«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Дар ЧАРОгоҳи «чуну чаро»


(Консепсияи  табиатшиносии муосир)

Системаи ОфтобМасъалаи пайдоиши Оламу Одам аз дидгоҳи илми муосир бозтобӣ ва шарҳҳои дигареро дар пай дорад, ки дар такя ба ин суолот : 1.Кайҳон чист? 2.Вай чӣ тавр сохта шудааст? 3. Он чӣ гуна инкишоф меёбад? бояд тафсир гардад. Табиист, ки дар ин пай муаммоҳое чун; а) Маънии «ҳаёт» чист? б) Он чӣ гуна ба вуҷуд омадааст? Аз чӣ чиз бунёд ёфтааст? низ шарҳ меёбанд.

Оиди ин масъала дар илми муосир чаҳор назария аз ҳама бештар мавриди қабул қарор гирифтаанд, ки ба ин тартиб дар зер оварда мешаванд:

1.Пайдо шудани зиндагӣ аз олами ғайризинда.

2.Назарияи Биогенез. Яъне аз ҷисми зинда пайдо шудани зиндагӣ.

3.Омадани «ҳаёт» ба Замин аз Кайҳон.

4.Принсипи антропии инкишофи Кайҳон.

 

1.Назарияи аввал, ки «Пайдо шудани зиндагӣ аз олами ғайризинда» ном гирифтааст, хеле қадимист ва замоне дар Юнон, Чин, Миср, Бобул ва ҳатто Шарқи Наздик паҳн шуда буд. Тарафдорони ин назария, масалан Анаксимандр чунин меҳисобид, ки ҳаёт аз лойқаи баҳр ба вуҷуд омадааст. Арасту низ бар он ақида буд, ки «зарраҳои муайяни ашё метавонанд, организми зиндаро пайдо намоянд». Ба ҳамин тариқ аз хулосаи андешаи файласуфони фавқ чунин бармеомад, ки субстансия (нахустмодда) ҳамоно ашёи ғайризинда дар мисоли чаҳор унсури азалӣ, яъне, об, хок, оташ ва ҳавост. Файласуф ва муҳаққиқи тавонои Шарқи Қадим-Закариёи Розӣ (865-925) чизе ба гуфтаҳои пешиниён афзуда, панҷ ҷавҳарро асоси олам мешуморид; ҳаюло (нахустмодда), замон, макон, Офаридгор ва Рӯҳ. Ӯ мегуфт, ки «Чизҳои ҷисмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд аз адам (нестӣ) пайдо шаванд. Раво нест, ки чизе қоим ба зот аст, аз ҳеҷ пайдо шавад».

2.Назарияи Биогенез. Яъне аз ҷисми зинда пайдо шудани зиндагӣ.

Дар асрҳои ХVI-XVII оимони биолог Ван Гелмонд ва Франческо Редӣ дар асоси таҷрибаҳои биологӣ ба хулосае омаданд, ки ба ҳар ҳол ҳаёт аз Субъекти зинда ба вуҷуд омадааст. Ин чунин маъно дошт, ки зиндагӣ ба як бор аз ҷисми зинда ба вуҷуд омада, абадиятро касб кардааст. Назарияи нав, ки «Биогенез» унвон ёфт, зоҳиран назарияи пешин — «Пайдо шудани зиндагӣ аз олами ғайризинда»-ро инкор намуд.

3.Назарияи «Омадани «ҳаёт» ба Замин аз Кайҳон»

Ин назария «Панспермия» ном гирифтааст ва ҳеҷ гуна механизми пайдоиши ҳаётро бо таҷриба  исбот, ё пешниҳод  намекунад, балки дар шакли як постулат (тасдиқе, ки ҳанӯз исбот нашудааст) арзи вуҷуд кардааст. Донишманди швед А.Аррениус чунин меҳисобид, ки «Тухми ҳаёт ба Замин, эҳтимол дорад, аз дигар сайёраҳо партофта шуда бошад». Тибқи ин постулат тасдиқ карда шудааст, ки

ҳаёт якчанд маротиба, дар вақтҳои гуногун дар гӯшаҳои гуногуни Кайҳон метавонад ба вуҷуд ояд.

4. Принсипи антропии инкишофи Кайҳон.

Вақте ки дар бораи таҳаввулоти олами анҷум сухан меронем, ба сари андешае меоем, ки инкишофи Кайҳон ба самте равона карда шудааст, ки дар ниҳояти кор бояд  мавҷуде мисли «инсони мутафаккир» арзи вуҷуд намояд.

Аз ин рӯ муҳақққиқон ду тарзи шаклгирии принсипи фавқуззикрро дар миён гузоштаанд:

1.Принсипи заифи антропӣ :

Вазъияти мо-инсонҳо ва Кайҳон ҳамчунон аст, ки танҳо дар якҷоягӣ арзи вуҷуд карда метавонем. Қонунҳои табиат ва пайдоиши Кайҳон барои арзи вуҷуд кардани мавҷуди зинда монеъгӣ нахоҳанд кард. Ҷавоб ба саволи он, ки «Чаро Кайҳон маҳз чунон сохта шудааст, ки бояд дар он мавҷуди зинда ба вуҷуд ояд?» чунин хоҳад буд, ки ин амал дар ибтидои ибтидо ба нақша гирифта шуда, ин ҳама муҳити бузурге, ки моро иҳота мекунад, ҳамчун «шароит» барои ба вуҷудоии мавҷуди зинда қаблан тарҳрезӣ гардида буд. Аз ин ҷиҳат ҳам пешниҳоде рӯи кор омада, ки тибқи он на як Кайҳон, балки кайҳонҳое метавонанд арзи вуҷуд дошта бошанд, ки дар онҳо маҷмӯи омилҳои физикӣ тасодуфан ҷойгузин шуда, аммо барои пайдоиши ҳаёт танҳо дар яке аз гӯшаҳои он шароит фароҳам меояд. Принсипи заифи антропӣ тасдиқ менамояд, ки  дар Кайҳоне, ки ба гуфтаҳо дар муҳити фазо ва вақт беохир аст, шароит барои ба вуҷудоӣ ва инкишофи мавҷуди зинда, танҳо дар гӯшаҳои  алоҳидаи минтақаҳои маҳдуд ба вақт ва фазо муҳайё буда метавонад. Аз ин боис ҳам ҳеҷ ҷои ҳайрат надорад, агар мавҷуди зинда ошкор бикунад, ки ӯро дар шароите ба вуҷуд овардаанд, ки барояш мувофиқ ва сазовор аст.

2.Принсипи қавии антропӣ:

Кайҳон, ногузир буд, чунон сохта шавад, ки ниҳоят дар вай ҳаёт-мавҷуди зинда ба вуҷуд ояд. Аз он ҷиҳат ҳам ин принсип аз принсипи заифи антропӣ фарқ мекунад, ки мувофиқи тавзеҳоти вай пайдоиши ҳаёт дар Кайҳон на танҳо мумкин аст, балки амрест воҷиб.

Чунин ба назар мерасид, ки гузаштан аз  ҳамаи саддҳои ғайримунтазира, барои таҳаввулоти муваффақонаи олам, мисли нуклеосинтези космологӣ ва дар фарҷом ба вуҷуд омадани мавҷуди зинда тамоман ғайри имкон аст. Лекин  далел-далел боқӣ хоҳад монд. Яъне мавҷуди зинда ба ҳар ҳол ба вуҷуд омад. Аз ин нуқтаи назар маълум мегардад, ки барои пайдоиши ҳаёт ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали офариниш пешакӣ нақшаи дақиқ тартиб дода шуда буд.

Зидди принсипи қавии антропӣ баҳс кардан нашояд. Чунки дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Мо ҳам итминон меварзем, ки «Пайдоиши олам ва мавҷуди зинда» амале сарсарӣ, ё тасодуфӣ набуда, балки аз ҷониби Офаринанда  ба вуҷуд оварда шудааст. Ба қавли Низомии Ганҷавӣ:

                               Ба ҳукми он, ки чун гардандае ҳаст,

                               Ба ҳар гарданда гардонандае ҳаст.

                               Аз он чарха, ки гардонад зани пир,

                               Қиёси чархи гардонро ҳамегир.

Вале, ин ҷо саволе ба миён меояд, ки «он гардонанда» кист?

Имрӯз олимон дар бораи тағйироти инқилобии космология сухан мегӯянд. Ошкор гардидааст, ки дар холигоҳҳои бузургҳаҷм ва тасвирнашавандаи миёни ситораҳо ва тумманокиҳо чизе бо номи «Ҳастии пинҳон» вуҷуд дорад, ки ба ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ таъсироти эҳсосшавандаи гравитатсионӣ мерасонад, аммо аз худ ҳеҷ гуна афканишот зоҳир наменамояд. Яъне он дар телескопҳо ва радарҳо «дидашаванда» нест. Аз ин ҷиҳат ҳам ба ӯ «ҳастии пинҳон» унвон додаанд. Ҳаҷми ин материя бояд шаш маротиба аз ҳаҷми материяи муқаррарӣ бузургтар бошад. Барои ҳамин ҳам муҳаққиқон чунин андеша доранд, ки  атрофи галлактиҳо ва абартуманнокиҳо маҳз бо ҳамин «материяи тира»- «ҳастии пинҳон» фаро гирифта шудаанд.

Ҳар кашфиёт, албатта, кашфиёти дигареро аз пай меорад. Маълум гардид, ки «материяи тира» дорои «нируи тира», яъне «неруи ниҳон» низ мебошад ва инкишофи минбаъдаи кайҳон маҳз ба ҳамин «неруи ниҳон» вобастагӣ дорад.

Соли 1998 ҳангоми мушоҳидаи ҳодисаҳо дар атрофи ситораи навпайдои навъи IA, ки 4 миллиард маротиба аз Офтоб равшантар аст ва аз Замин дар масофаи 5 миллиард соли рушноӣ воқеъ гардидааст, мунаҷҷимон бозёфти ғайриинтизоре карданд: Маълум шуд, ки ин ситораи бузург то рафт дуртару дуртар аз мо қарор мегирад. Гӯё касе онро аз мо дуртар тела медода бошад. Ҳол он, ки мувофиқи қонунҳои гравитатсия, бояд ин ҳодиса хеле ба оҳистагӣ рух медод. Баъди ин ҳодиса маълум карда шуд, ки  Кайҳон лаҳза ба лаҳза васеътару фарохтар мегардад. Барои фаҳмо шудани ҳодисаи мазкур таҳқиқгарон мафҳуми «антигравитатсия»-ро пеш оварданд, ки  онро «неруи ниҳон» меноманд ва пайдоиши ин неру ҳатман аз ҷониби «ҳастии пинҳон» хоҳад буд. Ин неру аз худ нур хориҷ намекунад, нурро мунъакис намегардонад, нурро фурӯ намебарад. Дидани ин неру ғайри имкон аст. Зоҳиран, гӯё, ки чунин неру вуҷуд надорад. «Неруи ниҳон» дар тирагии мутлақ ноаён шуда, танҳо худро ҷиҳати амалкарди «антиҷозиба» ошкор мегардонад, ки дар натиҷа 70% -и энергияи пурраи олам ба зиммаи ӯ хоҳад афтод.(!!!) Ба ин аснод такя намуда, дар илм ба натиҷае омаданд, ки олам бар асоси чаҳор неру касби устувориро пеша намудааст:

  1. 1.     «Неруи ниҳон» дар холигоҳи Кайҳон, ки 70%-и неруи умумии олам бар ӯ тааллуқ дорад ва тамоми ҷирмҳои бузург, ҳамчунин галактикаҳо ва абаргаллактикаҳо маҳз бо таъсири ӯ нигоҳдорӣ мешаванд.
  2. 2.     «Ҳастии пинҳон»-«материяи тира», ки ба вай 25%-и энергияи умумии олам алоқаманд аст.
  3. 3.     Энергияи материяи муқаррарӣ (протон, нейтрон ва электронҳо), ки ҳамагӣ 4%-и неруи умумии оламро медиҳанд.
  4. 4.     Энергияи нурафканишоти гуногун (фотонҳо, нейтрино ва гравитонҳо. Ҳангоми васеъшавии кайҳон сардшавии нурафкании фотонҳо фаротар аз 30К, нейтрино 20К воқеъ гардида буд. Шумораи пурраи фотонҳо ва нейтрино тағйирнаёбанда- дар ҳар сантиметри куби фазо 1000-то мебошад), ки ҳамагӣ 0.01%-и энергияи умумиро ташкил медиҳанд.

Далелҳои аз натиҷаҳои мушоҳида ҳосилшудаи замони охир имконият медиҳанд, бигӯем, ки дар тӯли 7 миллиард соли баъд аз «Инфиҷори Кабир» материяи ҷозибапазир ( ҳам муқаррарӣ ва ҳам «тира») таҳти таъсири «неруи ниҳон» афтод ва Кайҳон бо суръати ниҳоят суст ба васеъшавӣ оғоз намуд. Зичии барионҳо ва «материяи тира» кам гардид, вале зичии «неруи ниҳон» бетагйир монд. Ҳамчунон, ки дар ниҳоят «антигравитатсия»-«неруи ниҳон» ғолиб омад ва ҳам  акнун низоми оламро маҳз ӯ идора менамояд.

Аз ин ҷо саволи муқаррарӣ пайдо мешавад, ки «Ҳодисаи васеъшавии Кайҳон то кай идома хоҳад ёфт?». Ҷавоб ҳамин аст: Агар «неруи ниҳон» дар ин муддат ба чизи дигар мубаддал нашавад, ҳодисаи васеъшавии Кайҳон абадулабад идома меёбад. Дар акси ҳол фишурдашавии он ногузир ба ҳалокат оварда мерасонад.

Аммо дар вақтҳои охир назарияи «Кайҳони васеъшаванда ва фишурдашаванда, яъне «нафасгиранда» низ пешниҳод шудааст.

Ва ниҳоят «чаро»-и охирин ҳамин хоҳад буд, ки «Неруи ниҳон» чист? Аниқтараш кист?

Яке  аз  машҳуртарин  донишмандони  замони  имрўз   физик  Стивен  Ҳокинг (Stephen  Hawking) (Бритониёи  Кабир)  тасдиқ  мекунад,  ки  Коинот  бе  иштирок  аз  чониби  Худо  ба  вуҷуд  омадааст.  Ў  китоби  худро  тахти  унвони  «Пиндори  бузург» интишор дода, дар зимн андешаҳои худро баён намудааст.  Муаллиф  бар  он  аст,  ки  физикаи  имрўз  донишҳои  кофиро  дар  худ  фаро  гирифтааст  ва  метавонад  комилан  собит  намояд,  ки  Кайҳон  дар  асоси  қонунҳои  он  пайдо  шудааст.  «Қонуни    ҷаҳонии  чозиба имкон  медиҳад  фаҳмонемки  олами  анҷум  метавонад  худ  ба  худ  аз  ҳеҷ  пайдо  гардад, — менигорад  ўОфариниши  бе  Офаридгор . Маҳз  ҳамин  аст  сабаб  бар  он, ки  чаро  мо  вуҷуд  дорем  ва  чаро  Кайҳон  вуҷуд  дорад».

Он  чиз  аҷаб  аст,  ки  Хокинг  дар  масъалаи  вуҷуди  Худо  бештар  мавқеи  миёнҳолиро  касб  мекунад.  Дар  китоби  машҳури  худ  «Таърихи  мухтасари  вақт»,  ки  ханўз  соли  1988  интишор  дода  буд,  менависад,  «Рўзе  фаро  мерасад,  ки  ақли  инсон  назарияеро рўи  кор  меорад,  ки  вай  ифшогари  рози  офариниш  хохад  буд. Аммо  то  он  замон  лозим  меояд,  ки  андеша  намоем:  Оламу  одам  аз  ҷониби  Худо  офарида  шудааст».

Октябрь 14, 2013 - Posted by | Илм ва фанновари

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: