«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Парии Муғ


(Ҳикояи фантастикӣ)

  Парии Муг Исфандиёр дида ба осмони шомгоҳӣ дӯхт. Ситораҳо дар марзи уфуқ аввал мисли нуқтаҳои ночиз, баъд зиёдтару пурҷилотар пайдо шуда, ҳамчун хирвори зарр медурахшиданд. Аз дурҳои дур  шамоли башиддат наздикшаванда, мисли ҷорӯб лаккаҳои абри дар канораҳои уфуқ парокандаро рӯфта меовард. Аз дидани ин манзараҳои ҳуснангез дили Исфандиёрро эҳсоси мағшуше фаро мегирифт.

Исфандиёр аз ҳама бештар аз як чиз метарсид; аз торикӣ. Инро дар илми равоншиносӣ «Geofobik» мегӯянд, ки маънояш «Тарс аз ҳодисаҳои табиӣ» мебошад. Инак, ҳоло ҳам торикӣ фаро расида истодааст ва ӯ дар чӯли беодам яккаву танҳост. Падараш навбати посбонии бошишгоҳи саҳроиро ба ӯ вогузор намуда, аз пайи коре ба маркази вилоят рафт. Ваъда дод, ки то пагоҳ расида меояд. Хайрият, ки каллаашро кор фармуда, дастгоҳи видеонамоишро ҳамроҳ оварда буд, вагарна чӣ хел гузаштани ин шабро намедонист.

Ӯ вориди кулба гардида, видеоро ба ҷараёни барқ пайваст ва наворқуттиро ба «даҳон»-и дастгоҳи видео андохт ва худро ба рӯи кати фарсудаю нимвайрона партофта,болишти кӯҳнаеро зери каш гирифта, мунтазири он шуд, ки видео чӣ намоиш медиҳад. Дастгоҳ шириқ-шириқ садо бароварду оинааш равшан гардид.

—Хайр, акнун бубинем, ки чӣ гуна аст ин филм? – мегуфт худ ба худ Исфандиёр ва намедонист, ки ин кассетаи аз як бародараш ба ҳайси орият талабида гирифта филми фаҳш аст.

— Тавба, инсонро ҳайвони бошуур мегуфтаанд, ки рост будааст…- ғурунгос мезад Исфандиёр баъди дидани чанд лаҳза аз ин филми фаҳш.

Як навъ таҳлукаи ногаҳонӣ аз пешомади нохубе дарак медод. Дили Исфандиёр бемаром мезад ва ин изтироб то ба ҳадде пурзӯр шуд, ки ӯ дигар филмро тамошо карда натавонист. Чашмонаш сиёҳӣ мезаданд. Ба болокории ин шамоли девона дар берун «қиёмат» мекард, суръат гирифта мисли гурги гурусна «уллос» мекашид. Ғайри интизор, якбора раъду барқ гулдуррос зад ва…чароғ хомӯш гардид.

— Ана ин ҳатман бояд ғазаби Худо бошад, — мегуфт ба дил Исфандиёр ва барои ёфтани гӯгирд ва дар гирондани чароғ аз ҷой хест. Аммо на чароғро пайдо мекарду на гӯгирдро. Дар, аз зарбаи шамол буд магар, ки ғиҷирросзанон кушода шуд. Дили Исфандиёр таҳ кашид. Хост, ки палмосида-палмосида дарро ёфта пӯшад. Аммо дар назди дар ногаҳон як манқали оташ ҳувайдо гардид. Ва аз даруни манқал як махлуқи бадсимое берун омад. Исфандиёр аз ғояти тарс қафонокӣ рафта ба девор ҷафс шуд.

—Худоё, ин чӣ бошад? Ҷинн бошад, ё инс… Исфандиёр мехост фарёд занад, аммо наметавонист. Забонаш лол гашта буд.

Махлуқ мисли одамҳои пакана қад, мӯйи дарозу сурхранги занона, чашмҳои мисли гурба гирди сабзфом, бинии пачақи ба дарун хамида ва пистонҳои кабуди мисли боқилаҷон овезон дошт. Ҳарчанд ба ҷинси зан бештар шабоҳат дошта бошад ҳам, аз ҷинсият орӣ, яъне хунсо буд. Исфандиёр ин ҳамаро аз пайкари урёну пажмурдааш бараъло мушоҳида мекард.

Махлуқ бо як ҷаҳидан болои сандалӣ баромад ва бо овози гирифта гуфт;

— Матарс, эй ҷавон! Манро Парии Муғ мегӯянд ва ҷойи ман андаруни оташ аст. Ва ҳар кӣ ба фисқу фуҷур майл дошта бошаду худро ҷаҳаннамӣ гардонад, ба ӯ ёр мешавам. Аз ин пас дасти ману домани ту.

Парии Муғ инро гуфту бо як ҷаҳидани дигар худро ба сари зонуи Исфандиёр расонд. Аз ғояти тарс дили Исфандиёр ба тахтапӯшташ часпид. Хост, ки ин махлуқи гурбамонандро аз сари зонуяш дафъ кунад, аммо дасти фарозкардааш аз қабати бадани махлуқ мисли ҳаво гузашту бар ҷо монд. Парии Муғ ҷисм надошт.

—Беҳуда худро ташвиш мадеҳ, -гуфт Парии Муғ ба Исфандиёр бо лаҳни гӯшхарошу нафратзо, — Туро аз ман халосӣ нест.

Парии Муғ то саҳар Исфандиёрро азоб дод. Гоҳ сару рӯяшро мелесид, гоҳ ба гарданаш савор мешуд. Ҷони Исфандиёр ба ҳалқ расида буд.

Ниҳоят бонги хурӯс аз дамидани субҳи содиқ дарак дод. Шаб дар доругир ва кашмакашҳо ба рӯз омада буд. Исфандиёр оҳи сабук кашида, ба истиқболи субҳ берун омад. Аммо Парии Муғ ӯро тарк намегуфт. Хост, ки дасту рӯ шӯяд ва як пиёла чой нӯшад, Парии Муғ оби дастшӯро чаппа кард ва дар чой оби даҳон андохт.

—Тозагӣ кори ману ту нест. Аз ин баъд оини ману ту нопокист.

Сахт дар гӯш гир,-мегуфт Парии Муғ ба Исфандиёр.

Дар ҳамин вақт падари Исфандиёр расида омад;

—Ҳа, Исфандиёр! Хеле хаставу шалпар менамоӣ. Бедорхобӣ кашидӣ магар? Ба хона бирав. Истироҳат кун,- гуфт дилсӯзона падари аз таги гап бехабараш.

Исфандиёр роҳи хонаро пеш гирифт. Аммо Парии Муғ чун соя баробараш мерафт. Ва Исфандиёр метарсид, ки ошноҳояш ӯро бо ин махлуқи баднамо дида масхара накунанд. Вале ба ғайр аз Исфандиёр Парии Муғро каси дигар дида наметавонист.

Дар хона ӯро модару хоҳараш истиқбол гирифта, ба пешаш нону хурок оварданд. Аввалин шуда вазъи парешони ӯро модараш пай бурд ва ғамхорона гуфт:

—Чи шуд ба ту, писарам?

—Ҳеҷ гап нест, модар! – гуфт Исфандиёр дар посухи сухани модар барои осуда шуданаш.

Парии Муғ оши палави даруни табақро ба ҳар сӯ пош медод ва намегузошт, ки Исфандиёр оромона тановул кунад.

—Тозагӣ мехоҳӣ-а, баччаи одам? Хаёли хомро аз сар дур кун. Ба ту муяссар намешавад, — мегуфт бо тамасхур Парии Муғ.

Исфандиёрро тоқат тоқ шуд. Бархост, то он махлуқро лагадкорӣ кунад. Садои манша ва доду фарёдро шунида модару хоҳари Исфандиёр вориди хона гардиданд.

—Писарам, ба ту чӣ шуд. Бо кӣ ҷанҷол карда истодаӣ?- мегуфт бо таассуф модар.

— Ана ин башараи хунукро бинед,- мегуфт Исфандиёр ба Парии Муғ ишора карда,- ду рӯз боз аст, ки маро ором намегузорад…

Аммо модару хоҳари Исфандиёр, ки чизеро намедиданд, яқин карданд, ки ӯ девона шудааст. Одам монда падарашро аз воқеа огоҳ намуданд ва ба хулосае омаданд, ки ӯро ба мулло маълум кунанд.

Пагоҳ падару модар якҷоя ӯро назди Шайх Макнун бурданд. Даромадан замон Шайх Макнун ҳодисаро пай бурда гуфт;

— Сабаби ташрифатонро арз накунед ҳам мешавад. Маълум, ки ба ин бачча Парии Муғ таъсир кардааст.

Пас аз он Шайх Макнун дуъои азимат хонд. Ҳангоми дуъохонӣ Исфандиёр ногаҳон фарёде баровард ва беҳуш гардид.

— Натарсед, -гуфт Шайх ба падару модари Исфандиёр. Парии Муғро аз писаратон дур кардем. Барои ҳамин ҳам бачча беҳуш шуд. Об мезанем, ба ҳуш меояд.

Чун Исфандиёр ба ҳуш омад, Шайх Макнун ӯро мужда дод:

—Акнун Парии Муғ дигар ба ту кордор намешавад. Вале саъй бинамо, ки дигар ба фаҳш худро олуда насозӣ.

Исфандиёр ба ҳукми ризо сар ҷунбонд ва ба ҳурмати Шайх даст пеши бар гирифта, ҳамроҳи волидайн хонаи Шайхро тарк гуфт.

                                                                                   16 январи соли 2003

Август 13, 2013 - Posted by | Назм

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: