«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Номҳои суғдӣ дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ


ДеваштичСоли 1932 аз деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ тавассути чӯпони таҳҷоӣ ва баъдан мактаббачагоне, ки машғули бозӣ дар доманаҳои кӯҳи Муғ буданд, дастаи қогазҳое ёфт шуд, ки дар он бо хати номаълум навиштаҷоте дарҷ ёфта, аз бозёфти нодире дарак медод. Аммо ба гуфтаи як нафар хонандаи мо-Ансор, сабадро дар деҳаи Варзи Манор не, балки дар деҳаи Хайрободи ҷамоати Дардар  (17 км аз Варзи Манор) ёфтанд. Баъдан мактаббачаҳо не, балки шубон Ҷӯра онро ёфта буд. Чун бачаҳо ва чӯпон ин навиштаҳоро ба  омӯзгори деҳа нишон доданд, ӯ тасмим гирифт, ки Академияи улуми Тоҷикистонро аз ин бозёфт хабардор кунадБаъди ин огоҳӣ соли 1933 экспедитсияи фарохи ҳафриётии АИ СССР дар кӯҳи Муғ оғоз гардид. Маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои ёфтшуда мансуб ба бойгонии Афшини СуғдДеваштич дар асри 8 буда, дорои аҳамияти бузурги илмиянд. Баъдҳо ба ҷуз ин қоғазҳои навишта боз тиру пайкон, найзаву камон, инчунин 6 тангаи нуқрагини истеҳсоли Чин ва як драҳмаи сосониёни замони Варахрони 5 ёфт гардид. Аммо ба андешаи мо беҳтарин бозёфт ҳамона навиштаҳои коғазӣ бо забони суғдӣ буданд, ки дар онҳо маълумоти муҳим дар бораи ҷуғрофиёи натанҳо маҳали водии Зарафшони имрӯза, балки тамоми Тоҷикистони кунунӣ вуҷуд дорад. Масалан дар бораи шаҳри Панҷикант чунин маълумотеро дастрас мекунем, ки дар қатори Самарқанд ва  Иштиҳон яке аз шаҳрҳои бузурги Суғд ба ҳисоб рафта, дорои Муғкадаи хос ва салоҳияти сикка задании асъори суғдӣ будааст. Мо дар ин ҷо аз  мазмун ва мундариҷаи умумии ин ҳуҷҷатҳо истифода бурда ба қароре омадем, танҳо ба се бахши он, яъне 1. Номҳои одамон, ки дар он ҳуҷҷатҳо дарҷ гардидаанд. 2.Номи шаҳрҳо ва деҳаҳо. 3.Номи дин, оин ва мазҳабҳои суғдӣ ба тариқи додани тавзеҳи мухтасар иктифо намоем. Зеро итминон дорем, ки ин маълумот барои доираи васеи хонандагон ва ҳаводорни таърихи диёр аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Номҳои  одамон

Деваштич (δyw’štyč) ихшиди Суғд, афшини Самарқанд.

Ёдахшиётак падари Деваштич

Ривахшиён (ryw’γšy’n) номи ҳокими Бартан.

Ротифарн(rtyprn)  — ҳукмдори Чоч, аз тобеони Деваштич.

Ривашк (ryw’šk) номи як сарбози суғдӣ

Виштам (wyšt’m) ҳукмдори Киштут.

Алутар шоҳи Фарғона, аз тобеони Деваштич.

Афарун шоҳи Хохсар, аз тобеони Деваштич.

Пураштуз шоҳи Мадрушкат (Мастчоҳ).

Амоғиён ҳокими Панҷекат, пеш аз Деваштич.

Бидён шаҳрдори Панҷекат

Апарғарноми писари Бидён

Ғурак ҳамасри Деваштич, ҳокими вилояти Суғд.

Маҳён номи сарватманди Мадрушкат (Мастчоҳ)

Турғар ҳукмдори Суғд дар миёнаи асри 8, писари Ғурак.

Тархун (trγwn) ҳамзамони Деваштич, ҳокими Суғд.

Ухушмарикамалдори мадрушкатӣ (Мастчоҳ)

Рамн номи шахсе аз касабаи чармгарӣ

Навён косибе аз Мадрушкат (Мастчоҳ)

Пиртар косибе аз Фалғар (Айнӣ)

Эжвандак косибе аз Панҷекат

Гив косибе аз Самарқанд

Хун нафаре аз Чоч

Зандурак нафаре аз Усрушан ( Истаравшан)

Канчғудокнафаре аз  Суғд.

Шишпир –ҳокими Суғд дар ниммаи авали асри 7.

 

Номи  мавзеъҳо

Панҷкат Панҷекат (қароргоҳи Деваштич)

Моғиён (m’γу’n) деҳаи маъруф дар Панҷекат

Мартушкат(mrtškt) –Мадрушкатноми деҳа дар Мастчоҳ. Маркази Мастчоҳ дар Суғди бостон.

РомушРиёмутки ҳозира ( Мастчоҳ)

Хохсар Ҳисор

Вошгирд (W’skrt)  Сиёвушгирд. (ҳозира Файзобод)

Говинк Говин. (Фалғар)

Ғурфкатноми деҳа.

Марғиф номи мавзеъ дар Фон.

Вардочит номи мавзеъ дар Мадрушкат. (Мастчоҳ).

Бартан Бартанг (Бадахшон)

Канд  — Конибодом

Абарғар Фалғар (Айнии ҳозира)

Куштут(kwštwt) номи мавзеъ дар Панҷекат

Варағсарсарҳади ғарбии Суғд

Шавдарасарҳади шарқии Суғд (Бадахшон)

Иштихон яке аз шаҳрҳои бузурги Суғд

Бунҷикат яке аз шаҳрҳои бузурги Суғд (Панҷекат)

Пешхувадноми ҳозираПакшиф (Мастчоҳ)

Тутишкат(Twtyskt) Ғурфкат (Турфекат),(Айнӣ)

СурхатСурхкат ( Мастчоҳ)

Арнохум Арнохун (Мастчоҳ)

Ҳадишахр Ҳаддишаҳр ( Мастчоҳ)

Узворноми деҳа дар Мастчоҳ

Ғузн номи деҳа дар Мастчоҳ.

Пастиғав деҳа дар Мастчоҳ.

Панч(рnč) — Панҷекат

Фурновад (βwrnw’δ) яке аз рустоқҳои Суғди Самарқанд

Искотар (‘sk’trh) Искодар (Айнӣ)

Хишиканд(‘γšyknδh) Хушекат ( Айнӣ)

Варз (βrz) Варзи Манор (Айнӣ)

Крут(krwt(h)) Куруд (Айнӣ)

Фатмиф (βtmyβh)- Фатмев (Айнӣ)

Похут (p’γwth,) номи мавзеъ (Айнӣ)

Фатмовут(βtm’wt) номи деҳа

Дарғовут (δrγ»wt(h)) Дарғ (Айнӣ)

Вишап (βyš’ph) Вешаб (Айнӣ)

 Анзоб (‘nz’βh) Анзоб (Айнӣ)

Яғноп Яғноб (Айнӣ)

 

Номҳои  динҳо

Мағупат муғбад, муғбод, мӯъбад, сарҳанги оини зардуштӣ дар Буттамон. (Мастчоҳ, Фалғар, Панҷекат)

Вағнпат сарҳанги оини зардуштӣ дар Самарқанд.

Зурвонпат(z-r’wnp’t) ҷараёни динии зидди маздоясноӣ. (Киштут)

Рашно мазҳаби зардуштӣ. (Фалғар)

Митро ҷараёни дини зардуштӣ.(Мастчоҳ)

Ремон ҷараёни мазҳабӣ. (Фон/Яғноб)

Март 11, 2013 - Posted by | Назм

2 комментария »

  1. Зинда бошед, устод Маликнеъмат! Бехтарин матолиб

    комментарий от Фазлиддин | Март 28, 2013 | Ответить

  2. Бобо,
    Сабадро дар деҳаи Варзи Манор не, балки дар деҳаи Хайрободи ҷамоати Дардар ёфтанд (17 км аз Варзи Манор) ёфтанд. Баъдан мактаббачаҳо не, балки шубон Ҷӯра онро ёфта буд.
    Боқӣ довар Худованд!

    комментарий от Ансор | Апрель 18, 2014 | Ответить


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: