«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Ирони суханчавон ايران سخنجوان


(Тазкираи  шеъри муосири Ирон)

Ирони бостон ва ин кишвари ростон,дерест,ки дар домани шеърпарвари худ нобигахоеро чун Фирдавсию Анварй,Саъдию Хофиз, Соибу Калим ва чандин дигар бузургони чахониназмро руи кор овардааст,ки аз харорати сухани онон хануз хам зиндагй гарму гуворост.Шоирони ќарнхоиохири Ирон,  монанди        Сухроби Сипехрй, Фуруги Фаррухзод,Ахмади Шомлу, Ахавони Солис, Фаридун  Муширй, Нимо Юшич, Шафеъии Кадканй, Сиёвуш Касрой, Нусрат Рахмонй, Нодири Нодирпур, Хушанги Соя, Масъуди Фардманиш, Кайсари Аминпур, Салмони Хиротй, Тохира Саффорзода  ва Мухаммадалии Бахманй дар шакл ва мундаричаи шеър навгонихо ворид  намуданд, ки ба истилох «шеъри озод»  ва  «шеъри сафед» махсули офариниши  табъи онхост.Ин салосил дар адабиёт ва шеъри муосири Ирон низ идома меёбад.

Каламкашон ва суханпардозони  имрузи Ирон равиши ниёгони сухангустари худро  идома  дода, кушишхо ба харч медиханд, ки дар тору пуди  шеъри  нав рангомезй ва диловезй эчод намоянд. Чандест, ки ба хушбахтии онхо, туфайли пешравихои технологй,  дар шабакаи  интернет сомонае бо  номи «Шеъри нав» амал мекунад, ки дар он чавонони порсигуй  дар эчоди шеър ќалам месанчанд. Бартарии ин сомона дар он  аст, ки шоирони узви он ба якдигар таќризхо менависанд  ва  шеъри  якдигарро бахогузорй мекунанд.Натичаи хамин буд, ки дар шеъри имрузи форсй  равишхое  чадид,  чун «шеъри  мудерн»  ва  «шеъри зулол» пайдо гардид ва  акнун дар холи пазириш ва густариш ќарор доранд. Дар ин сомона  хатто  шоирони машхур аз тамоми гушаю канори дунё, мисли Бориќ Шафей (Афгонистон) низ ширкат меварзанд. Ба хушбахтии мо, точикон, се нафар  аз шоирони точик чун Аъзами Хучастарой, Нуралии Нурзод ва Фирдавси Аъзам низ дар ин интишорот   ширкат меварзанд. Ва бояд  дар зимн иттилоъ бидихам, ки хар се  нафар  дар иншои шеъри нав – яъне  «шеъри мудерн ва зулол», ки  аз таваллуди  ин  навъи  шеър хануз муддати мадид нагузаштааст, камар бастаанд  ва ќаламкашони иронй  ба  эчодиёти ин   хамватанони  мо бахои нихоят баланд дода, аз инон бо эхтиром  ёд мекунанд. Мо дар ин навишта ќарор  додаем, ки хонандагони точикро  аз  бурузи шеъри нав дар  Ирон  ва  инчунин аз хамтоёни  Ирониашон огох бигардонем, ба умеди он, ки  бошад шеъри  точик  хам  ру  ба тахаввул биоварад.

Карим  Лукмонй

Соли таваллуд: 1945.

Зодгох: Ирон.

Номи дафтархои  шеър:

  1. «Сояи сарв»
  2. «Сарв»
  3. «Сарвиноз»

Хасрати як буса

Гар нигохе бар дили зору парешонам  кунй,

Бори дигар бо нигохат зуд  дармонам кунй.

Нест гайр аз ту табибе, к-у бидонад дарди ман.

Бо висолат,  метавонй, боз хандонам  кунй.

Бо чи  уммеде  нишинам  бе ту дар кунчи ќафас,

Зулм бошад , гар асири дасти зиндонам кунй.

Гар набояд  мархаме бошй  барои дарди ман,

Пас рахоям кун, чаро оташ ту бар  чонам кунй?

Гар намехохй  даво бошй   бари  пажмони ман,

Пас чаро дар хилвати шабхот мехмонам  кунй?

Хурулайн   Учоќй

Соли таваллуд: 1957

Зодгох: Техрон

Дафтари шеъри у:«Дол»

Истодаам…

Дар Кофи хастагй,

Аз  силсилаи  чиболи  фалак  истодаам.

Сар то сари сутуни махолуди сахрахо,

Аз зери пои луъбатони маст,

Садпорахои  чону  танам  чамъ  кардаам,

В-аз он  дарду ранч тафриќ кардаам.

Чизе  ки мондааст,

Касрест аз замон,

Аммо, нигох  кун,

Ман  — ин  Бесутуни гам,

Боз  истодам!

Мухаммад  Кадимй

Соли таваллуд:1966

Зодгох : Техрон

Эй дуст, марав, ки бе ту сомонам  нест,

Ман пир шудам, тоќати хичронам нест.

Аз доги фироќи наргисат, чашмонам,

Хушкида   шуда,  ашк  ба  домонам  нест,

Кофар бишавам, чун биравй  аз пешам,

Пинхон  машав, эй  ќибла, ки имонам нест.

Гуфти чу «Зи пешат наравам» дард гурехт,

Рафтиву зи дарди хачр дармонам нест.

Вакте ки суруди васл сар медодй,

Гуфтам, ки дигар  дили парешонам нест.

Андуху фироќи ту фано мекунадам,

Майле ба сафои зери боронам нест.

Дастам ба гиребони ту байзо мешуд,

Гуй, ки дигар Мусии Имронам нест…

Умед Арчмандй

Соли таваллуд:1968

Зодгох: Исфахон

Дафтархои шеър:

  1. «Таронахои ман»
  2.  

  3.  «Забони аъдод»
  4.  

  5. «Симурги  танз»

Интизори ту надидан бирабуд аз ман хоб,

Зи гули руи ту чидан, ки супурдй бар об.

Ман чи таќсир намудам, ки рахоям карди,

Аввалин бусаи ту карда ханузам бетоб.

Ёди ту хаст, ки як шоха гулам доди даст,

Чашм бар чашми хам афтоду даме буи гулоб.

Ман ба умеди ту аз хона  шудам овора,

Гуи он дидаи ман аз ту шуда айни сароб.

Чи кунам, гайри туам  нест  назар  суи касе,

Осмон  чои  манаш  гиря  кунад  хун ба чавоб.

Мархаме   бар мани  девона   касе  нест, ки нест,

Кй  нишон   медихад  уро, ки кунад кори савоб?

Шабафруз   Мухаммадй

Соли таваллуд: 1969

Зодгох: Техрон

Дар хилвати хаёлам  бо у фаќат нишастам.

Ин дил худаш гувох аст, аз гайри у гусастам.

Он дам, ки шахди комаш, дод аз нигохи масташ,

Яъне, ки аз вучудам, дигар намонд, ки хастам.

Пурсид  зохид  аз  ман « Донй, ки хаќ чй бошад?»,

Гуфтам: « Хаќиќат ин аст, ман масту майпарастам».

Маќсуд  аз ин ду дунё  нушидани  шароб аст,

У ваъда кард, аммо ман ваъдаро шикастам.

Мухаммадалии  Шердил

Соли таваллуд: 1970

Зодгох: Ишќобод

 Нимашаб  буд, ки ман,

Гушаи танги утоќ,

Таку   танхо,

Ва ба дур  аз хамаи  хамхамаи  нуру   садо,

Мегирифтам  зи ту хар  лахза  сурог.

Хама  чо  сокиту  орому  хамуш,

Ошиќон  боз  пареш.

Ман  дамодам  мадхуш…

Ин  хама  рамзу  рамуз ,

Чист дар чашми сиёт,

Ки  чунин  мастаму  саргардонам.

Даври  симои  тамошоии  ту,

Туи як ќоби  ќашанг…

Кумакам   кун,  кумак, эй кухи намак,

Бо ту аз ишќ  сухан  меронам,

Ту  азизи  диламй!

Аз хама  ќиссаи ишќ,

Ман хамин медонам.

Ту шудй  хира ба ман,

Ман шудам махви нигот.

Бол-боле бизан, эй мургаки ишќ,

Нагма сар кун, ки шавам махви садот.

Вах, ки ин ќисса дароз  аст, дароз,

Бонги такбир баланд,

Бипар  аз  шохаи хоб.

Субх  шуд,  ваќти намоз,

Бо  тапишхои   нигохи  ту  вузу  мегирам.

Эй ќанорй, напарй!

Бе  ту  ман  мемирам…

Ширин   Рахимй

Соли таваллуд: 1973

Зодгох : Техрон

Бегонахо…

 Касе   расида  аз рох,

Гунг,

Сард,

Ва   ноошно!

Ачиб…

Шабехаи туст, аммо,

Чояш  дар  он  дурдастхо.

Чо   гузошта   нигохатро,

Дар нигох  бегонаи  дигар…

Шарора   Исмоили

 Соли  таваллуд: 1974

Зодгох: Техрон

Китобе  бо  номи « Фаќат ту бехтарини»чоп кардааст.Хунари наќќоши низ дорад.

Fурбати   дил

Киссаи  нарафтану   мондан,

Туи   гурбати   дилат.

Киссаи   гузаштан

Аз   хар  чи   ќашангист  туи дунё,

Киссаи   зиндони   шудани  кабутари  ишќи  дилам  туи  чашмот.

Киссаи   мурдану   нахондан,

Туи чамъи чилчилахои  ошиќ,

Киссаи  набудану  надидан.

Киссаи  зебоии  туи  дили  ошиќ.

Киссаи   нараќсидани  шопаракхои  руи  гулбаргхои   диле.

Киссаи   афсус  мондан   барои  дил,

То  ба  охир…

Худиса  Хусейни

 Соли  таваллуд:  1978

Зодгох: Коимшахр

Номи дафтархои  шеър:

  1. «Печак»
  2. «Борон»
  3. «Таваллуд»
  4.  

  5. «Фаришта»

Оќибат

Оќибат ,

Дур аз ту мемирам.

Зане, ки ин хама ошиќи ту буду хар шаб,

Он ќадр хотира  мешумурд,

То хобаш  бибурд.

Рузе аз дурии  хамешагии  шонахои ту

Хохад мурд.

То охирин хотираи бе ту будан,

Ранги хобе шуд,

Ки харгиз бедори-ш нест…

Зушо   Биронванд

Соли  таваллуд :1981

Зодгох : Хуррамобод

Дафтархои   шеър :

  1. «Бахои  мухаббат»
  2.  

  3. «Шуру  сармасти»
  4.  

  5. «Ёдам  омад»

Ходиса

Ходиса   омад,

Ва

Ман  дилам  гирифт.

Хар чи  ба  худо  нигох  кардам,

Гуфт:

«Дам  назан!

Ва

Бикуш!»

Амир  Шикебо

Соли   таваллуд : 1982

Зодгох : Техрон

Навиштахо:

1.«Умед»

2.«Боз  хам  ошиќи»

3.«Достони  хилќат»

4 «Рухи  навозанда»

5 «Сиёсатбози»

Барои ман «пуст»* кун,
«Одрисатро»* ба нишони номаам,
Дуруст замоне, ки дар сатри саввум,
Катраи ашке-нуќтаи поёни он мешавад.
Замоне, ки чавхари мидодам
Хушк шуд.
Замоне, ки когази сафед руи мидоди даврони кудакихоям,
Таронаи «баргард, баргард» менависад.
Ин xо хануз  ќофия радифи такрори танхоии ман аст,
Ту…
Дастури забони модарии мани.
Мемонам,
Мерави,
Мемонад!
Гито   Точбахш Соли  таваллуд: 1987Зодгоњх:  ИронРаќс  бо  сози  МавлавиАз ишќу аз  савдо  бигу,

Аз  дилбари  раъно  бигу.

Аз  он  махи  якто  бигу,

Аз  ман  бигу,  аз  мо  бигу.

Аз  гиряхои  хандахо,

Аз  мурдахои   зиндахо.

Аз  бандхо,  аз  бандахо,

Аз  хар  гули  сахро  бигу,

Аз  ќатра  то  дарё  бигу.

Гум  шав  ту  дар  огуши  ман,

Афсона  гу  бар  гуши  ман.

Кун  тира  аќлу  хуши  ман.

Аз  ухриву  уќбо  бигу,

Аз  узлати  дунё  бигу.

Хуршеду  махро  чом  кун,

Субхе  ба  ќалби  шом  кун.

Сад  фитна  дар  айём  кун.

Аз   руиши   начво  бигу,

Аз  ќудрати  руъё  бигу!

Боз  о, ки мо  якто  шавем,

Ду  «ман»  будем,  як  «мо»  шавем.

Пахно  шавем,  дунё  шавем.

Аз  Вомиќу  Азро  бигу,

Аз  Кайсу  аз  Лайло  бигу!…

Май 14, 2010 - Posted by | Маликнеъмат, Назм, Точикистон, Фарханг ва адабиёт, Чехрахои мондагор, Iran, Mavlono, Poet | , , ,

2 комментария »

  1. Ту аз хома бипурсидц, ки аз чц ранг мегирад?
    Садояшро шунав охир, ки бо дил жанг мегирад.
    Биларзад хома дар дастам, вале роз аз дилам
    пурсам,
    Ки аз адвори кц ногаь ьама оьанг мегирад?
    Надонистам, намедонам, вале хоьам бидонистан,
    Ки дил аз нури щайби ту чц сон фарьанг
    мегирад?
    Маро эй дил, напурсидц, ки боре рози худ г=ям,
    Ыалам, ьарфе аз + г=ц, нафас чун чанг мегирад.
    Вужуд аз ыисматам кайьо ьамохангц биом=зад,
    Рухамро нест чин, аммо дилам ожанг мегирад.
    Ба Фарзона нашуд пайдо ьамон сирре,ки меч=яд,
    Диламро ин надонистан чц танготанг мегирад.

    комментарий от Фарзонаи Зарафшони | Октябрь 12, 2010 | Ответить

  2. Фарзона салом! Қаблан шеърҳои шуморо дар сафаҳоти матбуот хонда, хеле хушам омада буд. Сониян иштироки шуморо дар курс — конфронси адибони чавони вилояти Суғд табрик мегўям. Ва ниҳоят ин шеъри шумо, ки дар поварақи «Ирони суханчавон дарёфтам, ҳассостарин намунаи шеъри точикист. Муваффақ бошед!

    комментарий от Маликнеъмат | Октябрь 13, 2010 | Ответить


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: