«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Ривоёти хурд


Ғӯли худовехта

 

        Ғӯлеро диданд, ки дар дарахти азиме худро овехта ва дар қоғазпорае пешаш навишта; «Аз ҷабри одамизод безор шудам!»

 

 Чумчаи паррон

 

       Чумча аз дасти баччае, ки хӯрок мехӯрд, парид. Бачча гуфт: _Туро чӣ ҷин зад? Чумча гуфт: — Ман аз табақ чӣ камӣ дорам?

 

 Қиёмат

    Модар тифлашро танг дар оғӯш гирифту ба берун давид ва ба осмон чашм дӯхт. Дар осмони шабона чароғи ситорагон паси ҳам хомӯш мегардид.

Гиёҳи кимиё

 

     Дар Марзағани Чинвот, миёни тармаҳо гиёҳе мерӯяд, ки чун бод бивазад наҷунбад ва чун бод аз вазидан биистад, биҷунбад. Чун афшурдаашро бар мис бирезӣ, тилло шавад. Ва онро «Гиёҳи кимиё» гӯянд.

 

 Хурдан осон аст

 

 Шикампарваре дар маънии вожаи «Хуросон» мегуфт : «Он ҷо хӯрдан осон аст!»

 

 Шоир гуфта…

 

Шоир Муҳаммадалии Баҳманӣ бо тағйири байти Мавлавӣ гуфта:

 Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз одамӣ малуламу девонам орзуст.

 

 Эътибор

 

 Золиме саги дар бағал будаашро навозиш мекарду ба зердаст мегуфт;

— Бигӯй, ки назди Худо эътибори ин саг болотар аст ё эътибори ту?

Зердаст посух дод:

_ Агар ин саг дар сар андешаи Худо дошта бошад, пас эътибори ӯ болотар аст аз ман.

 

 Сияҳхол

 

 Сияҳчолҳо – сияҳхоланд дар рухи кайҳон, ки ҳама чизро сӯи худ мекашанд.

 

 Бобо Оҳу

 

Дар Водгиф марзағанест, ки онро «Бобо Оҳу» ном мебаранд. Ҳар гоҳ, ки касе орзӯи гирифтани оҳуе кунад, назди ин марзаған биояд ва ду ракъат намоз гузорад. Дар ин ҳангом пешопеш Бобо Оҳу ояд, ки танаш аз одамӣ ва сараш – сари оҳуст. Аз қафояш хайли оҳувон саф кашида. Якеро бигирад ва биравад.

 

 Озор

 

 Ду нафар аз пайраҳаи кӯҳсор мерафтанд ва яке аз инҳо бор дар хар бисёр ниҳода буд. Ногоҳ хар бонг бизад. Аввалӣ гуфт;

_ Донистӣ, ки хар чӣ гуфт?

Гуфт :

-На!

Гуфт;

-Мегӯяд, ки :

 Манеҳ худ беш аз ин озор бар ман,

Ба қадри зӯри ман неҳ бор бар ман.

 

 Гаҳвораи заррин

 

Дар тагоби Шедрух қуллаест, ки онро «Гаҳвораи заррин» ном мебаранд. Мегӯянд, ки дар замони обхезии бузург  кӯдакеро бо гаҳворааш об бибурд. Кӯдак сарангушташро ба даҳон кард ва аз он шир падид омад. То даме, ки об фурӯ нишаст ва кӯдак бо гаҳворааш дар сари қулла бимонд… ва ба санг табдил ёфт. Ҳар нафре, ки пок бошад бар он тифлу гаҳвора даст ёбад ва ҳар касе, ки нопок бошад, санг биғелад ва нагузорад.

Декабрь 8, 2014 - Posted by | Фарханг ва адабиёт

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: