буъдӣ офарида шудаанд. Маҳз дар ҳамин асос имрӯз тасвирҳои 3-буъдӣ дар телевизион ва синамо,  голограммаҳо, дастгоҳҳои видеоофарии 3D пайдо шуда истодаанд. Аммо пеш аз он, ки олами чаҳорбуъдиро тасаввур кунем, лозим аст, ки ба тасвирҳои чаҳорбуъдӣ ошно бошем;

 Тасвири чаҳорбуъдӣ (4D):

 Ин тасвирро маъмулан  «Куб дар тасвири 4-андозагӣ», «Диаграммаи Шлегел», «Тессеракт» ё «Гиперкуб» мегӯянд. Табиист, ки тасвири чаҳорбуъдӣ дар заминаи нақшаи 3-буъдӣ сурат мегирад. Моҳияти тасвири чаҳорбуъдӣ «ҷисме андаруни ҷисми дигар», «оламе андаруни олами дигар» ва ҳатто «одаме андаруни одами дигар» буда хусусияташ «ҳаракати ҷисм дар масири вақт» маънидод мешавад. Аз ин боис ҳам имрӯз андеша дар сари он аст, ки олами бузурге (макрокайҳон), ки моро фаро гирифтааст, ҳатман асоси чаҳорбуъдӣ дорад.

 Schlegel_wireframe_8-cell

      Олами ҳодисоти чаҳорбуъдӣ чизе бофта ва хаёлӣ набуда, балки ҳақиқатан вуҷуд дорад. Аз ин муҳокима ашё ва аҷсоми олами моддӣ, мисли инсон, ҳайвон ва дигар берунанд, зеро ҷисмҳо, аз ҷумла ҷисми инсон, ҳамеша 3 – андозагӣ буданд ва ҳамин тавр боқӣ хоҳанд монд. Лекин ин ҷо гап дар сари он аст, ки  олами фарогири мо фақат иборат аз ашё ва ҷисм нест, балки маҷмӯи ҳодисотест, ки дар масири вақт бо ин ашё ва ҷисмҳо рух медиҳад. Тасаввур кунед, ки одами 3-буъдӣ дар иҳотаи олами чаҳорбуъдӣ афтод. Пас ба ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?  Ба наздикӣ аз тариқи интернет шеъреро дар ин бора хондам, ки хеле хушам омад ва ҳоло он шеърро дар зер мегузорам:

В.Евсеев

 Одами чорбуъдӣ

 Одаме ҳастам ман акнун чорбуъдӣ,

Андарунам вақт гӯё гашта саргум.

Зиндагӣ дорам дар он ҷо, ки набошад,

Зеру рӯю пасту боло, сарҳаду бум.

Андар ин олам, ки қонуне надорад,

Ҳарчӣ мебинам бароям ношинос аст.

Шукр мегӯям, ки дар ин ҷо Худованд,

Бо ман асту ҷои сад шукру сипос аст.

Дар як он ҳам кӯдакам, ҳам марди солор,

Нозпарвардам гаҳеву гоҳ ботамкин.

Метавонам рафт рӯи оташу об,

Ҳарчӣ мехоҳам бикардан ҳаст мумкин.

Метавонам бигзарам аз ҷафви девор,

Ё биғунҷам дар миёни мағзи писта.

Ё таровам ҳамчу ашк аз чашми абре,

Ё бигардонам ба пас ҳар сарнабишта.

Аз бароям ҳеҷ ҷои ногузаштан нест,

Мушкилосон мекунад дар ман суъуде.

Гуфтаи донишпажуҳон нест ботил,

Одаме ҳастам ман акнун чорбуъдӣ.

       Ахиран андешаи пажӯҳишгарони муосир болои он қарор дорад, ки кайҳони 3 –буъдие, ки Офтоб ва Замини мо ҳамроҳи Галактикаи «Роҳи Каҳкашон» дар он қарор дорад, беинтиҳо ва ягона набуда, балки андаруни кайҳони бузургтаре бо андозагирии 4D ҷой гирифтааст.

 Ҳамакнун, биёед тасаввур кунем, ки олами 5 – буъдӣ чи гуна хоҳад буд. Олами 5-буъдӣ (5D) маҷмӯи ҳодисоти ба вуҷудоянда дар ашё ва аҷсом бидуни иштироки масса, фазо ва вақт мебошад. Агар бисёр содда карда бигӯем – оламҳои мутавозӣ (Parallelnye world.Параллелные миры). Дар ин олам мафҳумҳои вақт, фосила ва вазн гум мешаванд ва ҳама гуна ҳодиса дар як они воҳид, яъне дар як мижжа задан ба амал меояд.

 Тасвири нақшаи 5- буъдӣ :

     Ин тасвир «Пентеракт» ном дорад, ки ҳамтои куб аст дар андозагирии 5-буъдӣ ва дорои 32 қулла, 80 банд, 80 қирра, 40 куб ва 10 тессеракт аст.

Penteract

Агар ин тасвирро ба сурати дидашаванда баргардонем олами 5-буъдӣ  дар назари инсони оддӣ ба ҷуз бозии ранг ва хаёл чизи дигаре нахоҳад намуд.

Олами 5-андозаи

Январь 3, 2015 - Posted by | Кайҳон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: