«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Сиёҳчолаҳо ва сафедчолаҳо дар кайҳон


Чёрная дыраДар гӯшаҳои дуру наздики кайҳон ҳодисаҳое ба вуқӯъ меоянд, ки барои заминиён муаммо боқӣ хоҳанд монд. Яке аз ин ҳаводиси мармуз вуҷуди Сиёҳчолаҳо ва Сафедчолаҳо бо табиати мураккабашон дар беинтиҳоии кайҳон мебошад, ки алҳол барои кашфи рози ин муаммо  дар замони мо қадаме фаро гузошта  шудааст.

Дар ибтидои ин навишта мехоҳем, ки шарҳи вожаҳои мазкурро ба хонанда бирасонем. Ин вожаҳо ба русӣ «Чёрные дыры», «Белые дыры» ва ба англисӣ «Black hole», «White hole» унвон шудаанд. Метавонистем, ки ин вожаҳоро ба тоҷикӣ фаҳмотар намуда «Сиёҳсӯрохҳо» ва «Сафедсӯрохҳо» бинависем. Азбаскӣ вожаи «сӯрох» нисбат ба «чола» маънии тангтаре дорад, ҳамакнун дар сари интихоби «чола» қарор гирифтем.

Дерест, ки аз китобҳои анҷумшиносии тоҷик, баъди заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, тозатарин ахборро аз навгониҳои илми нуҷум пайдо кардан мушкил шудааст. Баъзан донишҷӯён аз мо мепурсанд, ки дар бораи «Сиёҳчолаҳо ва сафедчолаҳо» барояшон маълумот бидиҳем. Аз ҳамин сабаб ҳам дар  ин саҳифаҳо кӯшиш ба харҷ рафтааст, то иттилоъе зарурӣ барои ҳаводорони навгониҳои нуҷум дастрас гардад.

Сиёҳчола – минтақаест аз манотиқи фазо ва вақт, ки якҷоя бо майдони бузурги гравитатсионӣ, дар натиҷаи хомӯш шудани рӯшноии ситора, ё тарокумҳои ситоравӣ ва сард шудани онҳо арзи вуҷуд мекунад. Дараҷаи нирӯи кашандагии Сиёҳчола то ба ҳаддест, ки ҳеҷ ягон ҷирми дар атрофи он буда аз ӯ раҳо шуда наметавонад ва ба коми ӯ фурӯ меравад. Ҳатто квантҳои худи рушноӣ низ. Ҳар гуна ҷисме, мисли сайёра, ситора, ё киштии кайҳоние, ки агар ба суръати нур ҳаракат кунад ҳам, ногузир ба доми ӯ хоҳад афтод. Агар фарз бикунем, ки киштии кайҳоние дар асорати Сиёҳчола афтод, пас ба ӯ ҳодисае хоҳад рух дод, ки дар он мафҳумҳои вақт ва фазо гум мешаванд. Яъне ҳама гуна ашё дар он ба нестии мутлақ табдил хоҳад шуд. Киштии кайҳонӣ танҳо дар он замон аз ҷозибаи Сиёҳчола халос шуда метавонад, ки гузораш аз канораҳои Сиёҳчола бошад ва ба суръати зиёдтар аз суръати нур парвоз карда тавонад.  Канораҳои Сиёҳчола Уфуқи ҳодисаҳо ва андозаи хоси он ба радиуси гравитатсионии он вобаста мебошад.

Дар замони имрӯз 4 пешниҳоди пайдо шудани Сиёҳчолаҳо дар миён гузошта шудааст; 1.Коллапси гравитатсиони(фишурдашавӣ)-и ситораи бузург. 2. Фишурдашавии қисмати марказии Галактика. 3. Пайдоиши фаврии Сиёҳчолаҳо баъд аз Инфиҷори Кабир. 4.Пайдоиши Сиёҳчолаҳо дар натиҷаи реаксияи ядроии энергияҳои баланд.

Наздиктарин Сияҳчола, ки тавассути дурбини «Ҳаббл» ошкор шудааст, бо рақами шартии GRS 1915+105 ишора гардида, дар масофаи 35 ҳазор соли рушноӣ аз Замин ҷой гирифтааст ва  дар як сония 950 маротиба гирди худ давр мезанад.

Намунаҳои заминии Сиёҳчолаҳоро муҳаққиқон дар гирдобҳои уқёнуси Атлантик дучор кардаанд, ки айнан хосиятҳои Сиёҳчолаҳои кайҳониро доранд. Яъне онҳо низ ҳама гуна ашёро, мисли киштиҳои обии хурду бузург ва тайёраҳоро аз осмон ба қаъри худ фурӯ мебаранд  ва моҳияти ҳастиву вақту фазо дар онҳо нест мешавад. Бештари назариётчиён ҳодисаҳои «Секунҷаи Бермуд»-ро ба Сиёҳчолаҳои заминӣ рабт медиҳанд. Гирдбодҳои шадиди вайронкор дар сатҳи хушкиҳои Замин низ шабоҳат ба Сиёҳчолаҳо доранд, мисли он ки дар онҳо ҳодисаҳои электромагнитӣ ба вуқӯъ омада, ҳангоми гирдгардии шадид биноҳои азимро хароб мекунанд ва ашёҳои вазнинро ба ҳаво мебардоранд.

Муддатҳост, ки башарият ба умқи олами зарраҳои хурду бузург роҳ ёфта ва табиати ихтилофангези онҳоро барои худ кашф намудааст. Он чунон, ки ҳангоме электрон кашф шуд, муқобилзарраи ӯ-позитрон низ кашф гардид. Ҳамин тавр «протон-антипротон, модда-антимодда» ва ниҳоят маълум гардид, ки дар муқобили Сиёҳчолаҳо – Сафедчолаҳо низ дар олами зарраҳои бузург, яъне дар кайҳон вуҷуд доранд.

Сафедчолаҳо- ҳастии физикие ҳастанд дар кайҳон, ки муваққатан рӯёрӯи Сиёҳчолаҳо қарор гирифтаанд. Баръакси хосияти Сиёҳчолаҳо онҳо чизеро барои наздик шудан ба худ роҳ намедиҳанд ва ҳатто ашёи наздикшударо аз худ дур мепартоянд.

Нуқтаи назаре ҳаст, ки пайдоиши Сафедчолаҳоро  аз Уфуқи ҳодисаҳо гузаштани ашёи Сиёҳчолаҳо ба сарҳадди вақти дигар маънидод намудаанд. Бештари таҳқиқгарон, бинобар хосиятҳои наздик доштанаш ба Инфиҷори Кабир, пайдоиши Сафедчоларо ба Инфиҷори Кӯчак монанд кардаанд.

Астрофизикҳои исроилӣ Алон Реттер ва Шалом Хеллер ҳангоми муоинаи осмони ситоразор бо телескоп дар гӯшаи кайҳон соли 2006 гамма-даргириеро ошкор намуданд ва муайян карданд, ки ин Инфиҷори Кӯчак ва пайдо шудани Сафедчолае таҳти рақами рамзии GRB-060614 мебошад. Ин ҳодиса дар маҷмӯъситораҳои Ҳинду рух дод, ки он дар масофаи 1,6 миллион соли рӯшноӣ дур аз Замин воқеъ гардидааст.

Ин гуна гамма-даргириҳо дар бемунтаҳоии кайҳон зуд-зуд ба чашми муҳаққиқон бармехӯрад, ки бештари онҳо дар ҳудуди вақти ночизи 2 то 2,5 сония ба амал меояд. Ва ин шаҳодат бар он медиҳад, ки ситорае ё тарокуме мурда ва дар натиҷаи он Сиёҳчолае пайдо шудааст. Аммо он даргирие, ки мо дар боло зикр кардем, дар муддати зиёда аз 120 сония тӯл кашид ва ин чунин маънӣ дошт, ки он ҷо, баръакс, дар натиҷаи Инфиҷори Кӯчак – ситораи наве пайдо гардид, ки онро  Сафедчола мегӯянд.

Инсоният дар ҳама давру замон нисбат ба ҳаводиси атрофи  худ ҳассос буд ва шояд аввалин кайҳоннаврде, ки ба сӯи дуриҳои кайҳон меъроҷ кард, ин фикри инсон бошад. Дар абаркитоби бузурги мусулмонони олам- Қуръони бемислу монанд сурае ҳаст бо номи «Шамс» ва ояти аввалини он чунин мебошад; «Изашшамсу куввират!». Яъне «Офтоб дар худ печида мешавад!». Имрӯз маълум аст, ки умри ҳамаи мавҷудот, аз ҷумла Замин ва Офтоби мо ҳам абадӣ нест ва рӯзе ин сарчашмаи рӯшноӣ ва гармӣ – Офтоб низ ҳарорат ва нерӯи худро сарф карда ба ниҳоят мерасад ва сипас дар гирди худ печида, аввал ба Сиёҳчола ва баъд ба Сафедчола мубаддал мегардад. Аммо ин ҳама баъди чандин миллион сол ба вуқӯъ хоҳад омад. Ончунон, ки шоири шаҳири замони мо — Лоиқи бузург  дар «Марсияи Хуршед» фармуда;

 Зи баъди чанд миллён сол мемирӣ, ту эй Хуршед,

Ҷавоби ин қадар дарвозаҳои субҳро бикшоданат аз оламу одам,

Мукофоте намегирӣ, ту эй Хуршед!

Февраль 17, 2014 - Posted by | Кайҳон

1 комментарий »

  1. Салом устод Маликнеъмат, мехостам чанд акидаамро оиди ин матн гуям: Ба чои Инфичори кабир Таркиши бузург маъмултар ва ба хонанда наздиктар аст (чун ин навиштахоятон барои омма аст), баъдан Вартахои сиёх гуфтан мумкин аст, чун «Black hole» аслан сурох ва ё чох нест, шартан онро «дыра» тарчума кардаанд. Баъдан дар гирдобхои замини вокеияти вактиву фазои гум намешавад. Мавчудияти сафедчолахо бошад хануз исботи худро наёфтааст, танхо назариявианд. Боки саломат бошед. Ризо Бахромзод.

    комментарий от rbdtnu | Декабрь 4, 2014 | Ответить


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: