«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Гунбади мину


(Ҳикояи фантастикӣ)                       Манам шаҳриву олам рустоӣ

                                                                                                                        (Соиб)

 кайхонДирӯз аз ҳамсабақи қадимиям-Давлатҷон даъватнома гирифтам, ки маро ба ҷашни 50 – солагии зодрӯзаш даъват менамуд. Ҳанӯз ҳам дудила будам, ки ба ин ҷашн равам, ё наравам. Зеро хонаводаи Давлатҷон дар як деҳи дурдаст  қарор дошт ва рафтуомад ба он ҷо барои чун мани шаҳрӣ кори осон набуд. Гузашта аз ин ман аз айёми тифлӣ дар муҳите тарбия ёфта будам, ки нисбат ба деҳотиён натанҳо эҳсоси беэътиноӣ мекарданд, балки онҳоро баъзан ба тарзи таҳқиромез  «қашқар» — гӯён истеҳзо менамуданд. Ман ба ҳурмати падари марҳумам, ки омӯзгори Донишкада буд, ба Донишкада қабул карда шудам. Аммо ҳамин Давлатҷон, ки ҳамдиёриёнаш ӯро «Бобои Давлат» мегуфтанд, бо холҳои аз ҳама баланд дохил гардида, буданаш дар курс маро нороҳат мекард. Баъзе шаҳриҳои ҳамсояам  маро тамасхур карда мегуфтанд, ки наход як «қашқар» аз қишлоқ омада, аз фарзанди муаллими Иститут ҳам баҳои баландтар гирад? Бинобарин ман тамоми воситаро истифода мебурдам, то қадру манзалати ин деҳотӣ паст зада шавад. Масалан, бо ёрии як муаллими ҳамшаҳриям Зуҳуров Ҳомидҷон нагузоштам, ки ӯ сардори курс таъин гардад ва ба ҷои ӯ худам сардор таъин гаштам.  Бо вуҷуди он, ки тамоми «чора»-ҳоро медидам, Давлатҷон дар дониш аз ҳама пешқадамтарин донишҷӯи курс ҳисоб меёфт ва ман ҳатто ба гарди ӯ расида наметавонистам. Боре барои «шикастан»-и ӯ шабона гурӯҳи авбошони шаҳриро фиристодам, ки дар кӯча ӯро дарёфта, муддаъои табъ латту кӯб карданд. Шояд Давлатҷон ҳанӯз ҳам надонад, ки ин корро маҳз ман ташкил карда будам. Дафъаи дигар тӯи хонадоршавии ӯро «бойкот» эълон кардам ва нагузоштам, ки ҳамкурсони шаҳриям ба хонаи ӯ рафта, ба хурсандияш  шарик шаванд. Умуман, то охири курс, ҳатто, маъзарат мехоҳам аз хонандаи азиз, ҳоло ҳам ӯро чашми дидан надорам. На ба хотири он, ки Давлатҷон барои ман бадиеро раво дида бошад. Аз Давлатҷон пашша ҳам озор намедид. Ӯ як ҷавони оинадил, қоматбаланд, зебоандом, донишвар, ҳунарманд ва боз садҳо сифати дигаре дошт, ки ба гуфтан тамом намешуд. Зеботарин духтарони ҳамаи курсҳо мафтунаш буданд. Бачаҳои тамоми факултет дар гирдаш ҷамъ меомаданд. Танҳо «бахилӣ»-и ман буд, ки намегузошт, ӯро як нафари ба худ наздик биҳисобам.

Баъдан ман бо ёрии дӯстони падарам аз ректории Донишкада то ба Академикӣ «сабзидам». Давлатҷон аз деҳот истода маро ҳамеша барои «муваффақиятҳоям» табрик мекард ва вақте ман медидам, ки Давлатҷони «таърифӣ» як қадам ба пеш нарафта, ҳанӯз ҳам омӯзгори як мактаби қишлоқ аст, худ ба худ меболидам ва мегуфтам: «Сӯз ва мур…»

Давлатҷон ҳанӯз дар курси якум хонда истода, баъзан чунон пешниҳодҳое мекард, ки ҳатто докторон дар ҳайрат меуфтоданд. Ба хотирам ҳаст, баъзе докторони нотавонбин маърӯзаи ӯро дар мавзӯи «Механикаи квантӣ ва ҷозибаҳои биполярӣ» «дуздӣ» пиндошта қариб буд, ӯро шарманда бикунанд. Аммо чун донистанд, ки ӯ аз ин мавзӯъҳо хеле зиёд дорад, хомӯширо авло донистанд. Ӯ дар курси охир сари мавзӯи  « Вуҷуди сафедчолҳо дар бекаронаҳои кайҳон» кори дипломӣ ҳимоя карда, ҳамаро дар ҳайрат гузошт…

Аз он дам то имрӯз сӣ сол сипарӣ шуд. Яъне ман ҳам 50-сола шудам. Чӣ маъқулу номаъқулиҳое, ки аз сарам нагузашт. Ҳамаашро дидам. То ин дам, соҳиби «обрӯ», пули бисёр, хонаҳои дакаданг, ҳамсари зебо, фарзандон ва ҳатто наберагон шудам. Акнун, ки дар сарам мӯ намондаву чини пирӣ дар ҷабинам решаҳо давондааст, мехоҳам, намозхон шаваму гуноҳҳоямро ҷуброн намоям. Шояд сабаби фаровард кардану розӣ шуданам барои рафтан ба ҷашвораи Давлатҷон ҳам ҳамин бошад. Бечора, Давлатҷон, ҳоло дар чӣ ҳол бошад? Зиндагии мушкили деҳот ӯро абгор кардагист? Боре ҳам дар ин муддат Давлатҷонро надидаам. Ба вохӯриҳои даҳсолагиву бистсолагиву сисолагии ҳамкурсон намеомад. Аммо ҳамаи ҳамкурсон маҳз ҳар дафъа барои дидани Давлатҷон  ба ин вохӯриҳо меомаданд. Чун ӯро намедиданд, баъзеҳо дигар ба ин вохӯриҳо омаданро низ бас карданд.

Як соат дер карда баъд ба хонаи Давлатҷон расидам. Чунки ба фикри мо, шаҳриён одами баобрӯ ва маданӣ бояд барои баланд нишон додани мартабаи худаш одамонро мунтазир карда,  дертар ба меҳмонӣ ояд. То қадри ӯро шиносанду дар садри маҷлис шинонанд. Дар берун мошинҳои гуногуни  ҳамкурсон саф зада буданд. Маълум, ки аллакай ҳама ҷамъ шудаанд. Маро ду ҷавони боадаб, дастҳо пеши бар пешвоз гирифтанд. Чун ба чеҳраашон назар андохтам, ҷавониҳои Давлатҷон пеши назаррам омад. Чунки онҳо чун як себи дукафон бар падари худ монанд буданд. Ман ҳам филфавр ба пурсидан шурӯъ намудам:

—Агар хато накунам, шумо писарони Давлатҷон мешавед?

— Онҳо бо табассуми малеҳ сар биҷунбонданд, ки _Оре.

-Ҷавонии падаратонро ба хотирам овардед…

Вақте, ки номҳояшонро пурсидам, дар ҳайрат шудам; Шамс ва Қамар. Донистам, ки дугониканд.

Тарзи ороиши ҳавлӣ диққати маро ба худ ҷалб кард. Ҳама чиз ҳозиразамон, не, балкӣ ғайриоддӣ буд. Пайроҳаи ҳаракаткунанда чун дар Метроҳо маро бо писарони Давлатҷон то назди дари булурии шаффоф бурд. Дари сенсорӣ аз омадани мо огоҳ шуда худ ба худ во гардид. Ва ман вориди меҳмонхонаи барҳавое гардидам. Овози ҳамкурсонро шунидам, ки « Э-э биё, Нозим! Боз ҳам мисли ҳарвақта дер кардӣ», мегуфт кадоме. Аммо мутассифона, касе ба истиқболи ман  аз ҷой нахест ва ман маҷбур будам ба ҷое, ки фарзандони Давлатҷон ишора карданд, бинишинам. Маро «Нозим» гуфтани ҳамкурсон хуш наомад. Одат кардаам, ки зердастонам ҳамеша маро то ин дам  «муҳтарам Нозим Ашрапович» гӯён ном мебурданд ва ман ҳар бори шунидани он дар худ намегунҷидам.

Ҳоло фурсат ёфта як як- ба сӯи ҳамкурсон назар меандохтам. Ана инаш Абдуманнон «қашқар». Ҳамон вақт ҳам фарбеҳ буду, ҳоло боз фарбеҳтар шудааст. Ва касрати пирӣ ба андоми ӯ омехта ӯро ба сурати як ғуладинг хеле баднамо кардааст. Инаш бошад, «Киромиддин». Кироми сатанг. Сари каҷалааш кал шуда боз безебтар шудааст. Инаш кӣ бошад? Оҳо Ойистахони таннозчаи шаҳрӣ. Кулулафарбеҳ шудааст. Инаш Муродалии бодӣ. Аз харобиаш қариб нашиносам. Ин боз кист, ки сӯям меояд? Наход, ки Давлатҷон бошад? Баҳ-баҳ, худи худаш, Давлатҷон. Заррае тағйир наёфтааст, ҳамон ҳусн ва ҳамон сурат. Фақат мӯяш сафед шудааст, аммо заррае ҳам нарехтааст. Сафои ботинаш ҳанӯз побарҷост. Чаро пир нашудааст? Маълум. Ҳанӯз ҳам дар дил ягон зарра бухл ва кина надорад…

Баъди оғӯш ба оғӯш шуданамон Давлатҷон маро дубора ба нишастан таклиф кард. Раддаи дандонҳояш ҳанӯз ҳам сап-сафед.Сӣ сол пеш аз ин ҳам на нос мекашиду на сигор, на шароб менӯшиду на пиво. Ман аввал гумон кардам, ки ӯ ба ин рафторҳои намунавиаш аз худ «фаришта» тарошиданист, аммо баъдтар донистам, ки покизагӣ дар хуни Давлатҷон нишастааст.

Вақте ки таом хӯрдему сӯҳбат «қӯр» гирифт, ҳар кас аз Давлатҷон чизе мепурсид. Ман ҳам, ки бештар диққатамро ороиши даруну беруни хона ҷалб карда буд, аз Давлатҷон пурсидам. Ӯ чизҳоеро бароямон ошкор сохт, ки ҳамаамонро дар ҳайрат андохт.

— Ман деворҳои дарунии «меҳмонхона»-ро аз омехтаи шишаи пластикӣ ва кристалҳои моеъ сохта ба роёна васл кардаам, -гуфт дар равиши сӯҳбат Давлатҷон ва ҳамчунон даст ба тугмаҳои ноаёни дар девор насб шуда бурда, амалан ба мо нишон медод. – Ана вақте ки ин тугмаро пахш мекунед,  нуқсони («деффекти») кунҷ барҳам мехӯрад ва ах хотираи роёна як манзараи дилхоҳро интихоб  карда…

Ва якбора дар деворҳои гирду атрофи мо манзараи баҳори кӯҳистон, сабзазори зебо ва лолаҳои шукуфон пайдо шуданд, ки мо ҳама худро бевосита, на дар меҳмонхонаи Давлатҷон, балки дар ҳамон макони биҳиштосои кӯҳистон медидем.

_ Ана агар ин тугмаро пахш кунем,- мегуфт Давлат ҷон суханашро идома дода истода, бӯйи дилхоҳи гулу лолаҳо ба димоғ хоҳад зад. Ва якбора дар ҳақиқат ба димоғи мо нагҳати гулу сабзаҳои кӯҳистон зад, ки ҳама мутаҳаййир шудем.

— Албатта, ороиши мақсадноки хона хастагии бошандагонашро рафъ ва болидагии хотири ононро дучанд мегардонад, — илова кард Давлатҷон. Барои мисол, ман сақфи хонаҳои худро низ мақсаднок сохтаам.

  Давлатҷон даст ба тугмаҳои дигари девори муқобил бурда, онҳоро пайи ҳам пахш намудан гирифт. Гулҳои наққошии болои сари мо дар сақфи хона бартараф шуда, ба ҷои он осмони кабуди ҷо-ҷо абрнок падид омад. Бинанда гумон мекард, ки на дар даруни хона, балки дар зери осмони кушод нишастааст.

— Интихоб дар дасти шумост. Аз бойгонии мусаввараҳои роёна кадомеро, ки интихоб кунед, ҳамон дар болои саратон пайдо хоҳад шуд. Масалан, -мегуфт Давлатҷон, — ман осмони ситоразори шабонаро дӯст медорам…

Давлатҷон сухангӯён равиши ҳодисаҳоро амалан ба мо нишон медод. Якбора дар болои сари мо осмони пурситораи шаб пайдо гардид.

—Ин ҳам тамошо кардан аст ва ҳам дониш андӯхтан. Ана инаш Ҳафтдодарон. Ин бошад, сайёраи Зӯҳра. Ин Роҳи Каҳкашон.

Давлатҷон ба мо нишон медоду мо бо даҳони боз ба болои сар менигаристем.

—Ин сақфи планетарии худсохтаи ману фарзандонам ҳаст, ки мо якҷоя ин ихтирои худро «Гунбади мину» ном гузоштаем.

Давлатҷон лаҳзаҳоро дигар мекарду мо гӯё дар даруни киштии кайҳонӣ бошем, сайри коинот менамудем…

Чӣ хел тамом шудани меҳмондорӣ ва чӣ хел бо ҳамкурсон хайрухуш намудаву ба хона баргаштанамро надониста мондаам. Дар ин муддат аз хаёлам мегузашт, ки «Дунё-дунёи қутур, гурба болои шутур». Аслан аз «академик» шудани ман чӣ фоида?. Ана бояд Давлатҷон баринҳо дар ҷои мо бошанд. Бори дигар яқин кардам, ки деҳотиён шаҳрро барпо кардаанд ва «қашқар» ӯ не, балки ман будаам.

 

                                                                      Июли 2013.

Июль 9, 2013 - Posted by | фантастика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: