«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Қароқурт — «Беваи сиёҳпӯш»



комбинацияӮ хазида-хазида аз сӯрохии лонааш берун омад ва рӯйи шикастапораи ойинае, ки  дер гоҳ назди лонааш аз куҷое пайдо шуда буд, қарор гирифт. Пасу пеш гашта, пироҳани сиёҳи ба тозагӣ ба бар кардаашро муоина намуд. Пироҳани сиёҳ ба танаш хеле шинам ва мувофиқ уфтода, бару душашро барҷаста нишон медод. Вай аз миёни ҳамаи рангҳо ҳамин ранги сиёҳро ҳамеша меписандид. Бинобарин ҳам барои ҷашни шастсолагии мавлудаш, ки  инак-инак бояд баргузор шавад, низ ҳамин рангро мунтахаб кард. Қароқурт аз ғояти изтироб ва шавқи ботин мамнунона гирди хеш мегардид, арғушт мерафт ва коҳқоҳзанон механдид, ки ногаҳ аз миёни ду пойи қафояш силоҳи асосии ӯ-неш барқосо ҷаҳида баромад.

               Ин ҳодиса айёми балоғати ӯро ба хотир овард. Он замон ҳам ҳамин гуна дар ҳаяҷон афтода буд, вале азбаски ҳанӯз тифл буд, намедонист, ки «неш» чист. Вақте ки баромадани онро бори нахуст аз вуҷуди хеш эҳсос кард, то ба ҳадде бим дошт, ки гирякунон пеши модар арз бурд. Модараш бошад, «Муборак, духтарам! Акнун зани ҳақиқӣ шудӣ» — гӯён ӯро мужда дод.

               Баъди ба ёд овардани он ҳодиса Қароқурт бори дигар аз таҳти дил қаҳқоҳ зад ва неши худро худписандона ва намоишкорона се маротиба пайи ҳам хост дар ойина фурӯ барад, ки дар натиҷа чанд қатра заҳри ҳалоҳил аз нӯги неши ӯ бар ойина чакид ва рӯйи ойна аз ҳайбати ин қатраҳои ҷонгудоз ҳавр баровард. Хайрият, ки ойина ҷон надошту мисли «кулух» буд, вагарна агар сад ҷон ҳам медошт, якеро ба саломат намебурд.

        Қароқурт бо ғамза ва хиром пойҳои кӯтоҳ ва сермӯйи худро ҷунбонда-ҷунбонда сӯйи ҷашнгоҳ, ки зери Тути Калон бояд воқеъ шавад, роҳ пеш гирифт. Пироҳани нав ба баркардаи ӯ зери шӯъоҳои заррини Хуршед ялаққос мезад ва чашми роҳгузаронро мебурд.

          — Салом хонум, — бо тамаллуқ ва нимтаъзим сӯйи ӯ хам шуд Тортанаки Подарози модинаи раҳгузар. Аммо Қароқурт сӯйи вай нимнигоҳе ҳам накард, зеро ӯро ҳамоварди худ намешуморид. «Бигузор хушомад задан гирад. Сазои ӯ ҳамин» — меандешид ба дил Қароқурт. Аммо ҳарчанд фикр кард, ки чӣ бадие ин Тортанаки Подароз барояш кардааст, чизе ба хотираш нарасид. Фақат донист, ки дар айёми наврасиаш Қароқурт ба ӯ ҳасад мебурд, ки «чаро ӯ тор танида, сайд шикор карда метавонаду ӯ не». Баъд аз он, ки аз қудрати неши худ огоҳ гардид, дигар он ҳама таассубро ба боди фаромӯшӣ дод. Лекин ҳар бор, ки бо пойҳои дарозу зебо қадаммонии устувори Тортанакро медид, рашкаш дубора авҷ мегирифт. Чунончи мисли ҳозир, ки маҳз ба сабаби ҳамин рашк ҷавоби саломи ӯро раво надида буд.

            Мӯрчаҳои бисёре барои хидмат то ҷашнгоҳ дар равуо буданд ва чун бо Қароқурт рӯ ба рӯ мешуданд, салом медоданд ва Қароқурт бо табассуми сохта ва бо ишораи сар посухи саломи онҳоро мегуфт.

           Дар назди дари ҷашнгоҳ Қароқуртро дугона ва ҳамнишини деринааш Каждуми Зард бо гулдаста пешвоз гирифт ва дар мушояати  Харони Карнайнавоз ва гулпошии аҳли толор то садр бурд ва худ дар ҷониби дасти рости Қароқурт ҷой гирифт. Каждуми Зард, ҳарчанд, ки вонамуд намекард, пироҳани сиёҳи Қароқуртро дида ҳавсаш меомад. Барои Қароқурт хеле хушоянд буд, агар касе ба либосу ҷиҳози ӯ ба ҳавас нигарад. Қароқурт аз дугонааш-Каждуми Зард аз Замин то Осмон миннатдор буд, зеро тамоми пешрафт ва муваффақиятҳои худро дар зиндагӣ аз ӯ медонист. Ҳарчанд, ки Каждуми Зард аз Қароқурт, дар синну сол кӯчактар буд, аммо хониш дар Донишкада онҳоро ба ҳам ошно ва мӯнис гардонда буд. Гузашта аз ин Каждуми Зард дар фиребу макр устухон надошт ва ҳар чӣ дили ӯ мехост, ҳамон мешуд. Ва ӯ ин ҳунарро аз модараш омӯхта буд. Дар яке аз сӯҳбатҳои байни ҳамдигариашон, ки чанд сол муқаддам рух дода буд, Қароқурт ба дугонааш-Каждуми Зард изҳор намуд, ки «Мехоҳам чун ту бошам».

Каждуми Зард аз ӯ пурсид, ки « Дар ҳақиқат мехоҳӣ чун ман бошӣ?».

Вақте ки аз Қароқурт ҷавоби ризоро шунид, посух дод, ки . «Эҳ нодон!

Ту чизе бо худ дорӣ, ки қадрашро намедонӣ. Ва агар он чизро хуб истифода карда тавонӣ, корҳо бар муроди дили ту хоҳад шуд».

           Қароқурт сараввал ин муамморо фаҳмида натавонист ва аз дугонааш бозпурсӣ намуд, ки «Он чиз кадом аст?» Каждуми Зард даҳон пеши гӯши Қароқурт оварду гӯшакӣ кард. Баъди фаҳмидани ин муаммо ҳар ду қаҳқаҳа заданд. Қароқурт  нодонии хешро маломат намуд, ки як чизи оддиро фаҳм карда натавонистааст. Пас, вақте ки ба фармудаи дугонааш амал кард, дар ҳақиқат корҳояш пешрав шуданд ва ҳар чӣ дилаш мехост, мешуд.

            «Дар ҷаҳон ҳамеша расми модаршоҳӣ, яъне зансолорӣ ҳукмрон буд ва имрӯз ҳам чунин аст, — мегуфт Каждуми Зард Қароқуртро насиҳат дода. – Модарам мегуфт, ки наринагони мо ҳама танпарвар, худпараст ва аз зоти аблаҳонанд. Ба гуфтаашон меравию ба кардаашон не. Қонунҳоеро, мисли «Мард аз зан муқаддамтар аст», «Худованд аввал мардро офаридааст», «Гӯри зан аз мард чуқуртар кофта мешавад», «Шавҳарони худро эҳтиром гузоред»-ро танҳо бар нафъи худ таҳия карда баровардаанд. Қароқурт он вақт ба донишу фаҳмиши файласуфонаи Каждуми Зард тан дода буд. Маҳз барои ҳамин кумакҳои беғаразонааш бо ӯ дӯст шуд ва инак дар ҳамин рӯзи хурсандиаш, яъне ҷашни зодрӯзаш дугонаи ниҳоят мӯҳтарамаш паҳлӯи ӯ нишастааст. Қароқурт маънидорона сӯи дугонааш –Каждуми Зард табаасум намуд ва ӯ ҳам дар ҷавоб табассуми пуристиғное ба соҳибҷашн эҳдо кард.

           Ҷашни шастсолагии  Қароқурт бо тантана идома меёфт. Тӯтӣ барандагӣ мекарду Булбул сарояндагӣ. Аз ҳар ҷониб меҳмонҳо бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо вориди базмгоҳ мешуданд.

—Ҳамаи ин ба хотири эҳтироми Шумост, азизи дилам, — мегуфт санҷишкорона Каждуми Зард ба дугонаи соҳибҷашнаш. Қароқурти ғарқа дар дарёи андешаҳои фараҳбахш ризомандона сар меҷунбонд.

             Инак, боз як симои обрӯманди дигар, фарзанди фарзонаи миллат  Мори Афъӣ вориди саҳна шуд ва аҳли толор, ҳатто  Каждуми Зард ва  Қароқурти соҳибҷашн ҳам аз ҷой хестанд ва ӯро бо кафзаниҳои пуршӯру шааф истиқбол намуданд ва дар паҳлӯи соҳибҷашн нишонданд.

             _—Азизони дил!- гуфт Каждуми  Зард микрофонро аз дасти баранда Тутӣ гирифта – Чанд лаҳза меҳмони гиромиқадри мо- Садри Минтақа- Мори Афъӣ қадами мубораки худро ранҷа намуда, барои табрики соҳибҷашн омаданд. Ба хотири ҳурмати ин кас боз як кафкӯбӣ.

          Маҷлис ба шӯр омада мавҷи кафкӯбиҳоро ба авҷ мерасонд. Сухан ба Мори Афъӣ дода шуд. Ӯ печутобхӯрон соҳибҷашнро ситоиш мекард ва мегуфт, ки ӯ чӣ гуна аз як ҳашароти одии лабизаҳбурӣ ба симои тобноки ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Ин таърифҳоро шунида Қароқурт ба дарёи андешаҳои хуш ғарқ гардид. Ба хотираш омад, ки замоне қабл кӣ буду кӣ шуд. Ӯ, яъне Қароқурт, он вақт натанҳо аз ин Мори Афъӣ, ки ҳоло  ӯро ситоиш карда истодааст, ё аз Каждуми Зард, ки алҳол дар паҳлӯяш нишастааст, балки ҳатто аз Пашшаи Вараҷа ҳам метарсид. Чунки дар ҷусса ва андом аз ҳамаи ин номбаршудагон фурӯтар меистод. Вале вақте фаҳмид, ки заҳри неши ӯ ҳафт маротиба аз заҳри Мори Афъӣ ва чаҳордаҳ маротиба аз заҳри Каждуми Зард ва бисту як маротиба аз заҳри Оруи Зард ва бисту ҳашт маротиба аз заҳри Пашшаи Вараҷа пурзӯртараст, дигар ононро писанд нанамуд. Ва «рақибон»-и дар боло номбаршудааш ҳам оҳиста-оҳиста «мавқеъ»-и худро барои ӯ холӣ карданд.

           Мори Афъӣ дар охир қадрномаҳоеро, ки гӯё аз номи  Паланг ва Шоҳи Беша-Шер барои соҳибҷашн, фиристода буданд, қироат намуд. Ва аз номи худ  як гилем ва як телевизор ба соҳибҷашн тӯҳфа кард. Мори Афъӣ сабаби «маҳбубият»-и Қароқуртро назди Бузургони Беша медонист, аммо ошкор намекард.

            Баъди баромади Мори Афъӣ сухан ба меҳмони муҳтарам Сигӯш дода шуд.

             Хотираҳои шиносоӣ бо          Сигӯш аз пеши назари Қароқурт чун навори филм мегузаштанд:

              Қароқурт ҳанӯз бонуи ҷавон буду аз ҳисоби наҳифии пайкар ва сиёҳчурдагии андом ӯро аз табори худӣ, яъне тортанакшаклон харидоре пайдо намешуд. Бинобарин розӣ шуд, ки бо Қунғуз ҳамхонагӣ кунад. Қунғузи аз таги гап бехабар дар шаби аввали ҳамхонагӣ бо Қароқурт  ҳадафи ҳамлаи неши қаттоли ӯ қарор гирифт ва ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд. Қароқурт барои он, ки ӯро «бехосият», «сархӯр» ва «шавҳаркуш» нагӯянд, ин «ҷиноят»-и нахустини худро хаспӯш кард. Яъне дар ҳама ҷо эълон намуд, ки шавҳараш бемории ирсӣ дошт ва аз ин боис ҳам мурд. Чун гурӯҳи тафтишкунандагони ҳодиса барои таҳқиқ омаданд, миёни онҳо ҳамин Сигӯш низ буд ва қариб буд аз ҳақиқати воқае ҳамаро огоҳ бикунад. Аммо вақте ки Қароқурт Сигӯшро ба хилват бурда, неши худро ба ӯ нишон дод, Сигӯш тарсид ва ваъда  дод ки ин асрорро ба касе ифшо нахоҳад кард.

             Маротибаи дуюм Қароқурт боз ба ғайри ҷинси худ, яъне бо Гулпараки Сафедбол издивоҷ намуд. Дар лаҳзаҳои аввали зифоф Тойчаи Ширмаст, ки ӯ ҳам мафтуни  Гулпарак будааст ва Гулпараки Сафедбол ҳар дам болои фуки ӯ нишаста бозӣ мекардааст, ин лаҳзаро бозӣ пиндошта, ба шаст омада бо бинии худ Гулпараки  Сафедболро маҷақ кард. Қароқурти ба шӯр омада, он вақт бо як ҷаҳидан худро ба болои бинии Тойча гирифт ва ӯро неш зад. Ҳамон лаҳза дунё дар назари Тойча тира гардид. Чашмонаш сиёҳӣ заданд. Ҳарораташ баланд гардида, пеши чашмони модараш Байтали Гулибодом чаппагардон шуд ва нафасаш қатъ гардид. Байтали Гулибодом бо дарду алам шиҳа мекашид. Вале ҳайҳот…

               Ҷинояти дуюми Қароқуртро  низ касе пай набурд, ба ҷуз Сигӯш. Вале он дафъа ҳам ин розро ниҳон дошт. Ҳамин тавр онҳо дӯсти боэътимоди ҳамдигар ва «ҳамкор» шуданд.

              Аммо Қароқурт Гулпараки маъюб ва маслуқро ба ҳоли худ гузошта, ба фикри шавҳари дигаре афтод. Ин нияти духтарашро пай бурда, модари бемораш пеш аз марг барои ӯ асроре кушод, ки ғайри мунтазира буд. Ва ҳанӯз ҳам садои модари реҳлатнамудааш дар ниҳонхонаи гӯшаш садо медиҳад;

   — Духтарам, ҳоло, ки намурдаам, мехоҳам ба ту гӯям, ки минбаъд ва умуман шавҳар карданат бефоида аст. Зеро дар ҳафт пушти мо дуо рафтааст, ки агар ҳазор бор шавҳар кунем ҳам, дар лаҳзаи аввали ҳамхонагӣ шавҳарони худро бо неши қаттоли худ хоҳем кушт ва бева хоҳем монд. Аз ин боис ҳам моро «Беваҳои сиёҳпӯш» мегӯянд. Барои идома додани насл барои  мо, танҳо як роҳи ғайришаръӣ вуҷуд дорад; Харанбор!

          Аз эҳсоси ин андешаҳои нохуш пайкари Қароқурт ларзида рафт ва ин ларзишро ҳатто Каждуми Зард низ пай бурд.

          Ҳамин вақт, дар айни ҷӯшу хурӯши базм, дарро бо шохҳои худ тела дода, «баъосзанон» Гови Ало вориди базмгоҳ, гардид, ки дар даҳон гул дошт ва онро оварда дар пеши соҳибҷашн партофту бозгашта,  қариб ними саҳни базмгоҳро бо пайкари худ банд карда, ба замин дароз кашид. Аз говигарии ӯ аҳли толор ба завқ омада, барои «ташрифаш» бардавом каф кӯфтанд. Қароқурт, ҳарчанд, ки барои Гови Ало даъватномаи ташриф нафиристода буд, аз чун «меҳмони нохонда» омаданаш, хушнуд гардид. Зеро касе ҳам  бошад мегуфт; «Инро бинед-а! Ҳатто Гов бо ин бузургиаш ба ҷашни зодрӯзи Қароқурт омадааст». Ва ин бар обрӯи Қароқурт меафзуд. Вагарна аз қадим Қароқурт Говро бад медид. Ба хотири ноӯҳдабароияш, ки ҳатто кӯдак ӯро аз ҷое ба ҷое мебарад. Шири ӯро медушанду мехӯранд, аммо чизе намегӯяд. Ӯро дар ҷое баста мемонанд ва ӯ лоақал мисли Хар ресмонро намехояд ва барои озодӣ талош намекунад. «Махлуқи бетамиз! Аз куҷо медонад, ки демократия  чист?» — меандешид Қароқурт нисбат ба Гов.

           Аммо ин дам ҳодисае рух дод, ки ба тамом айши Қароқуртро мунағғас кард. Бо тамкину виқор қадамзанон душмани ашадии Қароқурт-Гӯсфанд вориди саҳна гардид. Албатта барои Гӯсфанд худи соҳибҷашн таклифнома фиристода буд, вале омаданашро ҳеҷ интизор надошт. Яъне намехост, ки ояд. Аммо, ба қавли Қароқурт ин «калламағз» ба ҳар ҳол омад. Аз ғояти тарс ва изтироб донаҳои арақ дар андоми Қароқурт пайдо шуда, зери шуои офтоб чун ситора дар заминаи пироҳани сиёҳаш медурахшиданд. Қароқурт омадани Гӯсфандро фоли нек намеҳисобид. Ҳарчанд, ки дар ибтидои кор ба назари Қароқурт Гӯсфанд як махлуқи беозор ва безарар менамуд, аммо насиҳати дигари модараш ҳоло ба хотираш омад, ки мегуфт:

              — Духтарам! Дар хотир дор, ки  агар барои Одамизод – Азроил гурги аҷал бошад, барои ману ту тортанакшаклон Гӯсфанд гурги аҷал аст. Хосса, агар дар рӯзи шодат ба ӯ дучор оӣ, яқин кун, ки умрат ба сар омадааст.

               Он вақт Қароқурт даҳшати суханони модарашро, мисли ҳозир дарк накарда буд ва аз модар тақозо карда буд, ки матлабашро дар бораи Гӯсфанд равшантар баён намояд.

              — Гӯсфанд ҳарчанд беозортарин махлуқи Худо маҳсуб шавад ҳам, Офаридгор ӯро қудрате додааст, ки ҳазорон тортанакшаклонро аз ҷинси Қароқурт  алаф хаёл карда бихурад ва заҳри Қароқурт ҳеҷ бар ӯ кора накунад. Аз ин боис аст, ки агар касе аз фарзандони Одамро Қароқурт бигазад, ӯро урён бикунанд ва миёни гӯсфандон андозанд, то таъсири заҳр бартараф гардад,- мегуфт модараш он замон.

             Қароқурт арақи андомашро пок карда, гоҳ-гоҳ бо таги чашм ба сӯи Гӯсфанд менигарист ва ҳар гоҳ, ки Гӯсфанд мехост ба ҷонибаш назар андозад, нигоҳи худро ба самти дигар мегурезонд. «Наход, ки умрам ба поён расида истода бошад? Охир ҳанӯз корҳои накарда бисёранд… Ин Гӯсфанди  «шумқадам»-ро беҳуда таклиф кардам»-мегуфт ба дил соҳибҷашн.

            Ва якбора дили Қароқурт сахт-сахт ба задан даромад. Ҳолаташ лаҳза ба лаҳза дигаргун шудан гирифт. Гӯё дунё дар назараш зеру рӯ мешуд. Ин гуна лаҳзаҳои изтироб ва ҳаяҷон дар Қароқурт ҳамон вақт пайдо мегардид, ки агар мехост касеро неш бизанад. Вале ҳоло дар паҳлӯяш касе набуд. Каждуми Зард бо Мори Афъӣ дар саҳна бо дигарон мерақсиданд. Ин вақт аз моварои ду пояш якбора нешаш ҷаста баромад ва ба сӯи шикамаш тоб хӯрд. Қароқурт хост, ки фарёд занад, аммо дер шуда буд. Неш то ба нимма ба шикамаш халида, қатраҳои заҳри ҳалоҳилро аз найча берун пошид. Сӯзише чун оташи Ҷаҳаннам саропои Қарқуртро фаро гирифт. Ӯ сарнагун ба замин афтид ва қатраҳои хуни сиёҳ аз андомаш  берун омаданд…

Сентябрь 2, 2013 - Posted by | фантастика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: