«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

«Шаҳристонҳои Эрон»

              shhrstan___hay_ayran «Шаҳристонҳои Эрон» рисолаи кӯчакест ба забони паҳлавӣ ва форсии миёна ва танҳо наске (китобе) ҳаст ёдгор аз давраи сосониён ва ба забони паҳлавӣ, ки мавзӯи он мунҳасиран ҷугрофиёии шаҳрҳост ва аммо нависандааш то ҳанӯз ошкор нагардидааст.

Ба номи Додори неки афзунибахш!

БАХШИ ХОВАРЗАМИН (ХУРОСОН):

                 Шаҳристони Самарқандро Ковус писари Қубод бун афканд ва Сиёвахш писари Ковус онро ба фарҷом расонд. Кайхусрав писари Сиёвахш дар он ҷо зода шуд ва «Оташи Баҳром-Варҷованд»-ро дар он ҷо нишонид. Сипас Зардушт дин овард ва ба фармони Гуштоспшоҳ 1200 фаргардро ба диндабирӣ ба рӯи тахтаҳои заррин канд, навишт ва дар ганҷи он Оташ ниҳод. Сипас Искандари гаҷистак ( нокас) онҳоро сӯхт ва дар дарё афканд. Читать далее

30 января, 2015 Posted by | Публисистика | Оставьте комментарий

Табиати тасвир ва ҷисмҳо дар олами чаҳорбуъдӣ

   

4d kosmos Мо – зодагони миллати тоҷик дар масири ҳазорсолаи сеюм, дар радифи ҳамаи бошандагони соҳибхиради башарӣ аз пешрафт ва навгониҳои илми имрӯз ба ваҷд меоем ва ситоиш мекунем хиради инсонро, ки барои созандагӣ остини ҳиммат барзадааст. Чандест, ки олимони табиатшинос дар сари масъалаи андозагирии олам майна об мекарданд ва ниҳоят ба бардоште расиданд, ки тамоми оламе, ки моро фаро гирифтааст иборат аз андозагирии 3-ченака (3-буъдӣ,3D М.Н.) мебошад. Дар асоси ҳамин фармуда тасвирҳои себуъдӣ (3D) дар наворҳои видео, телевизион ва синамо пайдо шуданд, ки тасвирҳоро ҳақиқӣ, барҷаста ва ҷаззоб намуданд. Ҷаҳони виртуалӣ ранги дигар гирифт. Ҳамакнун дар ин боб боз ҳам қадаме фаротар гузошта шуд ва илми муосир ба хулосае омад, ки олам метавонад чаҳорбуъдӣ (4D) ва ҳатто фаротар аз он буда бошад. Барои фаҳмиши дурусти олами чаҳорбуъдӣ сараввал бояд донем, ки тасвирҳои геометрии 1D, 2D, 3D, ва 4D чи гунаанд:

Читать далее

3 января, 2015 Posted by | Кайҳон | Оставьте комментарий

Ривоёти хурд

Ғӯли худовехта

 

        Ғӯлеро диданд, ки дар дарахти азиме худро овехта ва дар қоғазпорае пешаш навишта; «Аз ҷабри одамизод безор шудам!»

 

 Чумчаи паррон

 

       Чумча аз дасти баччае, ки хӯрок мехӯрд, парид. Бачча гуфт: _Туро чӣ ҷин зад? Чумча гуфт: — Ман аз табақ чӣ камӣ дорам?

 

 Қиёмат

    Модар тифлашро танг дар оғӯш гирифту ба берун давид ва ба осмон чашм дӯхт. Дар осмони шабона чароғи ситорагон паси ҳам хомӯш мегардид.

Читать далее

8 декабря, 2014 Posted by | Фарханг ва адабиёт | Оставьте комментарий

Фарҳанги мухтасари истилоҳоти тиббӣ

Мед.знакТибби муосири тоҷик, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар такя ба меъёр ва хостаҳои фарҳанги русӣ ташаккул ёфта буд, имрӯз эҳтиёҷ ба навсозии шакл ва мундариҷа дорад. Хосса дар боби истилоҳот, ки талаботи Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ва ҳамчунин  Кумитаи истилоҳот низ мебошад. Ҳадаф аз мураттаб гардонидани чунин як «Фарҳанги мухтасар» ҷуз ин набуда, ки истифодабарандагони он ба  тадриҷ истилоҳоти русиро ба тоҷикӣ иваз намоянд ва аз инглисии он бархурдор бошанд. «Фарҳангнома»-и мазкур дар асоси «Фарҳанги вожаҳои мусаввиб»-и Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (Теҳрон 1387/2009) такмил гардида, мураттиб ба ҷуз аз баргордонӣ аз хати форсӣ, вожаҳоро ба тартиби алифбои ҷории тоҷикӣ ҷойгузин намуда, инчунин  истилоҳоти русиро бар он афзудааст. Читать далее

10 апреля, 2014 Posted by | Фарханг ва адабиёт | Оставьте комментарий

«ТОБУТИ САКИНА»

Тобути сакина

Яке аз печидатарин асрори тамаддуни башарӣ дар масири ҳазорсолаҳо ин «Тобути Сакина» ё «Сандуқи Аҳд» ба шумор меравад, ки аз он дар бузургтарин китобҳои рӯи олам, мисли «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» ёд шудааст. Мувофиқи фармуди ин абаркитобҳо сандуқи мазкур аз аҷоиботест, ки Офаридгор, ба хотири аҳди бастаашон ба қавми Исроил эҳдо намуда, ба ин васила ғалабаи ин қавмро бар душманонаш таъмин мекард. Читать далее

17 февраля, 2014 Posted by | Публисистика | Оставьте комментарий

Сиёҳчолаҳо ва сафедчолаҳо дар кайҳон

Чёрная дыраДар гӯшаҳои дуру наздики кайҳон ҳодисаҳое ба вуқӯъ меоянд, ки барои заминиён муаммо боқӣ хоҳанд монд. Яке аз ин ҳаводиси мармуз вуҷуди Сиёҳчолаҳо ва Сафедчолаҳо бо табиати мураккабашон дар беинтиҳоии кайҳон мебошад, ки алҳол барои кашфи рози ин муаммо  дар замони мо қадаме фаро гузошта  шудааст. Читать далее

17 февраля, 2014 Posted by | Кайҳон | 1 комментарий

Муқаннаъ ва Моҳе, ки ӯ сохта буд

Мохи Муканнаъ Муқаннаъ (Ҳошим фарзанди Ҳаким)-ро аксар ҳамчун сарвари шӯриши «Сафедҷомагон» бар муқобили хилофати Аббосиён дар аҳди халифа Ал-Маҳдӣ (солҳои 775-785) мешиносанд. Аммо кам андар кам касон аз шахсияти асрорангези ӯ огоҳӣ доранд.

1.Дар бораи таърихи валодати ин фарзанди бузурги тамаддуни башарӣ дар ҷое маълумоте дарҷ нашудааст(!). Ё ин ки ин маълумот бо сабабҳое дастраси имрӯзиён нагардидааст. Читать далее

17 февраля, 2014 Posted by | Чехрахои мондагор | Оставьте комментарий

Чун шудӣ бар бомҳои осмон…

          (Бахшида ба ёдрӯзи марҳум, устод Абдуманнони Насриддин»)

            Абдуманнон НасриддиновУстод Абдуманон Насриддинов дар муддати фаъолияти илмиву адабии зиёда аз сисолаашон дар радифи нобиғагони илму адаби тоҷику форси ниммаи охири асри 20 ва ибтидои қарни 21, монанди Аҳмад Гулчини Маонӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шафеъии Кадканӣ, Мирзо Аҳмадзода, Орифи Навшоҳӣ, Муҳаммад Осимӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Аълохон Афсаҳзод, Амон Нуров, Темур Мақсудов, Саъдулло Асадуллоев, Алиасғари Шеърдӯст ва Гарморудӣ қарор гирифтаанд. Заҳматҳои ин марди ҳунар ва  ин фарди нотакрор асосан сари ҷанбаҳои луғатшиносӣ, шарҳнависӣ, нақди адабӣ, таърихи адабиёт, матншиносӣ ва Қуръонпажуҳӣ равише густарда касб намудааст.

      Ҳамчунон, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар сомонаи худ аз  устод ёд кардааст, дар зимн чанд нуктаеро аз хидматҳои он кас намуна оварда, менигорад: « Аз ҷаноби оғои Нариддинуф 20 унвон китоб, беш аз чаҳорсад унвон мақолоти илмӣ дар Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Узбакистон интишор гардидаанд».

Читать далее

1 декабря, 2013 Posted by | Назм, Фарханг ва адабиёт | Оставьте комментарий

Дар ЧАРОгоҳи «чуну чаро»

(Консепсияи  табиатшиносии муосир)

Системаи ОфтобМасъалаи пайдоиши Оламу Одам аз дидгоҳи илми муосир бозтобӣ ва шарҳҳои дигареро дар пай дорад, ки дар такя ба ин суолот : 1.Кайҳон чист? 2.Вай чӣ тавр сохта шудааст? 3. Он чӣ гуна инкишоф меёбад? бояд тафсир гардад. Табиист, ки дар ин пай муаммоҳое чун; а) Маънии «ҳаёт» чист? б) Он чӣ гуна ба вуҷуд омадааст? Аз чӣ чиз бунёд ёфтааст? низ шарҳ меёбанд.

Оиди ин масъала дар илми муосир чаҳор назария аз ҳама бештар мавриди қабул қарор гирифтаанд, ки ба ин тартиб дар зер оварда мешаванд:

1.Пайдо шудани зиндагӣ аз олами ғайризинда.

2.Назарияи Биогенез. Яъне аз ҷисми зинда пайдо шудани зиндагӣ.

3.Омадани «ҳаёт» ба Замин аз Кайҳон.

4.Принсипи антропии инкишофи Кайҳон.

  Читать далее

14 октября, 2013 Posted by | Илм ва фанновари | Оставьте комментарий

Қароқурт — «Беваи сиёҳпӯш»


комбинацияӮ хазида-хазида аз сӯрохии лонааш берун омад ва рӯйи шикастапораи ойинае, ки  дер гоҳ назди лонааш аз куҷое пайдо шуда буд, қарор гирифт. Пасу пеш гашта, пироҳани сиёҳи ба тозагӣ ба бар кардаашро муоина намуд. Пироҳани сиёҳ ба танаш хеле шинам ва мувофиқ уфтода, бару душашро барҷаста нишон медод. Вай аз миёни ҳамаи рангҳо ҳамин ранги сиёҳро ҳамеша меписандид. Бинобарин ҳам барои ҷашни шастсолагии мавлудаш, ки  инак-инак бояд баргузор шавад, низ ҳамин рангро мунтахаб кард. Қароқурт аз ғояти изтироб ва шавқи ботин мамнунона гирди хеш мегардид, арғушт мерафт ва коҳқоҳзанон механдид, ки ногаҳ аз миёни ду пойи қафояш силоҳи асосии ӯ-неш барқосо ҷаҳида баромад.

               Ин ҳодиса айёми балоғати ӯро ба хотир овард. Он замон ҳам ҳамин гуна дар ҳаяҷон афтода буд, вале азбаски ҳанӯз тифл буд, намедонист, ки «неш» чист. Вақте ки баромадани онро бори нахуст аз вуҷуди хеш эҳсос кард, то ба ҳадде бим дошт, ки гирякунон пеши модар арз бурд. Модараш бошад, «Муборак, духтарам! Акнун зани ҳақиқӣ шудӣ» — гӯён ӯро мужда дод.

Читать далее

2 сентября, 2013 Posted by | фантастика | Оставьте комментарий

Парии Муғ

(Ҳикояи фантастикӣ)

  Парии Муг Исфандиёр дида ба осмони шомгоҳӣ дӯхт. Ситораҳо дар марзи уфуқ аввал мисли нуқтаҳои ночиз, баъд зиёдтару пурҷилотар пайдо шуда, ҳамчун хирвори зарр медурахшиданд. Аз дурҳои дур  шамоли башиддат наздикшаванда, мисли ҷорӯб лаккаҳои абри дар канораҳои уфуқ парокандаро рӯфта меовард. Аз дидани ин манзараҳои ҳуснангез дили Исфандиёрро эҳсоси мағшуше фаро мегирифт.

Исфандиёр аз ҳама бештар аз як чиз метарсид; аз торикӣ. Инро дар илми равоншиносӣ «Geofobik» мегӯянд, ки маънояш «Тарс аз ҳодисаҳои табиӣ» мебошад. Инак, ҳоло ҳам торикӣ фаро расида истодааст ва ӯ дар чӯли беодам яккаву танҳост. Падараш навбати посбонии бошишгоҳи саҳроиро ба ӯ вогузор намуда, аз пайи коре ба маркази вилоят рафт. Ваъда дод, ки то пагоҳ расида меояд. Хайрият, ки каллаашро кор фармуда, дастгоҳи видеонамоишро ҳамроҳ оварда буд, вагарна чӣ хел гузаштани ин шабро намедонист.

Ӯ вориди кулба гардида, видеоро ба ҷараёни барқ пайваст ва наворқуттиро ба «даҳон»-и дастгоҳи видео андохт ва худро ба рӯи кати фарсудаю нимвайрона партофта,болишти кӯҳнаеро зери каш гирифта, мунтазири он шуд, ки видео чӣ намоиш медиҳад. Дастгоҳ шириқ-шириқ садо бароварду оинааш равшан гардид. Читать далее

13 августа, 2013 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Гунбади мину

(Ҳикояи фантастикӣ)                       Манам шаҳриву олам рустоӣ

                                                                                                                        (Соиб)

 кайхонДирӯз аз ҳамсабақи қадимиям-Давлатҷон даъватнома гирифтам, ки маро ба ҷашни 50 – солагии зодрӯзаш даъват менамуд. Ҳанӯз ҳам дудила будам, ки ба ин ҷашн равам, ё наравам. Зеро хонаводаи Давлатҷон дар як деҳи дурдаст  қарор дошт ва рафтуомад ба он ҷо барои чун мани шаҳрӣ кори осон набуд. Гузашта аз ин ман аз айёми тифлӣ дар муҳите тарбия ёфта будам, ки нисбат ба деҳотиён натанҳо эҳсоси беэътиноӣ мекарданд, балки онҳоро баъзан ба тарзи таҳқиромез  «қашқар» — гӯён истеҳзо менамуданд. Ман ба ҳурмати падари марҳумам, ки омӯзгори Донишкада буд, ба Донишкада қабул карда шудам. Аммо ҳамин Давлатҷон, ки ҳамдиёриёнаш ӯро «Бобои Давлат» мегуфтанд, бо холҳои аз ҳама баланд дохил гардида, буданаш дар курс маро нороҳат мекард. Баъзе шаҳриҳои ҳамсояам  маро тамасхур карда мегуфтанд, ки наход як «қашқар» аз қишлоқ омада, аз фарзанди муаллими Иститут ҳам баҳои баландтар гирад? Бинобарин ман тамоми воситаро истифода мебурдам, то қадру манзалати ин деҳотӣ паст зада шавад. Читать далее

9 июля, 2013 Posted by | фантастика | Оставьте комментарий

Абри плазмавӣ

     (Ҳикояи фантастикӣ)

Абри плазмавиАсабҳои Дориюш тамоман хароб шуданд, вакте аз Интернет хонд, ки ҳамдиёронашро дар каламрави мамлакатҳои ҳамсоя боздошт ва таҳкир намудаанд. «Охир хуб мешавад, ба тоҷикҳо, ки чун чинниҳо калларо кор намефармоянд. Барои кути лоямут хонаву дарро тарк намуда, дар муҳоҷират хору зор шуда, ба корҳои сиёҳ машғуланд» — меандешид бо ғазаб Дориюш.

Дориюшро аз он алам меомад, ки ҳанӯз марҳум падараш тарҳи накшаи дар Моҳ таҳия кардани атмосфераро ба шӯрои уламо пешниҳод карда буд.  Аммо ба кавли масали халкии «Оби дари хона хира» натанҳо ба кори падараш диккат надоданд, балки «тоҷикро чӣ мондааст ба илму фанноварӣ» -гӯён масхара карда,   пас  гардониданд. Боз кӣ гӯед? Ҳаммиллатони худамон. Аммо, баъдтар, ин идеяро бо пули гарон ба ғарбиён бифурӯхтанд. Дориюшро аз хаёл мегузашт, ки ҳамеша чунин ҳолат пешорӯи нобиғаҳои миллат карор дошт, вагарна назарияи гелиосентрикии оламро на Николай Коперник, балки Абӯрайҳон Берунии тоҷик дар асараш «Китобуттафҳим» баён карда буд. Глобусро нахустин маротиба Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва таквими нахустин дар аҳди Ҷамшед рӯи кор омадаанд. Читать далее

2 июля, 2013 Posted by | фантастика | Оставьте комментарий

Устои дуредгар-нависандаи публисист?

Китоби ИдибойКитоби нави нависандаи публисист-Идибойи Мирзобарот таҳти унвони «Нури имон», зери таҳрири Ҷӯра Юсуфӣ, тариrи нашриёти «Меъроҷ»и шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ва теъдоди муътадил интишор ёфт. Дар зимн бояд гуфт, ки муаллифи номбурда rабл аз ин ҳам ду китоби дигари худро бо номҳои «Роҳати ҷон» ва «Роҳати дил» аз ҳисоби дастранҷи худ мунташир сохта буд. Хуш ба ҳоли касоне, ки тангии рӯзгорро баҳона накарда, барои пешбурди фарҳанг ва адабиёти миллӣ  хиште бар мабнои Кохи ҷовидонаи хирад мегузоранд.

Идибойи Мирзобарот дар назари аввал як инсони оддӣ ва устои дуредгар аст. Аммо аз сабаби рағбати беандоза доштанаш ба сухангустарӣ, ки аз ҷавҳари зотии  ӯ маншаъ мегирад, ӯро то ба ҳадди олами нависандагӣ кашида овардааст, ки акнун ӯ бо тешаи андеша паҳлӯҳои суханро лайс, бо арраи дарк зиёдатиҳои суханро rатъ ва бад ин васила Rасри суханро иморат мекунад.

Читать далее

29 июня, 2013 Posted by | Публисистика | Оставьте комментарий

Гиря мекунад…

(Дар сӯги Гито Тоҷбахш, шоираи эронӣ, ки чанде пеш оламро падруд гуфт ва бо ёди Наҷма Зораъ, ки умре кӯтоҳ дид).

Борон ба рӯи бистари ман гиря мекунад,

Ёдат нишаста дар сари ман, гиря мекунад.Гито Точбахш

 Ҳамдард гашта бо мани танҳо бубин, ки шамъ,

Биншаста дар баробари ман гиря мекунад.

 Танҳо на чашм ҳасрати рӯи ту мехурад,

Имшаб тамоми пайкари ман гиря мекунад.

Начма Зораъ

 Аз ғуссаҳои хурда шудам дилсиёҳу сард,

Абрам, ки пой то сари ман гиря мекунад.

Борон, ки ҳеҷ гиряи худ бас намекунад,

Бесобиқа баробари ман гиря мекунад.

 Аз ашк дар замини варақ шӯра медамад,

Ҳар сатр рӯи дафтари ман гиря мекунад.

15 июня, 2013 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Таронаҳо ба лаҳни мардумӣ

DSC03399Рақси  «Остин»

 Остината  ҷунбонда  буро,  о – йо – я,

Ошиқата  сӯзонда  буро, о – йо – я.

 

Ман  ошиқи  чашмони  сиёҳат  мешам* – о,

Савдозадаи  рӯи  чу  моҳат  мешам – о.

 

Остината  ҷунбонда  буро,  о – йо – я,

Ошиқата  сӯзонда  буро, о – йо – я.

  Читать далее

7 июня, 2013 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Мовароуннаҳр дар «Ҳудуд-ул-олам»

Ораши камонгирСарзамини ниёкони мо, ки дар тӯли қарнҳо диққати муаррихони ҷаҳонро чун миқнотис сӯи худ мекашид, бо номҳои гуногун дар сарчашмаҳо ёд мешавад. Азбаски он дар варои рӯди Омуя қарор дошт, порсиён «Вароруд»-аш мегуфтанд. Муаррихони араб онро «Мовароуннаҳр» ва румиён «Трансоксиана» ном мебурданд. Баъдан бо номҳои « Осиёи Вусто» ва «Осиёи Миёна» низ дар маохиз ёдоварӣ шудааст. Ҳар чӣ ҳам бошад, Мовароуннаҳр ва Хуросон чун ҷону дил дар бадани тамаддуни тоҷикӣ, ҳанӯз дар аҳди Сомониён яке аз қадимтарин императории олам шинохта мешуд. Суханвари мумтози тоҷик Қувват Давлат беҳуда нагуфта буд, ки ;

 

Миёни шаҳрагу хун аст дар ман Мовароуннаҳр,

Ба дил дар ҷои хосон ман Хуросонро биғунҷонам.

 

Ба хотири гузаштаи тамаддунсози ниёкон, ба хотири ваҳдати ҳаммиллатон ва ниҳоят барои оянди миллати тоҷик ин навиштаҳоро аз фаромушхонаи таърих баргирифта, бори дигар ба хонандагони закитабъ пешкаш мекунем, то бошад аз ҳуввият ва миллияти худ огоҳӣ ёбанд ва худшиносӣ бикунанд.

                                                                                       Читать далее

4 мая, 2013 Posted by | Фарханг ва адабиёт | Оставьте комментарий

«Аҷоиб-уд-дунё»

bookДар чаҳоряки аввали асри ХІІІ аз тарафи муаллифи номаълум бо забони форсӣ асаре бо номи «Аҷоиб-уд-дунё» таълиф гардид, ки аз ҷиҳати мундариҷа асари ҷуғрофии Абулмуайяди Балхиро ба хотир меовард. Аммо ин асар  аз ҷиҳати ҳаҷм ва баъзе нукот,  мисли аҷоиботи баҳру бар, ҷуғрофиёи шаҳрҳо, дар бораи олами ҷамод ва набот маълумоти нисбатан фарохтареро дар худ фароҳам овардааст. Мақсади асосии муаллиф, ончунон, ки дар пешгуфтори китоб овардааст, ҳамоно додани донишҳои ҷуғрофиёӣ ба мардум будааст.

Мо, гулчини ҳикояҳоро аз ин китоби қадимӣ ва машҳур пешкаши хонандагони гиромӣ намуда, итминон дорем, ки донистани он барояшон бесуд нахоҳад буд.

 

Абулмуайяди Балхӣ мегӯяд, ки маро ҳанӯз аз овони тифлӣ фикре дар сар зада буд, ки саёҳати рӯи олам намоям ва ҳарчӣ аз аҷоибот бубинам, ё аз касе шунавам, онро бинависам. Ниҳоят ин орзӯи ман, битавфиқуллоҳ, амалӣ шуд ва ман китобе навиштам, бо унвони «Аҷоиб-уд-дунё» ва ба подшоҳи замон ва амири Хуросон Абулқосим Нӯҳ бинни Мансур ба расми эҳдо бахшидам.

Читать далее

25 апреля, 2013 Posted by | Фарханг ва адабиёт | Оставьте комментарий

Номҳои суғдӣ дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ

ДеваштичСоли 1932 аз деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ тавассути чӯпони таҳҷоӣ ва баъдан мактаббачагоне, ки машғули бозӣ дар доманаҳои кӯҳи Муғ буданд, дастаи қогазҳое ёфт шуд, ки дар он бо хати номаълум навиштаҷоте дарҷ ёфта, аз бозёфти нодире дарак медод. Аммо ба гуфтаи як нафар хонандаи мо-Ансор, сабадро дар деҳаи Варзи Манор не, балки дар деҳаи Хайрободи ҷамоати Дардар  (17 км аз Варзи Манор) ёфтанд. Баъдан мактаббачаҳо не, балки шубон Ҷӯра онро ёфта буд. Чун бачаҳо ва чӯпон ин навиштаҳоро ба  омӯзгори деҳа нишон доданд, ӯ тасмим гирифт, ки Академияи улуми Тоҷикистонро аз ин бозёфт хабардор кунадБаъди ин огоҳӣ соли 1933 экспедитсияи фарохи ҳафриётии АИ СССР дар кӯҳи Муғ оғоз гардид. Маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои ёфтшуда мансуб ба бойгонии Афшини СуғдДеваштич дар асри 8 буда, дорои аҳамияти бузурги илмиянд. Читать далее

11 марта, 2013 Posted by | Назм | 2 комментария

Боз ҳам дар бораи садоноки «ӯ»

(Андешаҳо пиромуни навиштаи Абдулмаҷиди Бобоҷониён «Маҳдудияти садоноки «ӯ», «Ҳақиқати Суғд»№25, 26 феврали соли 2013)

 Ҳар боре, ки дар ҷаридае дар бораи «ӯ»-и заданок мақолае интишор гардад, рӯзноманигор Абдулмаҷиди Бобоҷониён ҳатман садо баланд  мекунад. Ҳадаф аз вокунишҳои ӯ ҳамин аст, ки ин садонок аз истифода бароварда нашавад ё худо медонад, боз чизи дигар. Ӯ дар пешгуфтори мақолааш  менигорад, ки «Бадхоҳони миллат ва суннатҳои ниёгон чанд вақт инҷониб алайҳи он (яъне «худшиносии  миллӣ») муборизаи ошкоро эълон карда, барои ин аз васоити ахбори омма низ босамар истифода мебаранд». «Бадхоҳони миллат?». Яъне кӣ? Кумитаи имлои назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон? Ё Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон? Ё рӯзномаи «Ҷумҳурият»? ё олимони забоншинос?  Худшиносии миллӣ ба «ӯ»-и заданок чӣ дахл дорад? Читать далее

7 марта, 2013 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Тасвири Мастчоҳ дар «Бобурнома»

 

baburЗаҳираддин Муҳаммад Бобур соли 1483 дар  Андиҷон аз оилаи ҳукмдори Фарғона— Умар Шайх Мирзо ба дунё омадааст. Ӯ аз тарафи падарӣ ба Амир Темур ва аз ҷониби модарӣ ба Чингизхон «реша» дорад. Падараш Умар Шайх Мирзо фарзанди Абӯсаид Мирзо-фарзанди Муҳаммад Мирзо — фарзанди  Мироншоҳ — фарзанди Амир Темур ва модараш  Қутлуғ Нигор Хонум фарзанди  ҳукмдори Муғулистон-Юнусхон — фарзанди Воисхон— фарзанли Шералихон— фарзанди Муҳаммадхон— фарзанди Хизрхоҷахон— фарзанди Туғлуқтемурхон— фарзанди  Исаи Буғохон— фарзанди Дувахон— фарзанди Бароқхон— фарзанди Йесун Тува— фарзанди Мутуген— фарзанди Чағатой— фарзанди Чингизхон мебошанд.

Падари Бобур – Умар Шайх  дар мазҳабӣ ҳанафӣ ва яке аз муридони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор буд. Намози панҷгонаро ҳеҷ вақт тарк намекард ва пайваста «Хамсатайн», «Маснавӣ» ва «Шоҳнома» мехонд. Ба шеъру шоирӣ ҳавасманд буд. Ҳокимияти Фарғонаро дар ӯҳда дошт. Вале соли 1494 дар синни 39-солагӣ ба таври тасодуфӣ ва фоҷианок оламро падруд гуфт. Ҳукумати Фарғона ҳамчун мерос ба ихтиёри Заҳираддин Муҳаммад Бобур, ки ҳамон вақт 12-сола ва фарзанди нахустини падараш буд, афтод. Бо вуҷуди тифл буданаш рақибони худро, ки барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ мубориза мебурданд, гӯшмол медод. Яке аз душманони ашадии ӯ Муҳаммад Шайбонихони муғулнажод маҳсуб мешуд, ки ниҳоят Бобурро танг карда,ҳамшираи Бобур- Хонзода Бегимро ба занӣ гирифт ва Самарқандро соҳиб гардид. Баъдан Бобур дигарбора дар Кобул ҳукумат таъсис дода, аз ҳисоби забт намудани мамлакати биҳиштосои Ҳинд Империяи Муғулони Кабирро таъсис дод. Ҳамин тавр, Бобур дар Фарғона 10 сол, дар Кобул 22 сол ва дар Ҳиндустон 4 сол подшоҳӣ кардааст. Соли 1530 бар асари бемории шадиди исҳол дар шаҳри Агра дунёро тарк намуд. Тибқи васияташ ташреҳи ӯро ба Кобул оварда дафн намуданд. Ба ҷои ӯ писараш Ҳумоюн ҳукумати Ҳиндустонро ба ихтиёр пазируфт.

Беҳтарин ёдгоре, ки аз Бобур боқӣ мондааст, асари таърихии ӯ «Бобурнома» мебошад. Баъд аз вафоти ӯ духтараш Гулбадан Бегим кори падарро давом дода, асаре бо номи  «Ҳумоюннома» навишт. Читать далее

12 января, 2013 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Зардушт аз Бутамон аст

Солиёни дароз миёни муҳаққиқони Авастошинос ва Занду Позанддон  сари масъалаи «Зардушт-нахустин паёмбари рӯи Замин» таҳқиқот ва баҳсҳои мухталиф идома дорад. Муҳаққиқон асосан ба ҷиҳатҳои

 1.Маънии вожаи «Зардушт»

2.Шахсияти таърихӣ ё асотирӣ будани Зардушт

3.Зодгоҳ ва хонадони Зардушт

4.Оин ва сарнавишти Зардушт

андешаҳои худро баён намудаанд. Ҷои шакку тардид нест,ки вожаи «Зардушт» порсии қадим, ё маъмулан Авастоист.Вале дар забони мардуми ҷаҳон дар намуди  «Зартушт», «Заратуштра», Зардуҳишт, Зороастр, Зороастер, Зороастра ба гӯш мехӯрад. Баъзеҳо ин вожаро ба қисматҳои «Зард» ва «уштур» таҷзия намуда, маънии  онро «Дорандаи уштури зард» тавзеҳ додаанд, ки ба мантиқ мувофиқ нест. Ба он далел, ки Зардушт, зодаи ҷойгоҳест, ки дар он ному нишоне  аз  шутур барин ҳайвони саворӣ вуҷуд надорад. Агар фарз бикунем, ки шояд ӯ шутур ҳам дошт, дар мардуми мо чунин расм нест, ки касеро барои асп, хар, ё шутур доштанаш номгузорӣ бикунанд. Сониян, агар фарзи дағал бикунем ҳам, ки чунин расм дар он замон вуҷуд дошт, пас чаро «Дорандаи уштури зард»? Магар уштури зард камёб  аст? Магар аксари уштурон зард нестанд? Чаро «Доранда»-и уштури сурх ё  сафед  не? Боз як далели  дигар сабаби радди ин андеша мешавад, ки чӣ навъ мешавад қабул кард, ки ба як кӯдаки нав аз модар таваллудшуда нисбати дорандагиро бидиҳанд? Читать далее

23 сентября, 2012 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Кабк дар кӯҳсор

Дар он овон  тифле кӯчак будаму даст ба домони модар дошта, ба хонаи Холаи Бибисаид мерафтам. Баробари ворид шудан аз дарвоза ба ҳавлӣ фарши хокии он, аммо обзадаву рӯфта ва тозаву озода, ҳамчунин кабки дар қафаси овезон ба шифти долони хона, диққати маро беш аз ҳама сӯи худ мекашид. Аз модар мепурсидам, ки чаро ин парандаи бечораро дар тангнои қафас нигоҳ медоранд? Модар посух медоданд, ки кабк парандаи зебошамоил ва хушхон аст, ки онро аз кӯҳистон меоранд.Шояд бад он хотир онро дар қафас нигоҳ медоранд, ки ёде аз ватани матрукашон-Мадрушкати бостон карда бошанд. Ҷавоби модар маро қонеъ намекунонд. Ман дилсӯзона сӯи кабк менигаристам…Дар ҳамин вақт холаи Бибисаид ба пешвози мо меомаданду ману модарамро гарм-гарм истиқбол менамуданд. Холаи Бибисаид — зани солхурдаи дар тан куртаи алоча ва дандонҳои нуқракӯб мисли қуттичаи обу дони кабк доштанд. Читать далее

22 сентября, 2012 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Хуршед дар ҷароҳати шафақ

Ба  муносибати  60-солагии  шоири  шаҳир – Қувват  Давлат

Шеъри  Қувват  Давлат  оинаи  қаднамои  тақдири  миллати  мост.  Аз  маҷмӯаи  ашъори    нав  ва  мутаассифона  охирини  ӯ  “Шаҳри  ишқ”  пайдост,  ки  Тоҷикистонро  ҳамчун  як  ҷузви  ҷаҳони  мутамаддин,  ҳамчун  зодгоҳ, маконе,  ки  он  ҷо  хуни  нофаш  рехтааст,  ситоиш  мекунад,  аз  дарду  ғами  миллат  менолад  ва  аз  шодиву  хурсандиаш  меболад. Ӯ  мегӯяд:

Тоҷикистон,

Эҳтиётат  мекунам,

Аз  ниҳолат  то  пахолат,

Аз  тагаргу  барфу  борону  шамолат…

 

Охир,  ҳар  хонандаи  закӣ  ба  осонӣ  мефаҳмад,  ки  вожаҳои  рамзии  “ниҳол”  ва  “пахол”   дар  ифодаи  шоир  “ободию  вайронӣ”- и  диёр  “тагаргу  барфу  борону  шамол”  “нируҳои  бадхоҳ”  ва “душманони  миллат”- анд,  ва  эҳтиёт  кардани  миҳан  вазифаи  муқаддаси  мову  шумост. Оваҳ,  чи  хуш  будӣ  агар  ҳар  як  фарди  тоҷик  чун  қаҳрамони  лирикии  Қувват  Давлат  Тоҷикистон-хонаи  орзӯ  ва  омоли  ҳар  тоҷикро  чунин  эҳтиёт  мекард. Читать далее

27 января, 2012 Posted by | Cуг, Culture, Аквом, Зиндагй, Имло, Инсон, Ирфон, Кайҳон, Мастчох, Назм, Фарханг ва адабиёт, Худшиноси, Чахон, Чехрахои мондагор, Шеъри форсизабонон | Оставьте комментарий

Рэп: сароем ё насароем?

Қонуни  инкишофи  ҷомеа  аст,  ки  ҳамеша  падидаи  нав  кӯҳнаро иваз  мекунад. Ба  қавли  бузургвор  Рӯдакӣ;

Куҳан  кунад  ба  замоне  ҳамон  куҷо  нав  буд

Ва  нав  кунад  ба замоне  ҳамон, ки  хулқон  буд.

Агар  чунин  намебуд,  ҷамъияти  башарӣ  ҳеҷ  гоҳ  пешрафт  намекард.  Ин  қонун  дар  тамоми  паҳлӯҳои  зиндагии  ҳаррӯзаи  мо,  ҳатто  дар  бахшҳои  фарҳанг  ва  ҳунари  мо низ  таъсир   дорад.

Дар  замони  худ  Борбади  Марвазӣ  бо  эҷоди  соз  ва  офаридаҳои  марғуби  мусиқии  худ  дар  олами  савту  наво  табаддулдот  ворид  намуд. Агар  ӯро  шоҳи  мусиқии  ҷаҳон  гӯем,  хато  нахоҳад  буд. Ӯ  бо  чандин  лаҳнҳои  тозаэҷоди  худ  машҳури  ҷаҳон  гардид. Аммо  мусаллам  аст,  ки  дар  ибтидои  кор  ин  офаридаҳои  Борбад  «нав»  маҳсуб  мешуданд  ва  бо  гузашти  рӯзгорон  ба  «классика»  табдил  ёфтанд. Читать далее

18 января, 2012 Posted by | Culture, Аквом, Зиндагй, Инсон, Ирфон, Мушкилот, Назм, Нигох, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хитоб, Чахон, Шахсият | Оставьте комментарий

Барфиёна

Бор,  эй  барф,

Нармтар  аз  сангии  ҳар  дил,

Гармтар  аз  сардии  ҳар  ҳарф.

Оламеро  шишабандон  кун,

Осиёби  умри  моро  чархгардон  кун.

Бор,  эй  барф,

То  сиёҳӣ  аз  сафедиҳои  ту  дилхун  шавад,

Об, дар  ҳар  ҷо  ки  бошад,

Қатра-қатра  ғун  шавад,

Ҷайҳун  шавад.

Бор,  эй  барф,

Якманиву  думанӣ…даҳ  ман,

Рӯяд  аз  чоки  гиребонат  гули  баҳман.

То  ки  аз  файзи  ту  гардад,

Ин  замин  монанди  гулшан.

Бор,  эй  барф,

Бар  сару  рӯи  замона,

Ҳамчуноне  дар  фасона.

То  бигӯям  дар  ҳавои  ин  тарона,

Барфиёна.

3 января, 2012 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Рӯзномаи «Дам» нашр шуд

Баъд  аз  интизориҳои  зиёди  мухлисон  ниҳоят  шумораи  нахустини  рӯзномаи  хусусии  «Дам»  интишор  гардид, ки  дар  фазои  иттилооти вилояти  Суғд  воқеаи  фараҳбахш  аст.  Муассис  ва сардабири  рӯзнома  шоир, узви  Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон,  рӯзноманигори  шинохта  Ҷӯра  Юсуфӣ,  мушовир  ходими  адабии  Иттифоқи  нависандагон,  нависанда  ва  таърихнигор — Мирзо  Шакурзода, дар ҳайати  эҷодӣ – шоир,  узви  иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, олим, номзади  илмҳои суханшиносӣ- Маликнеъмат, шоир, узви  Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон,  муҳаррири  рӯзномаи  «Машъал»-Олимхон  Исматӣ, шоир, сардори идораи  шуғли  аҳолии  ноҳияи Мастчоҳ — Абдуқодири  Абдуллохон, шоир, муҳаррири  «Паёми  кӯҳистон»-Абдуллоҳи  Фозил  ва  чанд  нафар  эҷодкорони  дигар  шомил  шудаанд,  ки  ҳама  қаламкашони  шинохтаанд. Читать далее

3 декабря, 2011 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Нашнохти маро?

Нашнохти  маро?

Онро,  ки  сабзчароги  email-аш  ба  ёди  ту,

Аз  калби  шаб  то  ба  сахар  чашм  мезанад…

Нашнохти  маро?

Онро,  ки  даста-дастаи  гулхои  тозаро,

Чун  хадя  бар  сурогаи  ту  пуст  мекунад.

Онро,  ки  дар  харими  You Tube  чехраи  туро

Мисли  нигорхонаи  Чин  накш  мезанад.

Онро,  ки  лахза-лахзаеро  аз  хаёли  ту,

Бар  коби  калби  хеш,

Download  мекунад.

Боре  шинохти?

Нашнохти хануз…

3 ноября, 2011 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Як суруди дилангез

1 октября, 2011 Posted by | Назм | Оставьте комментарий

Як рўзи рамазон

Инак,  боз моҳи  мубораки  рамазон  фаро  расид. Дар  моҳи  август,  дар  авчи  гармо,  дар  мавсими  хомпаз. Дар  айёме  ки  дарозои  рўз  ба  16  соат  тўл  мекашад…

Соати  3-и саҳари  1 август  аҳли  хонаводаи  ман  тараддуди  омодасозии  субҳонаи  рамазонй  ҳама  сари  дастархон  чамъ  омадем. Дар  обгинаҳо  шарбату  оби  сард,  ангуру  тарбуз,  шинниву  мураббо,  нонҳои  ширмол  ва  ниҳоят  қурутоби  машҳур,  ки  андарунаш  пиёз  ва  гўшти  фаровон  дорад,  фароҳам  омада, субҳона  мехўрдему  сўҳбат  мекардем. Ин  ҳама  моҳазарро  ҳамсари  ман, ки  ҳунари  бузурги  кадабонуй  дорад, муҳайё  кардааст. Модари  фарзандони  ман, дар  замонаш  аълохонтарин  духтари  синфашон  буд, аммо  шароити  деҳотро  ба  назар  гирифта  ба  хондан  нарафт  ва  умри  худро  сарфи  тарбияи  фарзандон  намуд. Ду  рўз  пештар  ҳама  якчоя  48-солагии  зодрўзашро  чашн  гирфтем. Писари  аз  ҳама  хурдии  мо, ки  13- солааст,  пурсид,  оё  боре  ҳам  рамазонро  дар  мавсими  гармо  истиқбол  кардаед,  гуфтем,  ки  «Ҳо!». Солҳои  1976-77-78  рамазон  ана  дар  ҳамин  мавсими  гармо  омада  буд. Он  вақт,  ҳарчанд,  ки  замони  шўравй буд, аммо  мардум  рўза  медоштанд. Зеро  моҳияти  ин  моҳи  муборакро  дарёфта  буданд.  Баъзан  аз  забони  куҳансолон  ин  байтҳоро  мешунавидем;

Читать далее

6 августа, 2011 Posted by | Аквом, Баъди худо..., Зиндагй, Иблис, Инсон, Ирфон, Марг, Мастчох, Мушкилот, Назм, Тасаввуф, Точикистон, Худо, Худшиноси, Хуросон | 2 комментария

Точикон ва Точикистон аз дидгоҳи ҳамзабонон

Начми  Ковиёнй    (Афғонистон)

Точикҳо  бошандагони  бумии  сарзаминҳои  Хуросони  бузург1 ва Фарорўди  бостонй  ҳастанд. «Точикҳо  аз  замонҳои  қадим,  ки  ба  беш  аз  шаш  ҳазор  сол  мерасад,  дар  ин  сарзамин  зиндагй  мекунанд»2. Онҳо  ориёй  ҳастанд  ва  дорои  тамаддуну  фарҳанги  чандин  ҳазорсола  мебошанд.Владимир  Бартолд-ховаршиноси  шинохташудаи  рус  менависад,  ки  «Мутолиоти  мо  дар  боби таърихи  Осиёи  Миёна  нишон  медиҳад,  ки   мардуми  бумии  он  чо  ориёї  будаанд»3. Ва  «точикҳо  намояндаи  яке  аз  қадимитарин  тамаддунҳои  Осиёи  Миёна  ҳастанд  ва  қабл  аз  зуҳури  туркон  дар  ин  ноҳия  зиндагй  мекарданд»4.  Вожаи  «точик»  вожаест  бисёр  куҳан,  ки  дар  қарнҳои  пеш  аз  ҳамлаи  аъроб  ба  Хуросон  дар  забони  форсии  паҳлави  вучуд  доштааст.

Точикҳо  ба  рағми  ин, ки  густураи  марзу  буми  онҳо дар  шоҳроҳи  тардиди  халқҳо  ва  табодули  тамаддунҳо  ва  ҳамчунин  дар  гиреҳгоҳи  омезиш  ва  руёрўии  фарҳангҳо  қарор  доштааст,  тавонистанд  ҳуввияти  фарҳангй ва  забониашонро  посдорй  кунанд.  Онҳо  дар  ҳавзаи  илм  ва  адабиёт,  фарҳанг  ва  ҳунар  хадамоти  арзишманд  кардаанд  ва  дар  арсаи  сиёсату  девонсолорй  нақши  муҳиме  бозй  намудаанд. Читать далее

18 июня, 2011 Posted by | Culture, Аквом, Афгонистон, Инсон, Интернет, Ирон, Ирфон, Кайҳон, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хуросон, Чахон, Tajik language | Оставьте комментарий

Дар марги Мухаммад Довуд

Дар  сахнаи  давлат  нафаре  буд,  кучо  рафт?

Дар  рахнаи  миллат  сипаре  буд,  кучо  рафт?

Аз  шохаи  точик  самаре  пухта  афтод,

Эхёгари   Ахмадшахи  Масъуд  кучо  рафт?

Бояд,  ки  Сулаймони  дигар  аз  пасаш  ояд,

Чолут  ба  чо  мондаву  Довуд  кучо  рафт?

Фарёд  зи  точиккушии  ин  фалаки  пир,

Пушту  панахи  марзи  Вароруд  кучо  рафт?

Дар  мотами  ў  як  чигари  сўхта  дорам,

Бўи  чигари  сўхта  ку,  дуд  кучо  рафт?

Азбаски  вучудаш  хама  моил  ба  бако  буд,

Бигзошт  фанорову  ба  даргохи  худо  рафт!

 

5 июня, 2011 Posted by | Cуг, Аквом, Афгонистон, Зиндагй, Иблис, Инсон, Марг, Мотам, Назм, Хамдардй, Хитоб, Худошиноси, Худшиноси, Хуросон, Чахон, Чехрахои мондагор, Шеъри форсизабонон | Оставьте комментарий

Маҳфили навбатии адабии «Зарафшон»

4  майи  соли  2011  бахшида  ба  ёдбуди  яке аз  аъзои  ин  маҳфил- шоир Садриддини  Масрур  дар  толори  хочагии Ҳочиакбари  Амирзоди  ноҳияи  Мастчоҳ  баргузор  гардид.  Дар  ин  маҳфил  адибон  Олимхон  Исматй, Абдуллоҳ  Фозил, Назар  Ашўр, Сулаймонбеги Содиқ, Замон Шокирзода, Арбоб  Қурбон, Зиннат  Шафақ, Салоҳиддин  Мутриб, Муллокўчаки Қурбон, Абдумалик  Зуҳурй, Рисолати  Сирочиддин, Оламафрўз, Одина Баротй, чонишини  раиси чамоат  Нуриддини  Боқй, раиси  китобхонаи  марказй— Давлатмуҳаммади  Қурбон,  роҳбарони  мактабҳо: Абдуфаттоҳи Қурбон, Муллобобои  Усто, Муллоҳасани Содиқ, Туйчибеги  Раҳим  толибилмони литсейи №1,  макотиби №№22, 23, 29  ва  хешу  ақрабои  шоири  марҳум  иштирок  доштанд. Ҳаводорони  назми  шоир  пешниҳод  намуданд,  ки  мактаби  №23,  ки  шоир  он  чо  касби  фаъолият  мекард, ба  номи  ў,  яъне «Садриддини  Масрур»  гузошта  шавад. Дар  поёнёбии  маҳфил  аҳли  адаб  ба  хонаи  шоири  марҳум  ташриф  оварданд  ва  парда  аз  рўи  лавҳи  мармарини  ёдгорй,  ки  дар  девори  китобхонаи  шахсии  шоир  бо  ҳунари  волои  сангтароши  машҳур  Асрори  Аҳрориён  ҳаккокй  шуда  буд,  боз  намуданд. Читать далее

9 мая, 2011 Posted by | Имло, Инсон, Интернет, Ирфон, Мастчох, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хамдардй, Чехрахои мондагор, Шахсият, Шеъри форсизабонон | Оставьте комментарий

Маросими ифтитоҳи як корхона дар Мастчоҳ

            28 апрели соли 2011 (8 урдибиҳишти 1390) раиси  Кумитаи  имдоди  имом  Хумайнии  Чумҳури  Исломии  Ирон -чаноби  оғои  Саидчавод Разавй  дар  ҳамроҳй  бо  намояндаи  ройзании  фарҳангии  ЧИИ  Ризо  Шаҳмуродй,  раиси  дафтари  иқтисодии  ЧИИ  Бобочони  Икромзод,  намояндаи  Кумитаи  имдоди Хумайнй  дар вилояти Суғд –Фирдавс  Ашўрматов  ва  хабарнигори  радиои  «Хуросон»-и ЧИИ-Абдувосит Салимзода  дар  маросими ифтитоҳи як  коргоҳи  хурди  дўзандагии  дорои  40  чой  дар  ду  баст  барои  духтарони  маҳаллй  вориди  деҳоти  Мастчоҳ  гардиданд. Меҳмононро  чавонписарону  духтарони  Литсейи  №1, мактабҳои  таҳсилоти  умумии  №№2,4,10 ва 24  бо  нону  намак  пешвоз  гирифтанд.Сипас  намояндаи  садорати  хочагиҳои  ба  номи  Амиров  ба  оғои   Саидчавод  Разавй  барои  ин  кўмаки  башардўстона   ҳамчун  рамзи  ҳамдиливу  ҳамзабонй  чома  пўшониданд.

              Бояд  зикр  кард,  ки  ин  гуна  мададрасониҳои  кумитаи  имдод  барои  мардуми  Мастчоҳ  ягона  нест. Ин  кумита  ҳамчунон  ният  дорад  барои  таъмини  оби  нўшиданй  барои  минтақаи  навободи  деҳаи  Табушн  низ  маблағгузорй бикунад.

7 мая, 2011 Posted by | Зиндагй, Инсон, Интернет, Ирон, Мастчох, Мушкилот, Назм, Точикистон, Хуросон | 1 комментарий

Базми ҳазл ва тарона

         Боиси  хушнудист, ки  намоишҳои ҳачвй  ва таронасарой  дар қаламрави Точикистон, хосса  дар  ноҳия  ва  маҳаллҳо  рў  ба  густариш  оварда  истодааст. 11 феврали  соли  2011 барномаи  муштараки  намоишии  ансамбли  оилавии  Латифиён  бо  ҳачвнигори  овозадори ноҳияи Мастчоҳ – Азизмуҳаммади  Шодй  силсилаи  намоишҳои  омехта  ба  ҳачву  таронаро пешкаши  ҳаводоронашон  намуданд.

          Барандаи  намоиш – ровии  машҳур, омўзгор, аълочии  маорифи Точикистон Зокирзода  Дилшод бо  лаҳни  ширадор  ва  намуди  саҳназеб ба  намоиш  ҳусни  ифтитоҳ  бахшид. Дар  зимн  ҳамин  нуктаро бояд  хотиррасон  кард, ки бештари ҳунармандони  мо чандин  истеъдоди  дигар  доранд. Дилшод  Зокирзодаро  борҳо  дар  ичро  кардани  нақшҳои  саҳнай  дидаем. Ба  чуз  ин  ў  овозхони  сурудҳои  ҳозиразамон, рўзноманигори  моҳир  ва  ниҳоят  адиби  хушсалиқае  низ  ҳаст. Танҳо ўро  лозим  меояд, ки  барои  сайқали  истеъдодҳои  хеш  муҳите нисбатан  сазовор,  ки  дархури  ў  бошад,  пайдо  бинамояд. Читать далее

9 марта, 2011 Posted by | Culture, Аквом, Зиндагй, Инсон, Мастчох, Мушкилот, Назм, Нигох, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Худшиноси, Чехрахои мондагор, Шахсият, фарзанд, Poet | 1 комментарий

Вижагиҳои арўзии девони Султон Валад

                                 Муҳаммадризо Шафеии Кадканй,

                                                  устоди донишгоҳи  Теҳрон

           

            Ҳадафи ин мақола тарҳи як масъала дар арўзи шеъри Султон Валад–писари бузурги Чалолуддин Муҳаммад Мавлавй аст. Дар шеъри вай як вижагии арўзй ба чашм мехўрад, ки ба куллй бо тамоми девонҳои шеъри форсии классикй мутафовит аст. Ин тафовут чандон чашмгир аст, ки наметавон онро аз чинси хатоии  котиб, ё ҳуруфчин, ё ношир ба ҳисоб овард. Нависанда пеш аз нишон додани ин вижагй ду омили эҳтимолиро сабаби ин тафовут медонад: як эҳтимоли тафовут дар низоми овоии калимоти форсй дар асари ҳамчаворй бо забонҳои юнонй ва туркй дар Қуния ва дигаре таъсири мусиқии ҳоким бар хонақоҳ ва шеваи қавволону мусаннифони он рўзгор.

            Ёдаш ба хайр, доктор Меҳрдод Баҳор-фарзанди барўманди устод Маликушшуарои Баҳор, ки мегуфт: «Одам ҳар чй бошад, бошад, фарзанди падари нобиға набошад! Зеро ба ҳар ҳадде аз камол бирасад, боз хоҳанд гуфт, ки фарзанди фалон касаст». Ҳамчунон ки дар ҳаққи худи Меҳрдод ҳамеша гуфта мешавад, ки фарзанди Баҳор аст. Бо ин ки Меҳрдод Баҳор худ яке аз барчастатарин чеҳраҳои фарҳанги Ирон дар нимаи дуввуми қарни бистум аст ва дар ҳавзаи масоили муртабит бо фарҳанги Ирони бостон ва мутолеот дар қаламрави забони паҳлавй ва масоили ҳавзаи асотири иронй яке аз барчастатарин пойгоҳро дорост. Читать далее

4 марта, 2011 Posted by | Аквом, Афгонистон, Ирон, Ирфон, Мушкилот, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Шеъри форсизабонон, Mavlono, фарзанд | 1 комментарий

Фарҳанги вожаҳои роёнай فرهنگ واژه های رایانه ئ

       Истифодаи  технологияи  компютерй  ва фанноварии  иттилоот  дар  Точикистон чун  дигар  мамлакатҳои  дунё  рў ба  густариш  ниҳода,  баробари  он  корбурди  вожаҳои  нави  ихтисосии соҳаи  мазкур  низ  ривоч  меёбад. Ҳар  давлат  барои  пешрафти  чомеаи  худ  кўшиш  мекунад,  ки  забони  технологияи  навро  ба  забони  давлати  худ  наздик  гардонад  ва  барои  истифодаи  осон  аз  онҳо  барои  мардум  замина  фароҳам  оварад. Аз  тарафи  олимони  точик  дар  соҳаи  роёна  ва  фанноварии  иттилоотй  корҳое  монанди  ворид  кардани  ҳуруфи  точикй  ба  сохтори  компютер, бозии  грамматикии  «Худро  санч!»,  луғатҳои  точикй,  русй,  англиси, олмонй  ва  ғайра, баргардонандаи  ҳуруфи  кирилии   точикй  ба  форсй  анчом  дода  шудааст. Аммо  дар  бораи истифодаи истилоҳоти  точикй   дар  соҳаи  компютер ва  фанноварй  ҳарфе  нест. Ҳол  он ки  дар  Фарҳангистони  забон  ва  адаби  форсии  Чумҳурии  Эрон  гурўҳи  вожагузинии  ихтисосҳо  амал  мекунад,  ки  тайи  солҳои  1997-2006   ин  ҳайат  комёб  ба  он  шудааст,  ки  «Фарҳанги  вожаҳои  мусавваб»-ро дар  ҳудуди  зиёда  аз  даҳ  ҳазор калима  мураттаб  намуда  ба  дўстдорони каломи  форсй  эҳдо  намояд. Читать далее

9 февраля, 2011 Posted by | Имло, Инсон, Интернет, Ирон, Ирфон, Кайҳон, Мушкилот, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Худшиноси, Хуросон, Хучанд, Чахон, Шахсият, Iran, Pоёна, Poet, Tajik language | 1 комментарий

Таронаҳои Парвиз ترانه های پرویز

         Дар  таърихи  14  январи  соли  2011, дар  толори  боҳашамати  хочагии  ба  номи  Амирови  минтақаи  Мастчоҳҳунарнамоии  овозхони  чавон,  муҳассили  соли  аввали  консерваторияи миллии  Точикистон Парвизи  Шодибег баргузор  гардид. Дар саҳна  оҳангҳои  марғуб  танин  меандохтанду Парвиз  бефосила  овоз  мехонд.Таронаҳои  «Биё,  чонам», «Дунё  чи нозанин  аст», «Эй дилрабо», «Қуввати  ман,  модарам», «Эй қиблагоҳи ман», «Ман  ёри  туам, Маҳбуба», «Ошиқам, ошиқи ту», «Ишқи ту  баҳор  аст», «Байтҳои  мастчоҳй»  дар ҳавои  саҳна  ғулғула  меафканданд.

        Чиҳил  сол  қабл  дар  Мастчоҳ  на  мусиқй  буду  на  ромишгар  ва  на  овозхони  касбй. Имрўз  дар  муассисаҳои  таълимй  садҳо  нафар ҳунарварон  дар  бахши  мусиқй  ва  суруд  касби камол  менамоянд.  Пойдевори  мусиқии  имрўзи  Мастчоҳ  тавассути  ҳунарварони  машҳури  зодаи  ин  марзу  бум  Муродбеги  Насриддин, марҳумон  Рўзибои  Бобо, Рустамбеги  Баҳодур, Пироншоҳи  Амин, Додочони Қутбиддин, Асрори  Камолиддин, Сулаймонбеги  Шариф, Фарҳод  ва  Азизхочаи  Шодй, Муҳаммадшариф, Аброр  Исматй, Лолаи  Азиз, Раҳматшоҳ, Муҳаммадсаид, Маликэҳсон, Маликмутаҳҳар, Саидчон, Сабурчон   Исои  Мўсо, Фатҳиддин ва  чандин  нафарҳои  дигар  гузошта  шуд. Читать далее

19 января, 2011 Posted by | Culture, Аквом, Интернет, Мастчох, Мушкилот, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Худшиноси, Чахон, Чехрахои мондагор, Шахсият, Pоёна, Tajik language | Оставьте комментарий

Ман ва Эрон من و ایران

             Маро  ҳамеша  одат  чунин  буда,  қабл  аз  он ки  ба  чое  биравам, тарҳи  он  маконро  дар  суратхонаи  хотир нақш  мебандам. Ва  чун  дар  он  макон  мешавам, дармеёбам,  ки  то  кадом  дарача  ин  чой  ба  пиндори  ман  наздик  аст.  Ман  ва  Эрон  ҳамеша  дар  ёдҳои  мозй бо  ҳам  будем. Аммо  ин  дафъа  дар  ҳақиқат  муяссар  гардид,  ки   ба  ин  олами  афсона  сафар  бинамоям.

              Ҳамсафарони  ман  Чўра  Юсуфй-шоир,  узви  Иттифоқи  Нависандагони  Точикистон, муовини  муҳаррири  ҳафтаномаи  «Вароруд», Озарахш – шоири машҳур, ходими  чаридаи  «Адабиёт  ва  санъат», Чонибек  Асрориён – муҳаррири  радиои  «Садои  Душанбе», Мирсалим  Ашўров  — сарояндаи  маҳбуби  мардумй ва  Сурайё  Ҳасанова – номзади  илмҳои  суханшиносй, ходими  рўзномаи  «Ҳақиқати  Суғд» — ҳамагй  шаш нафар  будем,  ки  аз  чониби  Кумитаи  Имдоди  Хумайнй барои  сафар  ба  Чумҳурии  Исломии  Эрон  раводид  гирифтем. Тибқи  барномаи  пештар  тарҳрезишуда  сафари  мо  аз  29 ноябр  то  7  декабри  2010  ба  нақша  гирифта  шуда  буд. Субҳи  30  ноябр  дар  коргоҳи  Кумитаи  имдоди  Хумайнии  Эрон,  воқеъ  дар  Душанбешаҳр – оғои  Разавй  ба  мо  чиптаҳои  ҳавопаймоиро  супурда, хайру  манзур  намуд. Дар ин  сафар  бо  мо  оғои  Хуррамй – чавоне,  ки  Аз  Эрон  омада  чавонони  точикро  саноеи  сангтарошй  меомўхт,  ҳамроҳ  шуд.  Ў аслан  аз  сокинони  Нишопури  Эрон  буда,  ваъда  дод,  ки  чун  ба  Нишопур  равем,  ҳатман  моро  суроғ  мекунад. Дар  парвозгоҳи  Душанбе  ба  тайёраи  боҳашамати  «Боинг»  нишастем.  Тайёра  сўи  Эрон  роҳ  гирифт. Читать далее

21 декабря, 2010 Posted by | Афгонистон, Ирон, Мастчох, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хуросон, Хучанд, Шеъри форсизабонон, Iran | 2 комментария

Маънии вожаи «точик»

Мачид  Асадй

Маънии  вожаи  «точик»

Бисмиллоҳи  раҳмони  раҳим.

Дар  мавриди  мафҳуми  вожаи  «точик»  эҳтимолоти  фаровоне  дода  шуда  ва  маъонии  муттаадид,  муттавофит  ва  баъзан  мутазодй нақл  шудааст.  Дар  ин  навиштор  бидуни  ҳеч  қазоват ва  пешдоварй  танҳо  теъдоде  аз  ин  эҳтимолот  ва  маонй  нақл  мегардад. Умедворем  дар  ояндаи  наздик  бо  ручўъ  ба  манобеъ ва  маохизи  дасти  аввал  ва  баҳрагирй  аз  мустанадоти  муттақин  ва  ҳамкориву  мусоидати  дўстоне, ки  ин  матлабро  мутолиа  мекунанд,  битавонам  ин  навишторро  комил  намоям.

1. Дар  луғатномаи  англисии  Оксфорд  «точик»-ро  «як форс» ва  касе,  ки  на  араб  бошад  ва  на  турк,  таъриф  кардаанд. Читать далее

12 декабря, 2010 Posted by | Culture, Аквом, Афгонистон, Инсон, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хуросон, Хучанд, Чахон, Iran | Оставьте комментарий

«Машъал» бо обу ранги нав

                      Ниҳоят  нашрияи  ҳукуматии  ноҳияи  Мастчоҳ- «Машъал»  таҳти  назари  муҳаррири  навтаъиншуда —  шоири  машҳур  Олимхон  Исматй  бо  обу  ранги  нав  аз  чоп  баромад.  Ин  дар  ҳоле  буд, ки дар  чаласаи  бахшида  ба  «Рўзи  омўзгор»  раиси  ноҳия  собиқ  муҳаррири  «Машъал»,  узви  Иттиҳоди  журналистони  байналмилал — Мирзоҳамдам  Шарифзодаро  бо  сабаби  ба  нафақа  баромаданаш  аз  вазифа  сабукдўш  намуда, ба  чои  ў  Олимхон  Исматиро  таъин  кард.

              «Мо,- гуфт  сарвари  ноҳия  А.Ҳикматов, — баъзан  ба  қадри  фарзандони  номовари  диёри  худ  намерасем  ва  аз  фарти  маҳалгарої   барои  пешрафти  онон  садди  роҳ  мешавем. Барои  мисол,  бигирем  Олимхон  Исматиро. Дар  сар  то  сари  чумҳурї  аз  эчодиёти  ў  истифода  мебаранд.Пас  чи  гуна  мешавад,  ки  ў  бебаҳра  аз  майдони  фарох  барои  амалиёти  худ  бошад? Мо  тасмим  гирифтем,  сарварии  «Машъал»-ро  ба  ихтиёри  ў  вогузорем». Читать далее

20 октября, 2010 Posted by | Имло, Инсон, Ирфон, Кайҳон, Мастчох, Мушкилот, Фарханг ва адабиёт, Хикоя, Чахон, Шахсият | 2 комментария

Моҳвораи Чин дар мадори Моҳ

       Рўзи  чумъаи  хафтаи  гузашта  мохвораи  сохти  Чин  тахти  унвони  «Чанг-Э-2» дар  масофаи  100 километр  ба  фазои  атрофи  Мох   партов  карда  шуд. Мувофики  накшаи тадкикоти  кайхонии  Чин  ин  Мохвора  барои  тадкики  сатхи  Мох,  хосса  тарафи  нонамоёни  он  пешбинй  шуда,  дар  ояндаи  наздик  харитаи  «бахр»-хои  Мохро  ба  Замин  хохад  фиристод.

         Чунонки  сармухандиси  ин  дастгохи  кайхонй  Сян  Вейпинг  изхор  менамояд,  Чин  харчанд, ки  дар  сохаи  фатхи  кайхон  аз  Амрико  ва  Россия  ба  муддати  40  сол  кафо  монда  бошад  хам,  ин  бор  мавкеи  намоёнро    дар  ин  бобат  касб  хохад  кард.  Барномаи  кайхонии  Чин  аз  се  мархала  иборат  хохад  буд : 1. «Дар атрофи  Мох» 2. «Нишаст  дар  Мох»  3. «Бозгашт  ба  Замин»  Дар  фосилаи  байни  солхои  2010-2017  Чин  дастгохи  худкорро  дар  Мох  шинонданист.

         Хотиррасон  менамоем, ки  соли  2008  кайхоннаварди  чинй Чжай  Чиган,  ки  дар  киштии  «Шенчжу-7»  бо  ду  фазонаварди  дигари  хамдиёраш  Лю  Боминг  ва  Сзин  Хайпенг  парвоз  дошт,  ба  фазои  кушод  баромада  буд. Читать далее

8 октября, 2010 Posted by | Culture, Аквом, Зиндагй, Инсон, Интернет, Ирфон, Кайҳон, Мушкилот, Фарханг ва адабиёт, Хитоб, Чахон, Pоёна | 2 комментария

Стивен Ҳокинг Худоро намешиносад

Яке  аз  машхуртарин  донишмандони  замони  имрўз   физик  Стивен  Хокинг (Stephen  Hawking) (Бритониёи  Кабир)  тасдик  мекунад,  ки  Коинот  бе  иштирок  аз  чониби  Худо  ба  вучуд  омадааст.  Ў  китоби  худро  тахти  унвони  «Пиндори  бузург»  дар  хаммуаллифи бо  хамтои  амрикоии  худ  Леонард  Млодинов  навиштааст,  ки  мебоист  аз  9  сентябр  ба  савдо  мебаромад.

 Муаллиф  бар  он  аст,  ки  физикаи  имрўз  донишхои  кофиро  дар  худ  фаро  гирифтааст  ва  метавонад  комилан  собит  намояд,  ки  Кайхон  дар  асоси  конунхои  он  пайдо  шудааст.  «Конуни    чахонии  чозиба имкон  медихад  фахмонем,  ки  Олами  Анчум  метавонад  худ  ба  худ  аз  хеч  пайдо  гардад,  менигорад  ў.  Офариниши  бе  Офаридгор . Махз  хамин  аст  сабаб  бар  он  ки  чаро  мо  вучуд  дорем  ва  чаро  Кайхон  вучуд  дорад».

Он  чиз  ачаб  аст,  ки  Хокинг  дар  масъалаи вучуди  Худо  бештар  мавкеи  миёнхолиро  касб  карда  буд.  Дар  китоби  машхури  худ  «Таърихи  мухтасари  вакт»,  ки  ханўз  соли  1988  интишор  дода  буд,  менависад,  «Рўзе  фаро  мерасад,  ки  акли  инсон  назарияеро рўи  кор  меорад,  ки  вай  ифшогари  рози  офариниш  хохад  буд. Аммо  то  он  замон  лозим  меояд,  ки  андеша  намоем:  Оламу  одам  аз  чониби  Худо  офарида  шудааст». Читать далее

6 октября, 2010 Posted by | Баъди худо..., Иблис, Инсон, Худошиноси, Худшиноси, Шахсият | 1 комментарий

Одам дар дами марг чиро мебинад?

                                                        Худованд  дар  китоби   худ  «Қуръон»  фармудааст,  ки  «Куллу  нафсин  зоиқатул  мавт» ( «Ҳамаи  нафсҳо  фарогири  марг  хоҳанд  шуд»). Пас  марг  ҳақиқатест-талх, ки  онро  ҳама  кас  аз  мавчуди  зинда  хоҳад  чашид. Марг  чандон  мусибат  нест,  ки  менамояд. Балки  марг  раҳои  аз  ташвишҳои  дунё, ворастаги  аз  васвасаи  иблис  ва  ниҳоят  таваллуди  дигарест  дар  олами  «баъси  баъдал  мавти»   ростин  ва  човидони. Аз  шоире  шунидам,  ки  мегуфт:

                         Орзуҳоро  ба  ёди  марг  дар  дил  киштаам,

                         Ҳеч  кас  бар  хештан  мушкил  чу  ман  осон  накард.

      

          Аммо  гуфта  мешавад,  ки  марги  кам  андар  кам   нафаре  ба  осони  даст  медиҳад,  чунки  чонзоди  дар  ҳоли  назъ  садди  мушкилгузареро  чун  «сакароти  мавт» бояд  тай  бикунад. Барои  ҳамин  хам  бештари  мардумон  аз  офаридгори  хеш   таманнои  он  доранд,  маргашонро  осон  бикунад.  Хобро  намунаи  соддаи  марг  ҳисобидаанд: Читать далее

7 сентября, 2010 Posted by | Зиндагй, Инсон, Ирфон, Марг, Мотам, Мушкилот, Тасаввуф, Худо, Худшиноси, Шахсият, фарзанд | 5 комментариев

Шаби қадр кадом аст?

                                                             Шодбошу  офарин  бар  офаридгоре, ки  ба  хукми  «лантарони» дар  чое ба  дида  натвон  диданаш,  аммо  дар  хар  чо  тавон парастиданаш.Он  худованде,  ки  номи  ў  дарч  дар  сахифаи  дилхост ва  хузури  ѓоибаш  шамъи  махфилхост:

 Эй  номи  ту  сабт  чумлаги  дар  афвох,

  В-аз  номи  ту  бурданд  забонхо  ба  ту  рох.

  Яздону  Христосу  Тенгриву  Илох,

«Ло  хавла  ва  ло  ќуввата  илло  биллох».

       Он  худое, ки  бо эъчози  худ  мўъчизае  чун  «рўза доштан»  ва  мохе  мисли  «рамазон»-ро  офарид,  ки  аз  файзи  ин  ду  «моху  хуршед»  сайёраи дилхо  равшан  аст  ва  умедзори  хотирхо гулшан. Офаридгор  корхое  зарури,  мисли  хилоли  ангуштон ва  об  давондану  молиши  байни  онхо, масхи  сар  ва  истиншоќ, шустушў  додани  зихор  ва  маъќадро  дар  ќонунномаи  худ-шариат  таъкид  кардааст,  зеро  махз  хамин  мавзеъхо  хастанд,  ки  одам  аз  фарти  лоуболи  ба  онхо  кам  диќќат  равона  мекунад  ва  беморихои  гуногун  низ  аз  ин  чойхо  маншаъ  мегиранд. Читать далее

23 августа, 2010 Posted by | Cуг, Баъди худо..., Зиндагй, Ирфон, Маликнеъмат, Марг, Мушкилот, Назм, Хитоб, Худо, Шахсият, Mavlono, tajik bloggers | 1 комментарий

I am Aryan! Ман Ориёиям!

I  am  a  thread  of  beam  from  the  spring  of  light,

In  the  divine  miracles  I  am  a  bit  of  bright.

I  am  a  piece  of  kindness  from  Ahuro’s  fire,

I  am  a  free  existence  from  wrong  and  right,

I  am  Aryan!

                      I  am  Aryan!

Until  I  see  a  wide  of   Aryan

And  till  the  Middle  Asia  is  my  nature,

Until  I’m  a  Tajik,  the  future  world  is  mine

And  what  is  your  opinion  about  my  creature?

I  am  Aryan!

                      I  am  Aryan! Читать далее

14 августа, 2010 Posted by | Ирон, Маликнеъмат, Назм, Накшбандия, Тасаввуф, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Худо, Худшиноси, Хуросон, Чахон, Iran, Tajik language | 4 комментария

Имлоро дигаргун бояд кард

Чаро  ба  расмулхати  ниёгон  нагузаштем?

Ба  туфайли  бозтобии  офтоби  истиклолият  хамаи  пахлухои  хаёти ичтимоии  мардуми  точик  ба  худ  ранги  милли  гирифт.    Тарзи  гуфтор, рафтор  ва  пиндор:  хама  точикона  шуд.  Танхо  имлои  нав  аз  ин  доира берун  монд. Ахли  зиёиёни  миллат  нигарони  бар  он  доштанд,  ки  акнун ба    расмулхати   ниёгон-алифбои  арабиасос  мегузарем.  Зеро,  ки  таъри- хи  хазорсолаи  мо  махз  бо  хамин  хат  навишта  шудааст. Сониян ,  мо  бо хамзабонони  худ  Эрон  ва  Афгонистон  иртиботи  хаккони  пайдо  мекар- дем.  Маро  вокеае  пеши  назар   омад. Накби  «Истиклол»  ба  истифода  до- да  мешуду  дар  баромадгохи  он  бо  ду  хат:  араби  ва  кирилли  айни  як муддао   хаккоки  ёфта  буд. Хол  он,  ки  хар  ду  чониб,  хам  точикон  ва хам  эрониён   сохиби  забони  ягона  буданд  ва  мешуд,  ки  танхо  бо  як хат  матлаби  худро  арз  кунанд. Читать далее

25 июля, 2010 Posted by | Имло, Инсон, Интернет, Ирон, Ирфон, Маликнеъмат, Мушкилот, Назм, Нигох, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Худо, Худошиноси, Худшиноси, Шахсият, identity, Iran, Poet | 2 комментария

Tajik language زبان تاجیکی

Until  of  mine  is  Tajik  heart,

I  speak  it  as  my  parents  told,

Because  it  runs  inside  my  veins

As  food  and  makes  my  bodies  bold.

It’s  nor  Persian,  neither  Iranian,

The  Tajik  language  is  called.

The  world  with  all  of  its  around

Is  Tajik  folk  in  time  of  old.

I  want  to  go  with  Tajik  language

From  Dushanbe  to  Tajik  world. Читать далее

21 июля, 2010 Posted by | Culture, Маликнеъмат, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, identity, Tajik language | 3 комментария

Аз рўзгори нақшбандиён

Чанд  руз  кабл  донишманди  данияги,  доктори  улуми   фалсафа,  профессори  Донишгохи   антропология,  этнография  ва  лингвистикаи  шахри  Орхус – Мария  Элизабет  Лу мехмони  диёри  мо буд.  Номбурда  мухаккики  бахши  тасаввуф, бахусус  тарикати  наrшбандист  ва   дар  ин  мавзуъ  китобе  тахти  унвони  «Тарвичи  ислом дар  Осиёи  Вусто  баъд  аз    инкирози  Шурави»  низ  тахия  кардааст.

У  бо  яке  аз  мухаккикони  рузгори  наrшбандиён,  олим  ва  шоир- Маликнеъмат  сари  ин  масъала  сухбате  орост,  ки  мухтавои  онро  пешкаши  хонандагони  гироми  мегардонем.

Мария  Лу ; —  Ба  мо  иттилоъ  доданд,  ки  шумо  аз  рузгори  накшбандиён  огохи  доред…

Маликнеъмат; —  «Накшбандия»  мавзуи  рисолаи  номзадии  ман  аст.

Мария  Лу ;- Пас  мо  якин  ба  чои  хостаи  худ омадаем.Лутф  фармоеду  бигуед,  ки  маънии  вожаи  «Накшбанд»  чист? Читать далее

21 июля, 2010 Posted by | Culture, Зиндагй, Инсон, Ирфон, Маликнеъмат, Мария Элизабет Лу, Маснавии навū, Мастчох, Назм, Накшбандия, Тасаввуф, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Хикоя, Худошиноси, Худшиноси, Шахсият, identity, Iran, Mavlono | Оставьте комментарий

«Бози»-хои барк дар Мастчох

Мушкилоти  норасоии   оби  обёрй, афзунии  обхои  зеризаминй , роххои  дагарбугури  дохилй,  рохи  пулакии   Бустон – Хучанд бас  набуд, ки     ба  сари  мардуми  бечора  боз  мушкили  нав — номуназзаммии  таъмини  нерўи  барк  дар  фасли  тобистон  огоз  гардид.

Хафтаи  гузашта, рўзхои  5 то 12 июл  дар  натичаи  шамоли  сахт  як  дастгохи  танзимгари  барк (трансформатор) дар  маркази  нохия  аз  кор  баромад,  ки  дар  натича   тамоми  рўз  мардум  бебарк  монданд. Умуман  дар  тўли  хафта , натанхо  дар  марказ,  балки  дар  минтакахо  низ  барк  муназзам  дода  нашуд.  Дар  минтакаи  якум,  дар  худуди  дехоти  Мастчох  «бози»-хои  барк  ба  дили  мардум  зад. Рўзи  шанбе  ва  якшанбе,  ки  ба  ном  рўзи  истирохати  мардум  аст, барк  умуман  дода  нашуд. Дар  рўзхои  12-13-14  бошад  барк  даххо  маротиба  дар  гирифту  хомўш  шуд,  ки  дар  натича  даххо  яхдонхо, телевизорхо, компютерхо,  дарзмолхои  аз  пули  дар  мардикории  Россия  харидаи  мардум  аз  кор  баромаданд. Читать далее

14 июля, 2010 Posted by | Инсон, Маликнеъмат, Мастчох, Мушкилот, Назм, Хучанд | 1 комментарий