«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Устои дуредгар-нависандаи публисист?


Китоби ИдибойКитоби нави нависандаи публисист-Идибойи Мирзобарот таҳти унвони «Нури имон», зери таҳрири Ҷӯра Юсуфӣ, тариrи нашриёти «Меъроҷ»и шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ва теъдоди муътадил интишор ёфт. Дар зимн бояд гуфт, ки муаллифи номбурда rабл аз ин ҳам ду китоби дигари худро бо номҳои «Роҳати ҷон» ва «Роҳати дил» аз ҳисоби дастранҷи худ мунташир сохта буд. Хуш ба ҳоли касоне, ки тангии рӯзгорро баҳона накарда, барои пешбурди фарҳанг ва адабиёти миллӣ  хиште бар мабнои Кохи ҷовидонаи хирад мегузоранд.

Идибойи Мирзобарот дар назари аввал як инсони оддӣ ва устои дуредгар аст. Аммо аз сабаби рағбати беандоза доштанаш ба сухангустарӣ, ки аз ҷавҳари зотии  ӯ маншаъ мегирад, ӯро то ба ҳадди олами нависандагӣ кашида овардааст, ки акнун ӯ бо тешаи андеша паҳлӯҳои суханро лайс, бо арраи дарк зиёдатиҳои суханро rатъ ва бад ин васила Rасри суханро иморат мекунад.

Идибойи Мирзобарот дар нависандагӣ салиrаи махсус дорад. Ӯ мисли баъзе rаламкашон аз пайи мавзӯъ намегардад. Итминон дорад, ки ҳар чӣ чашми ӯ мебинад ва дили ӯ истиrбол мекунад, мавзӯест барои навиштан. Ҳамин тавр ҷаҳишҳои тафаккурии  ӯ  сари мавзӯъҳои мухталиф барои хонанда дар мадди аввал ғайри мунтазира менамояд. Барои мисол, ӯ дар китоби нави худ «Нури имон» аз офариниши олам, фоидаи зикри номи Худо ва таваллуду фаъолияти Паёмбари Акрам (С) сухан оғоз карда, дар «фоидаи намак» ба охир мерасонад. Дар ин асари публисистии ӯ бахшҳои мухталиф, мисли тарҷумаи ҳоли муаллиф, аллои телефон ва аллаи гаҳвора, муъҷизаҳои пайғамбарон ва каромати авлиё, сулҳ ва ваҳдат, Палдорак ва Тоҷикистон, Рӯдакӣ ва Охуни Мирзобарот, зиёрати муrаддасот ва анъанаҳои солинавӣ, рукнҳои намоз, тамоку ва зарари он, фазилатҳои Сураи ихлос, озах ва шифои он, мӯрча ва бофанда, табрикоти раиси ноҳия, зани фитнааангез, маслитҳатҳои табиб Мӯсохон, Бузи сарсари санг-хӯроки гургу паланг, воҷиботи имон, Шӯҳрат ва саги вафодораш-Тавrӣ, тозагӣ-гарави саломатӣ, иншои озод аз рӯи ҳикояҳои халrӣ, ҳайзбинии занҳо, усули дин,чӣ тавр Абдушариф андари Ҷиндонро  хес кард, пайрави Ҷомӣ бошем ва ғайра ба ҳам омадаанд. Яъне дар ин китоб муаллиф гоҳе аз назари як нафар ориф ё мулло, гоҳи дигар бо чашми нависандаи философ, баъдан ҳамчун як сиёсматор, гоҳи дигар ҳамчун сайёҳ ё муаррих ба равиши воrеаҳо баҳо медиҳад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, чунин тарзи нигориш барои пурмазмун ва рангоранг шудани китоб, бешоиба мусоидат намудааст. Муаллиф, каҳрамони лирикии ҳудро, ки бешубҳа худи ӯст, ба сифати шахси ғоиб мунтахаб кардааст ва мегӯяд; Идибойи Мирзобарот мефармояд, Идибойи Мирзобарот умед дорад, Идибойи Мирзобарот тасмим гирифт. Идибойи Мирзобарот навишт…ва ғайра.

Ошкор мешавад, ки дар раванди зиндагии ҳамарӯза муаллифро ҳар чӣ ки муассир намуда, ба шӯр овардааст, мавзӯи навишт rарор додаст.

Китоб ба кумаки молии фарзандони муаллиф  Абдуфаттоҳ, Абдуманнон ва Имоил, ки дар шаҳрҳои Россия дар муҳоҷирати меҳнатиянд, ба чоп омода шудааст.

Июнь 29, 2013 - Posted by | Публисистика

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: