«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Муқаннаъ ва Моҳе, ки ӯ сохта буд


Мохи Муканнаъ Муқаннаъ (Ҳошим фарзанди Ҳаким)-ро аксар ҳамчун сарвари шӯриши «Сафедҷомагон» бар муқобили хилофати Аббосиён дар аҳди халифа Ал-Маҳдӣ (солҳои 775-785) мешиносанд. Аммо кам андар кам касон аз шахсияти асрорангези ӯ огоҳӣ доранд.

1.Дар бораи таърихи валодати ин фарзанди бузурги тамаддуни башарӣ дар ҷое маълумоте дарҷ нашудааст(!). Ё ин ки ин маълумот бо сабабҳое дастраси имрӯзиён нагардидааст.

2. Дар айёми ҷавонӣ тамоми илмҳои пешқадами замонаашро, мисли кимиё, симиё, нуҷум, фалсафа, тиб, физик, оптик, ҳатто якчанд забони қадимиёнро мисли авастоӣ, санскрит, чинӣ, юнонӣ, тозӣ ва ғайраҳоро дар қатори забони модарии худ-суғдӣ медонист. Минбаъд алломаҳое чун Берунӣ ва Сино аз ихтирооти ӯ шигифтзада шудаанд.

3. Ҳамеша дар рӯй ниқоби тиллоӣ дошт ва касе чеҳраи аслии ӯро надида буд.

4. Вай Моҳе сохта буд, ки шабонгоҳ аз чоҳи Нахшаб (дар кӯҳи Сиём) берун меовард ва онро дар баробари моҳи осмон қарор медод. Моҳи Муқаннаъ дар тӯли 70 шаб то қутри зиёда аз 40 километрро равшан менамуд.

5. Вақте, ки Муқаннаъ аз дасти арабон гирифтор ва маҳкум ба зиндони Бағдод гардид, арабҳо аз хавфи фирори ӯ қад-қади Амударё ҳазорон савораҳои худиро ба нигоҳубинӣ гумоштанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама чораҳо ба Муқаннаъ муяссар шуд, ки аз ин зиндон фирор кунад.

6. Истеҳкоме мисли қалъа дар кӯҳи Сиём бунёд карда буд, ки лашкари ҷаррори араб дар муддати 4 моҳ ( дар баъзе маъхазҳо- 14 моҳ) онро фатҳ карда натавонистанд.

7. Мегӯянд, ки ӯ Офтоби сунъӣ низ сохта буд.

8. Муқаннаъ дар лаҳзаҳои охирин ноаён ғайб зад.

Аз замони зиндагии Муқаннаъ то имрӯз дар бораи ӯ ҳазорон навиштаҳо дар аксари забонҳои рӯи олам вуҷуд доранд. Барои хонандагони имрӯза дастрастарин сарчашмаҳоро бо забони тоҷикӣ пешниҳод менамоем: 1. «Таърихи Табарӣ»-Муҳаммад ибни Ҷарир Аттабарӣ 2. «Таърихи Бухоро»- Муҳаммад Наршахӣ 3. «Сиёсатнома» — Низомулмулк 4. «Хусрав ва Ширин» — Низомии Ганҷавӣ 5. «Равзатуссафо»-Мирхонд 6. «Исёни Муқаннаъ» — Садриддин Айнӣ. Зиндагиномаи Муқаннаъ Мегӯянд, ки Муқаннаъ дар рустои суғдии Коза, ки миёни шаҳрҳои Балх ва Марв қарор дошт аз оилаи козар (шустагар) –е бо номи Ҳаким ба дунё омадааст. Хонаводаи онҳо натанҳо либосҳоро шустагарӣ мекарданд, балки инчунин ба либосҳо оҳар ( як навъ маҳлули кимиёии тозакунанда) низ медоданд. Дар касби табибӣ низ шуғл доштанд. Дигар дар бораи айёми кӯдакии Муқаннаъ чизе дар сарчашмаҳо пайдо нашудааст. Танҳо ҳамин маълум аст, ки Муқаннаъ дар айни ҷавонӣ, ҳангоме, ки ҳамагӣ 20-сол дошт, ба шӯриши Абумуслими Хуросонӣ, ки зидди истилогарони араб меҷангид, пайваст. Абӯмуслим он қадар ба ӯ эътимод баста буд, ки дар ниҳоят Муқаннаъро ба ҳайси нақиб ( мушовир ва сарҳанг) аз ҷумлаи хосони худ гардонид. Баъди кушта гардидани Абӯмуслим ба фармони халифа Абӯҷаъфар Ал-Мансур Муқаннаъ низ гирифтор ба зиндони Бағдод гардид, ки дар натиҷа се сол, яъне аз соли 764 то соли 767 он ҷо монд. Арабҳо аз хавфи фирори ӯ қад-қади Амударё ҳазорон савораҳои худиро ба нигоҳубинӣ гумоштанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама чораҳо ба Муқаннаъ муяссар шуд, ки аз ин зиндон фирор кунад. То ин замон дар сарчашмаҳо ёд нашудааст, ки Муқаннаъ (ба тоҷикӣ маънии ин калима «ниқобпӯш» аст) ниқоб пӯшида бошад. Сабаби ниқоб пӯшидани Муқаннаъро сарчашмаҳо ҳар хел шарҳ медиҳанд. Масалан, муаллифи «Таърихи Табарӣ» мегӯяд, ки Муқаннаъ як одами зиштандом ва ба як чашм аҳвал (каҷ) буд. Аз ин боис ҳам ниқоб дар рӯ мекард. Садриддин Айнӣ ба ин андеша мухолифати худро изҳор намуда, менависад, ки « Дар ҷомеъа одамони зиштрӯ ё аҳвалчашм бисёранд, аммо танҳо ба хотири зиштӣ ё аҳвалии модарзодӣ ҳеҷ инсони соҳибақл ба рӯ ниқоб намегирад». Дар ин бора ҳақ ба ҷониби Садриддин Айнист. Муаллифи «Равзатуссафо» менигорад, ки «Муқаннаъ одамаке зиштрӯ ва нафратангез буд. Аз ин сабаб лозим медид, айбҳои худро бо ниқоб пӯшонад». Аммо боз ҳам Айнӣ зид баромада мегӯяд, ки «Ин суханҳоро танҳо барои бадном кардани душмани ашадии худ ва паст задани эътибори ӯ арабҳо бофта баровардаанд. Вагарна як «Одамаки зиштрӯ ва нафратангез» чӣ гуна метавонад Хуросон ва Мовароуннаҳро муттаҳид карда ба по бихезонад?» Дар сарчашмаҳои дигар гуфта мешавад, ки арабҳо ӯро ҳангоми дар зиндони Бағдод буданаш ба ҳамин аҳвол расонидаанд. Ин ишора андаке ба ҳақиқат майл мекунад. Вале, баъдан устод Айнӣ сабаби ниқоб ба рӯ кардани Муқаннаъро чунин шарҳ додаст: «Муқаннаъ баъди фирор карданаш аз зиндон, хост кори Абӯмуслимро идома бидиҳад. Барои он ки ҷосусони араб ӯро нашиносанд, ниҳоят ба рӯ ниқоб гирифт». Ин андеша чандон саҳеҳ ба назар намерасад. Агар гӯем, ки ин чора то он даме лозим буд, ки ӯ аз зиндон гурезад ва касе ӯро нашиносад, баръакс пӯшидани ниқоб шубҳаи посбононро зиёд мекард ва ӯро фавран дубора боздошт менамуданд. Агар мақсади устод Айнӣ он бошад, ки «Минбаъд ӯро нашиносанд» Муқаннаъ бо ин ниқоб дар муҳорибаҳо амал мекард ва ниқобпӯшии ӯ дар тамоми атрофу акноф шӯҳра шуда буд. Дар он ҳолат ёфтани Муқаннаъ чандон мушкил намегардид, зеро ягона касе, ки ниқоб дошт, ӯ буд. Дар ин ҷо як далели ҷолиб аз фармудаҳои худи Муқаннаъ меорем. Ҳангоме, ки сафедҷомагон аз сипаҳсолори худ Муқаннаъ пурсиданд, ки «Худовандгоро! Мехоҳем, ки боре рӯи худро ба мо бинамоӣ» ӯ посух дод; «Рӯи ман ниҳоят зебо ва ғайриоддист. Бим аз он дорам, ки аз фарри Аҳуроии ман шигифтзада шавед ва тоб наёред». Мӯътақидони Муқаннаъ исрор варзиданд, ки «Ҳар чӣ ҳам бошад, мехоҳем, ки ҷамоли худ бар мо намоён кунӣ! То агар бимирем, аз шуъои талъати рӯи ту бимирем.» Муқаннаъ баъди ин ҳама розӣ шуд ва фармуд, ки бомдоди дигар биёянд ва рӯи ӯро бубинанд. Аз ин пас, фикр мекунем, ки сарчашмаҳои мавҷуда ҳақиқатро ҳазф кардаанд ва мегӯянд, ки «Чун бомдод бирасид, Муқаннаъ ҳафтод нафар аз наздикони худро хонд ва ба дасти ҳар яке оинае бузург бидод ва фармуд дар муқобили хуршеди тулӯъкардаистода рӯ ба рӯи ҳам бидоранд. Ва мардуме, ки барои дидани ин аҷоиб омада буданд, диданд, ки чӣ гуна сар то сари кӯҳи Сиёмро шаъшаъаи рушноии чашмхиракунанда фаро гирифт. Ва ҳама ба зону афтоданд, ки «Бас аст! Аз ин зиёда тоқат надорем». Ин ҷо шубҳае бармеояд, ки чӣ гуна як инсони донишманд ва сипаҳсолори варзида барои гӯл задани ин қадар сафедҷомагони сарсупурдааш шаъбада («иллюзия»)-ро, бо дарёфт кардани 70 одам ва 70 оинаи бузург, ки ташвише зиёдатист, ба кор барад. Магар сафедҷомагон, ки қариб буд, лашкари арабро шикаст диҳанд, бисёр аҳмақ буданд, ки фарқи оина то рӯшноии ҳақиқиро дарк накунанд? Ин ҷо чӣ асрорест? Муқаннаъро, дар бисёр сарчашмаҳое, ки баъд аз зуҳури ислом навишта шудаанд, сиёҳ карда, ҷодугар, найрангбоз ва «иллюзионист» номидаанд. Аммо маълум аст, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ тамоми илмҳои пешқадами замонаашро, мисли кимиё, симиё, нуҷум, фалсафа, тиб, физик, оптик, ҳатто якчанд забони қадимиёнро мисли авастоӣ, санскрит, чинӣ, юнонӣ, тозӣ ва ғайраҳоро дар қатори забони модарии худ-суғдӣ медонист. Минбаъд алломаҳое чун Берунӣ ва Сино аз ихтирооти ӯ шигифтзада шудаанд. Яқин, ки ӯ як инсони ҳамадон, олими тавоно, донишманди закӣ ва як фарди ғайриоддӣ буд. Вақте ки ҳаракати сафедҷомагон сар то сари хилофатро фаро гирифт ва хавф ба миён омад, ки ислом аз байн биравад, халифа Маҳдӣ амр дод, ки тамоми лашкари ислом ба зидди сафедҷомагон равона карда шавад.Ҳангоме ки лашкари араб бо сардории Ҷабраил ибни Яҳё назди дарвозаҳои Самарқанд омад, волии Самарқанд – Ҳусейн ибни Маоз буд. Ин ҳарду лашкар фароҳам оварда аввал хостанд шӯриши Наршахиёнро пахш кунанд. Аммо муҳориба 4 моҳ идома кард ва чунон, ки Наршахӣ, ки худ зодаи ин шаҳр аст, менависад; «Шабе набуд, ки сафедҷомагон бар лашкари араб шабохун назананд ва ҳазорон кушта бар ҷой нагузоранд». Маҳз дар ҳамин ҳарб бародари Ҷабраил – Язид ибни Яҳё низ кушта гардид. «Сафедҷомагон» бештар шабона бар душман ҳамлавар мешуданд. Арабҳо дар бораи ихтироъоти булъаҷабе, ки мардум ба Муқаннаъ иртибот медоданд, мешуниданд, аммо ин ҳамаро афсона пиндошта бовар намекарданд. Замоне, ки ба ҷойгоҳи Муқаннаъ наздик шуданд, диданд, ки истеҳкоме мисли қалъа дар кӯҳи Сиём бунёд карда буд ва ин қалъа бо деворҳои баланд иҳота шуда роҳи даромад надошт.Чун шаб фаро расид ва торикии чашмногузар ба атроф паҳн гардид, дар қатори моҳи осмон аз пушти кӯҳи Сиём моҳи дигаре баромад, ки лашкари арабро ҳайратзада намуд. Ҳама, ки дар ин бора қаблан шунида буданд, мегуфтанд; «Ин моҳи Муқаннаъ аст!» Муқаннаъ Моҳе сохта буд, ки шабонгоҳ аз чоҳи Нахшаб (дар кӯҳи Сиём) берун меовард ва онро дар баробари моҳи осмон қарор медод. Моҳи Муқаннаъ дар тӯли 70 шаб то қутри зиёда аз 40 километрро равшан менамуд. Ин мӯъҷизаро дар таърихи башарият бо номҳои «Моҳи Муқаннаъ», «Моҳи Сиём», «Моҳи Нахшаб», «Моҳи Чоҳ», «Моҳи Маснуъ» ёд кардаанд. Аммо бештари муҳаққиқони қадим барои бад кардани Муқаннаъ онро аз шаъбадабозиҳои навбатии ӯ мепиндоранд. Ҳам муаллифи «Таърихи Табарӣ», ҳам Наршахӣ ва ҳам Низомӣ. Масалан, Низомии Ганҷавӣ бар он аст, ки ин ҳодиса ба ҷуз аз фиреби назар чизи дигаре нест. Балкӣ истифодаи симобаст, ки дар зери чоҳ рӯи зарфе гузошта шудааст ва чун моҳи осмон ба авҷ бирасад, акси он дар чоҳ мунъакис гардида, бозгашт дар гӯшаи дигари осмон тарҳи моҳи дурӯғин пайдо мешавад. Аз муҳаққиқони қадим танҳо Сино ва Берунӣ дар мукотиботи худ ба ин масъала боэҳтиётона изҳори андеша намуда, ангушти ҳайрат газидаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо андешаҳои муосиронааш Моҳи Муқаннаъро як навъ «прожектор» медонад, ки Муқаннаъ барои шабохунҳои ҳарбиаш бар зидди лашкари араб аз ташт ва симоб ихтироъ кардааст. Муҳаққиқони замони имрӯз, ҳодисаи Моҳи Муқаннаъро ба таври схематикӣ чунин ифода кардаанд: Сарбастатар аз ин ҳама охирин лаҳзаҳои ҳаёти Муқаннаъ ба шумор меравад. Муқаннаъ бар посухи мӯътақидони сафедҷомааш мегӯяд: «Чун охирин лаҳзаҳои ҳаёти ман фаро бирасад, ман ба осмон ғайб хоҳам зад. Аммо мунтазир бошед, чунки ман ба зуддӣ бозпас сӯи шумо хоҳам омад». Наршахӣ мегӯяд, ки «Вақте лашкари бешумори Ҷабраил ибни Яҳёи араб қалъаи Муқаннаъро муҳосира намуд, 14 моҳ он ҷо буд, аммо қалъаро фатҳ карда наметавонист. Чора ва макру фиреби бисёреро истифода кард, аммо ҳеҷ натиҷа намешуд. Ноилоҷ ҳама лашкар, он ҷо доиман хайма заданд ва ихтиёри зиндагӣ намуданд. Ба умеди он, ки обу хӯроки даруни қалъа тамом бишавад ва барои бошандагони он дигар чорае ҷуз таслим боқӣ намонад». Чуноне, ки дар «Таърихи Табарӣ» гуфта мешавад, вақте Муқаннаъ донист, ки кори ӯ тамом шудааст, ба ходими худ- Тадрон фармуд, то аҳли ҳарами ӯро, ки иборат аз сад нафар зан буданд, фаро хонад. Баъд ба дасти ҳар яке аз онҳо пиёлае шароб дод, ки андаруни онҳо заҳр андохта шуда буд. Чун бихӯрданд, ҳама бимурданд. Танҳо як нафар зан, вонамуд кард, ки гӯё шароб хӯрдааст, аммо шаробро ба даруни гиребонаш рехта буд, зинда монд. Он зан медид, ки чӣ гуна Муқаннаъ чун дид, ки аҳли ҳарамаш ҳама мурдаанд, шамшер бигирифт ва ходими худро низ кушт. Баъдан худро ба даруни кӯраи оташ, ки қаблан омода карда буд, партофт. Ин корро, гӯё барои он кард, ки аз вай асаре боқӣ намонад ва мардум донанд, ки вай ба осмон рафтааст.Баъд гӯё ҳамон зани зиндамонда рафта дарро ба рӯи лашкари араб мекушояд ва қалъа фатҳ мешавад. Ин далелҳо ҳам бовар карданист ва ҳам бовар карданӣ нест. Барои он бовар карданист, ки вақте ҷо танг омад ва дигар илоҷ нашуд, барои ба дасти душман наафтодан ба ҷуз аз худкушӣ дигар роҳе намемонад. Лекин чаро маҳз бо шароб? Магар об аз шароб дида арзонтар ва дастрастар нест, ки дар он заҳр андозанд ва бихӯранд? «Шароб»-ро муаллифон танҳо ба хотири бадном кардан бо баҳонаи «шаробхор» нишон додани «сафедҷомагон» истифода бурдаанд. Фарз кардем, ки Муқаннаъ худро дар кӯраи оташ андохт ва бисӯхт. Бояд устухонҳои сиёҳшудааш дар муддати як-ду дақиқа, ки то боз кардани дари қалъа гузашт, пайдо мегардид. Чаро осоре аз ӯ наёфтанд? Баъдан, муаллифи «Таърихи Бухоро» аз забони шоҳидони пештара мисол оварда, то тавонистааст Муқаннаъро «сиёҳ» кардааст. Магар ҳамаи инҳо фармоишӣ ба назар намерасанд? Сохтани моҳи сунъӣ, бо кадом воситае, ки набошад, кори ҳар кас нест. Магар бад аст, фарз бикунем, ки агар дар замонаи мо чунин моҳ сохта шавад ва хиёбонҳоро равшан намояд? Муҳамад Иқбол мефармояд, ки: Ҷаҳон Ӯ офарид, ин хубтар сохт, Магар бо Эзид анбоз аст одам? Мегӯянд, ки Муқаннаъ ҳамагӣ 38-40 сол зиндагӣ кардааст. Дар муддати кӯтоҳи умраш номи ӯ дар сархати ҷаридаҳои ҳазорсола қарор гирифт. Бо ин хулоса, магар метавонем ҳадс бизанем, ки ӯ як инсони баднамо ва шаъбадабоз будааст?                                                      9 январи 2014

Февраль 17, 2014 - Posted by | Чехрахои мондагор

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: