«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Чун шудӣ бар бомҳои осмон…


          (Бахшида ба ёдрӯзи марҳум, устод Абдуманнони Насриддин»)

            Абдуманнон НасриддиновУстод Абдуманон Насриддинов дар муддати фаъолияти илмиву адабии зиёда аз сисолаашон дар радифи нобиғагони илму адаби тоҷику форси ниммаи охири асри 20 ва ибтидои қарни 21, монанди Аҳмад Гулчини Маонӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шафеъии Кадканӣ, Мирзо Аҳмадзода, Орифи Навшоҳӣ, Муҳаммад Осимӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Аълохон Афсаҳзод, Амон Нуров, Темур Мақсудов, Саъдулло Асадуллоев, Алиасғари Шеърдӯст ва Гарморудӣ қарор гирифтаанд. Заҳматҳои ин марди ҳунар ва  ин фарди нотакрор асосан сари ҷанбаҳои луғатшиносӣ, шарҳнависӣ, нақди адабӣ, таърихи адабиёт, матншиносӣ ва Қуръонпажуҳӣ равише густарда касб намудааст.

      Ҳамчунон, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар сомонаи худ аз  устод ёд кардааст, дар зимн чанд нуктаеро аз хидматҳои он кас намуна оварда, менигорад: « Аз ҷаноби оғои Нариддинуф 20 унвон китоб, беш аз чаҳорсад унвон мақолоти илмӣ дар Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Узбакистон интишор гардидаанд».

 Ибтидои фаъолияти устод Насриддинов аз рӯ оварданашон ҳамоно ба мушкилтарин паҳлӯи таҳқиқи адабӣ – луғат ва луғатшиносӣ будааст. Самараи талошҳои мудовим ва бесобиқаи ин кас таҳқиқу баррасии нигоштаҳое чун «Шамсуллуғот» ва «Фарҳанги мухтасари адабиёти тоҷик» ба шумор меравад. Марҳум-устод донандаи хуби луғоти классик ва муосир буданд. Ҳар гоҳ, ки дар ҷаридаҳо, ё ки дар гуфтугӯи зиндаи халқ иштибоҳеро дармеёфтанд, фавран ба ислоҳи он мекӯшиданд. Яке аз нигоштаҳои ин кас доир ба ин мавзӯъ дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11 таҳти унвони «Балхи Бомӣ ё Балхӣ Шомӣ» ҷойгузин гардидааст, ки дар ғояти мӯшикофӣ ва ниҳояти муассирият фароҳам омада.

Шарҳнависӣ паҳлӯи дигари фаъолияти пажӯҳишгарии устодро ташкил медиҳад. Дар ин росто навиштаҳое чун  «Маърифат ва шарҳи адабиёт» ва нусхаи ба забони русӣ тарҷума шудаи он «Познание и комментирование литературы» — Интишороти «Ирфон», соли 1991, «Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик»,

«Писатель и комментатор художественной литературы», интишороти «Дониш» 1990. «Сеҳри мубин», Интишороти Хуҷанд, соли 1997. рӯи кор омадаанд.

Нақди адабӣ яке аз ҷанбаҳои дигари таҳқиқоти устоди равоншод  мебошад. Силсиламақолаҳои устод доир ба мақоми маънавӣ, ҳолнома ва осори бузургони тариқати нақшбандӣ шоёни таъкид аст. Дар ин мақолот профессор Абдуманнони Насриддин  пиромуни ду қутби тоифаи нақшбандӣ – Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ва Махдуми Аъзами Косонӣ муҳаққиқона ва мудаққиқона андешаронӣ кардаанд. Яке аз хизматҳои арзишманди ин пажӯҳишгари хушкор нақду таҷзияи китоби «Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш» аст, ки таҳти унвони «Саҳлангорӣ ё гирифтории мурғи зирак» ки аз нигоҳи фаҳму идроки матолиби тариқати нақшбандӣ ва ҷаҳоншиносии онон бешоибаву беқиёс аст. Ба қавли устоди марҳум «…ба ҷуз муқаддима, ки гуфта омад, арзишманд аст, имкон надорем, дар ин китоб саҳифаеро дарёбем, ки хатову иштибоҳоти хурду бузург надошта бошад». Ҷиҳати истидлол бар ин гуфта аз мақолаи устод ба ҳайси шоҳид як-ду намуна меорем:

Чунин ки ман зи фироқат ба сар даромадаам,

Парам ту даст нагирӣ, кучо тавон бархост.

 

«Кучо» тасҳеҳшудаи «куҷо» мебошад. Аҷибтар он аст, ки дар мавориди бисёр ( ҳудуди 50 бор) ин ғалат такрор шудааст. «Кучо» ба маънии кӯч бардоштан аст ва аз ҷонишини суолии «куҷо» фарқи зиёд дорад. Дар ҷои дигар байти охири маснавиеро чунин навиштаанд;

Ҳабл афкан додро озод кун,

Банда шав, бе «ҳо»-ву «вов»-аш ёд кун.

 

Манзур «ҳу»-и дарвешон аст, ки ҳангоми ваҷд нидои «Ё ҳу»-ро сар диҳанд. Нусхаи саҳеҳи байт бояд чунин навишта шавад:

«Ҳо» бияфкан, «вов»-ро озод кун,

Банда шав, бе «ҳо»-ву «вов»-аш ёд кун.

 

Ҳамин тавр осори таърихиву матншиносӣ ва нақду тарҷумаҳои устод дар китоби таълифкардаи эшон таҳти унвони «Чиҳил мақола» мураттаб гардидаанд.

      Дар масоили таърихи адабиёт устод Абдуманнони Насриддин ҳамеша хушбинӣ ва ҷонфидоӣ мекарданд. Натиҷаи ин ҳама хушбиниҳо ва ҷонфидоиҳо буд, ки навиштае чун «Рӯдакӣ-устоди суханварони Аҷам»-дар ҳамоише мавсум ба «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва забони тоҷикӣ дар муколамаи фарҳангҳо», бисёр гарм ва гуворо садо дод. Саҳми устод-Абдуманнони Насриддин дар нашри нахустин девони комили  Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Интишор гардидани мақолаи дигари ин кас ба ҳуруфи форсӣ зери унвони «Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ» дар ҷаридаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба ҳайси равшангари як гӯшаи таърихи адабиёт шуморида мешавад.

Устоди марҳум ва зиндаёд дар пиндори мо охирин сӯфии замон, нафаре соҳибтақво ва зоҳиде покфитрат то ҷовидон таҷаллӣ хоҳанд кард. Ду сол қабл аз фавташон ҳамеша аз камина исрор меварзиданд, ки ҳамроҳашон ба Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намоям. Ва ниҳоят бо камоли хушбахтӣ ин сафар муяссар гардид. Соли 1978 ман донишҷӯ будаму он кас устод. Аммо устод ҳамагӣ аз ман 5 сол калон буданду халос. Азбаски он кас дар гурӯҳи 30-нафараи мо куратор буданду ман сардор, ҳамеша моро бо ҳамдигар кор меафтод. Гузашта аз ин,  рӯзи таваллуди ҳардуи мо 20 ноябр воқеъ афтода буд, қи ҳамеша устод хушнудона аз ин мувофиқат ёд мекарданд. Он вақт ҳанӯз рисолаи номзадӣ ҳимоя накарда буданд ва зуд-зуд аз мо шогирдонашон, ман, Носирҷон Салимов, Ҷамила Шодиева, Илҳом Мадалиев хоҳиши рӯбардор кардани матнҳои рисолаашонро мекарданд. Ба камина на ҳамчун шогирд, балки ҳамчун бародар муносибати гарм доштанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам баъди чандин сол аз ман хоҳиш карданд, ки таҳти роҳбарии он кас рисолаи илмӣ нависам. Ва ман  розигӣ додам. Устод ба Мастчоҳ ва мастчоҳиён ҳусни таваҷҷӯҳи беандоза доштанд. Барои ҳамин ҳам ҳамеша сафари диёрии бостонии мо -Кӯҳистони Мастчоҳро дар дил мепарвариданд. Чун сафари якҷояи мо муяссар шуд, ман барои он кас ба ҳукми як экскурсовод номи мавзеъҳоро мегуфтам: Ин мазори Хоҷа Каҷкулоҳ, ин мавзеъро Анбари Соро мегӯянд, ин ҷо марқади Хоҷа Муҳаммади Хуршеди Тобон…Устод аз ин номгузориҳои Кӯҳистон ба ваҷд меомаданд ва ин номҳоро дар дафтарчаи кисагии худ дарҷ менамуданд. Раҳораҳ боре ҳам намози панҷгонаи худро қазо намекарданд ва ҳар ҷо, ки вақт мешуд, ҷойнамоз мегустурданд ва сар ба ибодат фароз медоштанд. Ронандаи мошини моро, ки  як намозро тарк мехост кунаду таҳорат надоштанашро баҳона пеш меовард, накӯҳиш карда водор намуданд, ки таяммум карда намоз гузорад. Устод дар масъалаҳои одоб ва шаръ ниҳоят сахтгир буданд.

            Сӯи деҳаи Хайробод мерафтему мошин аз ноҳамвории роҳ дакка мехӯрд ва моро нороҳат мекард. Вақте, ки ба деҳа расидем, калони деҳаро фаро хонда ба дасташ аз ҳисоби маблағи худашон 1000 сомонӣ доданд, то чуқӯриҳои роҳро шағал рехта ҳамвор намоянд.

              Дар  Теғи Пояки Мадрушкат ба хотири қадам ранҷа намудани устод гӯсфанд сар буриданд ва зиёфате тавъам бо шеъру тарона барпо шуд, ки дар он бародарони ҳунарманд ва хушовози мадрушкатӣ Нормуҳаммад, Абдуфарҳод ва Азизхоҷа Шоевҳо сарояндагӣ карда,  устодро хеле ба ҳайрат оварданд. Ҳангоми сӯҳбат Абдуфарҳод ба устод Насриддинов муроҷиат карда гуфтанд, ки « «Устод шумо ба аҳли Хуҷанд монанд не. Гумон мекунем, ки аз Мастчоҳ бошед». «Рост мегӯед,- гуфтанд устод болида. Падарамон аз бобоҳоямон нақл карда мегуфтанд, ки гузаштагони мо ба Ёва аз ким-кадом гӯшаҳои Кӯҳистон омадаанд.»

             Мураккабтарин ва боифтихортарин самти ҷустуҷӯи илмии он кас «Қуръонпажӯҳӣ» ба ҳисоб меравад. Китоби пурарзиши он кас, ки дар бештари интишоргоҳҳои Эрон мунташир гардидааст «Ошноӣ бо тарҷумаҳои форсии Қуръони Карим» ном дорад. Навиштаи дигар дар ин боб «Нигоҳе ба тарҷумаҳои тоҷикии Қуръони Карим» унвон гирфтааст. Ҳамчунин мақолоте дар ҷароиди Ҷумҳурии Исломии Эрон монанди «Тарҷумаи Қуръони устод Гарморудӣ дар як нигоҳ» дар Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, суханронии устод дар мавзӯи «Имоми Аъзам дар ҷаҳони фикрии суханварони адабиёти тоҷику форс», мақолаи устод дар ҷаридаи «Ҷумҳурият» дар ситоиши Имоми Аъзам таҳти унвони «Номи некаш зевари авроқи девонҳо шуда» аз зумраи шоҳкориҳои адабии устод маҳсуб мешаванд.

Дар фаслномаи Ройзании Фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба хотири сардафтари адабиёти тоҷику форс «Рӯдакӣ» ном гирифтааст, «Вижаномаи Хуҷандшиносӣ» ном навиштаи  устод дар ҳамкорӣ бо Матлуба Хоҷаева низ чоп шудааст.

              Яке дигар аз арзишмантарин осори устод, ки дар Эрон рӯи чоп омадааст, ин китоби «Тазкираи шуарои Хуҷанд» ба хати форсӣ мебошад, ки аз ҷониби ҳаводорони каломи порсӣ истиқболи хуш пайдо намудааст.

            Барои ин ҳама хидматҳои шоистаашон, устод Абдуманнони Насриддин дар охирин ҳамоиши «Устодони забон ва адаби форсӣ» дар Теҳрон муваффақ ба дарёфти ҷоиза гардидаанд.

Мақолаи устод « Гёте ва ҳафт ситораи дурахшони назми форсӣ» гувоҳи ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадани андешаву афкори ин хирадманди бузург дар масоили фарҳангу адаби ҷаҳонӣ ба шумул меравад.

            Устод дар масъалаи парвариш додан ва ба воя расондани наслҳои нави адабӣ вақт ва умри хешро дареғ намедоштанд. Ҳадафи маҳфили таъсисдодаи он кас бо номи «Ганҷи сухан» маҳз ҳамин ибтикор ва таҳрики зотии қалби ин марди ҳунар ва адаб буд, ки дар муддати кутоҳ ин маҳфили кӯчаки аудиторӣ ба академияи бузурги адабӣ дар сатҳи вилоятӣ табдил ва машҳур гардид.

            Бо сарпарастӣ ва роҳбарии дилсӯзонаи устод чандин нафарҳо амсоли Дилрабо Раҳматова, Мавлуда Неъматова, Ислом Раҳимов, Мӯътабар Бобоева ва дигарон рисолаҳои номзади дифоъ карда, сафи олимонро дар олами илму хиради башарӣ афзуданд.

«Устод Абдуманнон Насриддинов мактаби илмии худро соҳиб буданд. Имрӯз беш аз 40 нафар муҳаққиқони ҷавон дар партави ҳидоятҳои устоди худ ба мақомҳои баланди илмӣ расида, дар такмили адабиётшиносии ин донишманди соҳибном хидмат менамоянд.»- нигошта шудааст дар таъзияномаи Ҳукумати вилоят

«Хизматҳои барҷастаи Абдуманнон Насриддинов бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи устод Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ қадр гардидааст. Хотираи дурахшони инсони нексиришт ва фидоии илм Абдуманнон Насриддинов дар дили халқ абадӣ хоҳад монд».  Мартабаи баланде, ки ин марди хирад тавассути фурӯғи илму дониш касб кардааст, ҷойгоҳи  он касро фаротар аз андешаҳо, дар иртифоъи лоҷвардии осмонҳо қарор хоҳад дод:

Чун шудӣ бар бомҳои осмон,

Нест лозим ҳеҷ гоҳат нардбон. 

Декабрь 1, 2013 - Posted by | Назм, Фарханг ва адабиёт

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: