«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Абри плазмавӣ


     (Ҳикояи фантастикӣ)

Абри плазмавиАсабҳои Дориюш тамоман хароб шуданд, вакте аз Интернет хонд, ки ҳамдиёронашро дар каламрави мамлакатҳои ҳамсоя боздошт ва таҳкир намудаанд. «Охир хуб мешавад, ба тоҷикҳо, ки чун чинниҳо калларо кор намефармоянд. Барои кути лоямут хонаву дарро тарк намуда, дар муҳоҷират хору зор шуда, ба корҳои сиёҳ машғуланд» — меандешид бо ғазаб Дориюш.

Дориюшро аз он алам меомад, ки ҳанӯз марҳум падараш тарҳи накшаи дар Моҳ таҳия кардани атмосфераро ба шӯрои уламо пешниҳод карда буд.  Аммо ба кавли масали халкии «Оби дари хона хира» натанҳо ба кори падараш диккат надоданд, балки «тоҷикро чӣ мондааст ба илму фанноварӣ» -гӯён масхара карда,   пас  гардониданд. Боз кӣ гӯед? Ҳаммиллатони худамон. Аммо, баъдтар, ин идеяро бо пули гарон ба ғарбиён бифурӯхтанд. Дориюшро аз хаёл мегузашт, ки ҳамеша чунин ҳолат пешорӯи нобиғаҳои миллат карор дошт, вагарна назарияи гелиосентрикии оламро на Николай Коперник, балки Абӯрайҳон Берунии тоҷик дар асараш «Китобуттафҳим» баён карда буд. Глобусро нахустин маротиба Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва таквими нахустин дар аҳди Ҷамшед рӯи кор омадаанд.

«Зардушт — нахустпаёмбари рӯи Замин, ки аз зумраи ҳакгӯйтарин паёмбарони Худованд маҳсуб мешавад, дар «Авасто» гуфта буд; «Инсон дар аввали офариниш бо Худо буд, баъд ба сурати башар даромад ва ҳам акнун шабеҳи тӯдае сутур аст. Мо ҳама харҳои кории нару модаи хубе ҳастем, ки гӯё барои кор кардан ва бор бардоштан офарида шуда бошем». Рубоии зерини Хайём низ ба ҳамин мазмун аст;

 

Говест дар осмону номаш Парвин,

Як гови дигар нуҳуфта дар зери Замин.

Чашми хирадат кушой, эй аҳли якин,

Зеру забари ду гов мушти хар бин.

 

Дориюши афтода дар иҳотаи андешаҳои дарҳаму барҳам ҳеҷ наметавонист ба як хулосаи зарурӣ биёяд. Ихтироъи нави илмиашро ба  Шӯрои Уламо пешниҳод кунад ё не? Мабод, ки кисмати ба сари падараш овардаро ба сари ӯ низ биёранд? Не-не! Замонаҳо дигар  шудаанд. Бояд, ки ӯро бифаҳманд. Охир коре, ки ӯ анҷом додааст, дар фанноварии умумибашарӣ ҳамто надорад. Дигар ин, ки агар ин пажӯҳишро Шӯрои Илмӣ ба амал татбик кунад, Тоҷикистон дар таги пул мемонад. Дигар Роғун ҳам даркор намешавад ва дигар барои  ба мардикорӣ рафтани ҳаммиллатон низ зарурияте пеш намеояд. Бо ҳамин сару савдои гарм дастаи коғазҳои парешонро дар ҷузвдони шаффофи полиэтиленӣ ҷой дода, онро бағал карда, роҳи  «Маркази Илм ва Тамаддуни Тоҷик»-ро пеш гирифт.

        Дар даромадгоҳи касри бошукӯҳ  пеши роҳи ӯро ходими дарбон гирифт ва бо ғуруре нозарур, ҷиддияти сохта ва маснӯӣ, бо лаҳне шадид пурсид:

__Муҳтарам, ҷаноб!  Окои ношинос. Сабаби ташрифатон? Назди кӣ хоҳед рафт?

— Ҳай-ҳай! Ҳайфи миллат! Ин боз ҳамон бокимондаи «бюрократизм». Ман тоҷикам ва аз аҳли илм. Ихтирое овардаам ба Шӯрои Уламо! Агар каси дигар мебуд, ҳеҷ ба ин ҷо намеомад. Магар ҳикоятеро нашунидаед, ки дар айёми кадим шайхе буд, ки баръакси дигарон кор мекард. Яъне, ҳар бор, ки аз хона мерафт, дари хонаи худро кушода мегузошт. Ва ҳар бор, ки меомад ва ба хонаи худ ворид мешуд, дарро куфл мезад. Сабабашро пурсиданд. Ӯ гуфт»; Чун аз хона берун мешавам, дарро кушода мегузорам. Чунки дар хона чизе нест. Ва ҳар бор, ки ба хона меоям, дарро куфл мекунам. Чунки дар хона акнун Ман ҳастам». Шумо, ҳам, бародар, шукр кунед, ки ман ин ҷо омадаам…

— Маъзарат, око! Хафа нашавед, талабот ҳамин! Марҳамат дароед.

 

Дориюш ба лифт, ба кавли ирониён ба осонсур – осон савор шуда, ба ошёнаи чаҳорум, таги дари ҳуҷрае омад, ки дар болои дараш  «Донишманд Фаррухӣ – мудири бахши ихтироот ва навоварӣ» навишта шуда буд.  Мудир, ки дар паси роёна пинҳон шуда, чӣ кор карданаш маълум набуд, аз ҷо андаке ҷунбиду ба ишора Дориюшро ба нишастан таклиф кард. Пас аз андак вонамуд, ки гӯё кораш аз мӯи сараш ҳам зиёд бошад ( Аслан дар сари тоси мудир як тор ҳам мӯй набуд. Пас маълум, ки на кораш зиёд ҳаст ва на мӯяш) рӯй овард ва пурсид:

— Бифармоед, банда дар хизмат…

«Хайрият, гуфт ба дил Дориюш, каме инсоф доштааст ин мудир» ва дастаи коғазҳоро бароварда ба ӯ пешниҳод намуд. Мудир ба сарлавҳа чашм давонда :

— Плазма… Абри плазмавӣ!.. Ҳеҷ намефаҳмам… Истифодаи васеи он дар ҳаёти иҷтимоӣ…

Дориюшро дил гувоҳӣ медод, ки ин мудирон  аслан дар калла мағзе ҳам надоранд. Ва аҷаб нест, ки ин тоифаҳо «Яғмо»-ро «Яғноб» тасаввур кунанду  « микроволновка»-ро телевизор.

—Плазма» — шурӯъ кард ба фаҳмондан Дориюш – ҳолати чаҳоруми модда ҳаст, ки лобалои ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ карор дорад. Системаи молекулярии плазма иборат аз электрон ва протонҳои мусбату манфии озод  аст, ки дар натиҷаи нурборон кардани онҳо бо неон энергияи доимии люминесентсионӣ ҳосил мешавад. Ин неру кодир аст, ки  дар фазо майдони электромагнитиро   бартараф кунад. Ҷисмҳои сахтро барои ҳаракати озод ва мавкеъгирии бемонеа водор намояд…

— Ҷаноби Дориюш! Агар се соати дигар шарҳ диҳед ҳам – гуфт мудир сухани Дориюшро бурида, — аз ду сар ман чизе намефаҳмам. Беҳтараш содда карда ба ман фаҳмонед, ки ин ихтирои шумо чӣ хел мазза дорад, шиками чанд касро сер карда метавонад…

— Плазма, аниктараш абр, ё рӯйпӯши плазмавӣ мазза ва бӯй надорад, аммо вазни ночиз ва ранги нимшаффоф дорад. Масалан бо андак кӯшиш метавон тамоми ҷумҳуриро бидуни истифодаи Норак, Сангтӯда ва Роғун чароғистон гардонид. Дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, ва болои кӯҳҳо лавҳҳои рангоранги неониро озин кардан мумкин аст, ки  шабу рӯз нурафшон бошанд. Дар гирди шахс, хона, техникаи ҳарбӣ ва тайёраҳо абри плазмавӣ фароҳам овардан мумкин аст, ки онҳо ноаён ва зуд аз ҷое ба ҷои дигар накл карда шаванд.

—Иъ, аҷиб-ку! Аз афташ барои ин хеле маблағ лозим бояд шавад. Аммо пешакӣ ба шумо  мегӯям, ки буҷети мамлакат хароб ҳаст. Мабодо, пул-мул талаб накунед, ки имкон надорад.

— Муҳтарам мудир! Ҳеҷ хел пул-мул лозим нест. Факат ин ихтирои маро пешниҳоди муҳокима дар Шӯрои  Уламо гардонед, кифоя!

— Худи ҳамин корро кардан низ хеле мушкил, ҷаноби Дориюш!  Ана ( аз таги миз як даста коғазҳоро берун оварда) дар навбат чӣ кадар олимони касбӣ истодаанд. Масалан, Мубинҷон Ашрафӣ, мавзӯи ихтироаш «Сабабҳои кадпастии кӯдакон ва камхунии занон». Мавзӯи хеле даркорӣ ва рӯзмарра. Ё бигирем, ана кори илмии дигари доғи рӯз, Кутбиддин Бойкулов, « Жуки колорадоӣ ва зарари он ба картошка». Ин гуна мавзӯъҳо хеле зиёд. Аммо шумо бошед, як олими ҳаваскор. Дипломи олимӣ надоред. Бинобарин наметавонем, кори шуморо кабул кунем…

Дориюш дид, ки дигар бо ин сардори олимони дипломдор, аммо беамал, баҳс кардан фоида надорад. Аз  ҷайб дастгоҳи ихчами абри плазмаофарро бароварда сӯи худ дошт ва тугмачаашро зер кард. Дар як мижжа задан абри сиёҳранге пайдо шуда, печутоб хурд ва ба сурати ҷисми секунҷаи парроне табдил ёфта, аз тиреза берун гардид.

— Ӯ-уҳ ҷодугаре! – гуён мудир занги бонги хатари рӯи мизашро пахш кард. Вакте ки котиба дар даст финҷони об вориди ҳуҷраи мудир шуд, мудир бо курсиаш чаппагардон рӯи фарш мехобид. Котиба ба рӯяш об зад, то ба ҳуш ояд.

Пагоҳи дигар Дориюш аз рӯзномаи «Огоҳ»-нашрияи Маркази Илм ва Тамаддуни Тоҷик хабари воҳимаангезеро хонд; «Мудирро дар кабинеташ аҷина зад!»

Июль 2, 2013 - Posted by | фантастика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: