«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Мовароуннаҳр дар «Ҳудуд-ул-олам»


Ораши камонгирСарзамини ниёкони мо, ки дар тӯли қарнҳо диққати муаррихони ҷаҳонро чун миқнотис сӯи худ мекашид, бо номҳои гуногун дар сарчашмаҳо ёд мешавад. Азбаски он дар варои рӯди Омуя қарор дошт, порсиён «Вароруд»-аш мегуфтанд. Муаррихони араб онро «Мовароуннаҳр» ва румиён «Трансоксиана» ном мебурданд. Баъдан бо номҳои « Осиёи Вусто» ва «Осиёи Миёна» низ дар маохиз ёдоварӣ шудааст. Ҳар чӣ ҳам бошад, Мовароуннаҳр ва Хуросон чун ҷону дил дар бадани тамаддуни тоҷикӣ, ҳанӯз дар аҳди Сомониён яке аз қадимтарин императории олам шинохта мешуд. Суханвари мумтози тоҷик Қувват Давлат беҳуда нагуфта буд, ки ;

 

Миёни шаҳрагу хун аст дар ман Мовароуннаҳр,

Ба дил дар ҷои хосон ман Хуросонро биғунҷонам.

 

Ба хотири гузаштаи тамаддунсози ниёкон, ба хотири ваҳдати ҳаммиллатон ва ниҳоят барои оянди миллати тоҷик ин навиштаҳоро аз фаромушхонаи таърих баргирифта, бори дигар ба хонандагони закитабъ пешкаш мекунем, то бошад аз ҳуввият ва миллияти худ огоҳӣ ёбанд ва худшиносӣ бикунанд.

                                                                                      

 

Мовароуннаҳрро аз ҷониби шарқ кӯҳсори Тиббат (Тибет), аз ҷануб Хуросон, аз ҷониби мағриб ғузон ва халлухҳо ва аз тарафи шимол низ халлухон фаро гирифтааст. Ва он  мулкест доманфарох, шукуфон ва мавзеи мувофиқ ва писандида барои аҳли тиҷорат. Онро «Дарвоза ба сӯи Туркистон» низ меноманд. Бошандагони он ҳама аз аҳли тақво, ғозипеша, ҷасур ва камонварони беҳамто мебошанд. Эътиқоди мардуми он покиза ва ин ҷо мулкест амн ва боадолат. Дар кӯҳсори он конҳои тилло, нуқра ва аз ҷумлаи дорувор «маргимуш» ва навшодир бисёр бошад.

 

  1. БУХОРО – бузургтарин ва хуррамтарин шаҳри Мовароуннаҳр буда, пойтахти «Малики Машриқ» — тахтнишини Оли Сомон ин ҷост. Мардумаш  аксар камонвар ва комилэътиқод мебошанд. Аз ин шаҳр қолиҳои мунаққаш ва шӯра (селитра) ба атрофу акноф мебаранд. Ҳудуди Бухоро 12 фарсанг бар 12 фарсанг (72Х72км.кв)-и мураббаъаст, ки атрофашро бораи бузург иҳота намудааст ва боқӣ ҳама иншооти ин шаҳр андаруни ин деворанд.

 

  1. ЗАНДАНА (ДАНДУНА- навишта шудааст ва шояд асли вожа

ҳамин бошад. М.Н) ва БУМИКАТ ва МАҶМИҶКАТ – шаҳрҳои каронаи Бухоро, ки дорои минбар ва заминҳои корами зиёд мебошанд.

 

  1. ФОРОБ – шаҳрест воқеъ дар каронаи рӯди Ҷайҳун, ки ҷойгоҳи  «Мири рӯд» ин ҷост, ки масъули тақсимоти оби дарё ва назорат аз болои он бар дӯши ӯст. Шаҳр дар биёбон қомат афрохтаст.
  2. ПАЙКАНД – шаҳрест аз шаҳрҳои Вароруд дорои ҳазорон работ ва хоки  нарму ҳосилхез. Ва он  ҷо гунбади гӯрхонаҳост, ки аз Бухоро ба он ҷо баранд.
  3. СУҒД – вилоятест аз вилоятҳои Вароруд ки дар ҳама Машриқзамин аз он зеботар ва шукуфтатар вилояте нест. Обҳои равон, дарахтони сарсабз ва обу ҳавои муътадил дорад. Мардумонаш меҳмондӯст, дилёб, нармгуфтор ва соҳибэътиқод мебошанд.
  4. ТАВАСВИС – шаҳре дар каронаи Бухоро ва сарҳадди Суғд, ки ҳар сол як бор бозори ҷаҳонӣ  барпо мешавад ва мардуми зиёде ин ҷо гирди ҳам меоянд.
  5. КАРМИНА ва РАБИНҶОН – аз шаҳрҳои канории Суғд буда, обҳои ҷорӣ, заминҳои кишт ва дарахтони сабз доранд.
  6. КУШОНӢ – ободтарин шаҳри Суғд ба шумор меравад.
  7. ИШТИХОН – бузургтарин ва ободтарин шаҳри Суғд.
  8. КУНИҶКАТ ва ФАРНКАТ – ду шаҳре, ки миёни дарё ва шаҳри бузурги  Иштихон ҷой гирифтаанд.
  9. САМАРҚАНД – яке аз бузургтарин шаҳрҳои Суғд, ки дӯстдоштатарин шаҳр барои тоҷирони ҷаҳон аст. Дорои шаҳристон, тахтнишин ва қасабот буда, аз болои боми бозори он яке ҷӯи оби равон аз арзиз мегузарад. Дар Самарқанд Хонагоҳи Монавиён вуҷуд дорад, ки онро «Нигӯшак» ном мебаранд. Ин шаҳр бо истихроҷи коғаз ва риштаи канаб машҳур аст. Дарёи Бухоро («Зарафшон» М.Н.) аз наздикиҳои ин шаҳр ҷорӣ мешавад.
  10. ВАРАҒСАР – (Сари Варғ) – шаҳрест аз шаҳрҳои Суғд, ки дар каронаи рӯди Бухоро («Зарафшон») ҷой гирфтааст. Дар ин шаҳр дарғоте сохта шудааст, ки қисматгаҳи об ин ҷост.
  11. СУРУШАНА – вилоятест аз вилоёти Суғд, ки шаҳристонҳо ва рустоҳои зиёд дорад. Аз ин ҷо, ки макони ангур аст, набиз (шароб)-и некӯ хезад ва аз кӯҳистони вай оҳан.
  12. 3ОМИН – шаҳре дар Сурушан, ки сари роҳи Хуҷанд ва Фарғона ҷой гирифтааст. Замини кишти бисёр ва дижи устувор дорад.
  13. БУНҶИКАТ (ШАҲРИСТОНИ ҲОЗИРА М.Н)- тахтнишини Ихшиди Сурушан.
  14. БУТТАМОН – вилоятест дар миёни кӯҳҳо ва шикастагиҳо. Ин вилоят ба се қисмат шудааст: 1.Буттамони андарунӣ (Масчо, М.Н). 2.Буттамони миёна (Фалғар) 3. Буттамони берунӣ (то Панҷекат). Ҷойгоҳест дорои заминҳои кишту барзи зиёд, аммо мардумонаш нодор. Буттамон деҳот ва рустоқҳои афзун дорад ва аз ин макон, чарм, пӯст ва навшодир хезад.
  15. БАРҒАР (Фалғар.М.Н.)- ҳудудест аз ҳаддҳои Бутамони миёна, ки дар он кӯли Дарёжа ҷой дорад ва ҳамаи оби мавзеъ дар ӯ ҷамъ шавад ва  рӯди Бухоро («Зарафшон») аз ин ҷо оғоз гардад.
  16. ХУҶАНД – яке аз шаҳрҳои бузурги Суғд аст, ки мардумонаш ҳама озода ва покасл. Аз ин шаҳр анорҳои хуб хезад ва дигар меваҷот.
  17. ФАРҒОНА – вилоятест аз вилоёти Суғд. Дорои заминҳои васеъ ва кишту барз. Кӯҳҳои баланд, водиҳои сероб ва шаҳрҳои зебо дорад. Он ҷоро  «Дарвозаи Туркистон» бигӯянд. Ва аз ғуломони турк он ҷо бисёр бифурӯшанд.
  18. АХСИКАТ-  пойтахти Фарғона ва тахтнишини амири он. Ин як шаҳрест бузург ва ҷойгирифта дар каронаи рӯди Хашарт («Яксарт»-яъне Сирдарё. М.Н). Кӯҳпояҳои бисёр дорад, ки аз онон тилло ва нуқра хезад ва мардумаш аксар набизхора( «шаробхӯр»)-анд.
  19. СУХ- дар миёнаи кӯҳҳост бар ҳудуди байни Буттамон ва Фарғона. Ва 60 қасаба (деҳаи хурд) дорад.
  20. АВАЛ- Ҷойгир дар кӯҳпояҳост ва қасабаҳо дорад.
  21. РИШТОН-мавзеест бузург ва сермардум.
  22. ХВАКАНД ( Қӯқанд) – шаҳрест бузург ва сераҳолӣ.
  23. ҚУБА (Қува) – шаҳрест бузург ва чойгирифта дар сарҳадди Фарғона.
  24. ӮШ- ҷойгоҳест зебо ва сабзу хуррам ва бунёд ёфта дар баландии  кӯҳ. Ин ҷои дидбонон ва таҷассусин аст, то туркони кофир ба ин диёр раҳ наёбанд.
  25. ӮЗГАНД – шаҳрест воқеъ дар сарҳади байни Фарғона ва туркон. Аз каронаҳои  ин шаҳр ду рӯде ҷорӣ мешавад, ки яке аз ҷониби Тиббат меояд ва Табошир ном дорад. Дигаре аз сӯи мулки халлухон меояд ва онро Баршикан ном аст.
  26. ХАТЛОМ – шаҳрест аз шаҳрҳои Фарғона ва зодгоҳи Амири Хуросон —  Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ин ҷост.
  27. ЧОЧ – вилоятест бузург бо мардумони мубориз ва тавонгар. Дар ин ҷо тиру камони машҳури чочӣ аз чӯби хаданг бисозанд.
  28. БИНКАТ – шаҳрест бузург ва пойтахти вилояти ЧОЧ аст. Ва тахнишини шоҳ ин ҷо бошад.
  29. БАНОКАТ – шаҳрест сабзу хуррам дар соҳили рӯди Хашарт («дарёи Сир» М.Н.)
  30. ИСБИҶОБ (Исфиҷоб.М.Н.)- вилоятест воқеъ миёни мусулмонон ва кофирон.
  31. ХУТАЛЛОН (ХАТУЛОН ҳам навишта шудааст) – вилоятест аз Варорӯд ва ҳамсарҳад бо Тиббат. Обу ҳавояш мувофиқ ва мардумонаш ҳама ҷанговар. Аз ин диёри сутурони (аспони) машҳури  хатлӣ хезад. Дар кӯҳсораш конҳои тилло ва нуқра зиёд аст.
  32. ҲУЛМУК (ҲУЛБУК) – пойтахти Хутталон аст ва тахтнишини шоҳи он.
  33. ПАРГОР (ФАРХОР) – шаҳрест дорои аҳолӣ ва кишту барзи зиёд.
  34. ВАХШ – вилоятест сабзу хуррам дар каронаи Вахшоб.
  35. ҲАЛЕВАРД – пойтахти вилояти Вахш аст. Ин марзест бо кишту барз ва рустоқу деҳоти афзун, ки мардумонаш ҳама камонваронанд.
  36. ЛЕВКАНД – тааллуқ ба Вахш дорад ва гӯсфанди вахшӣ аз ин макон хезад.
  37. РАШТ- вилоятест сабз ва хуррам андар миёни кӯҳҳо ва шикастагиҳои миёни Буттамон ва Хутталон, ки деҳот ва рустоқҳои зиёд дорад. Ҳокими ин мавзеъро «Деҳгони Рашт» гӯянд.
  38. КУМИҶИЁН – дар он сӯи Хутталон ва Чағониён умр ба сар мебаранд. Онон мардумони ҷасур ва ҷанговаранд, аммо шуғли писандидаашон дуздист. Дороии онон иборат аз гӯсфанд ва барда мебошад. Ҳар яке ба амирони худ тобеъият доранд.
  39. СИКОШИМ (ИШКОШИМ)- қасабаи ноҳияи Вахон аст.
  40. САНГЛИЧ – дар кӯҳпоя ҷой гирифтааст ва ин ҷо макони истихроҷи лаъли Бадахшон аст. Чашмаи оби гарм дорад.
  41. САМАРҚАНДАК – ҷойгоҳест сераҳолӣ ва охири ҳудуди Мовароуннаҳр аст, ки дар он ҳиндувон, тибетиён, вахониён ва мусулмонон зиндагӣ мекунанд.
  42. БУЛУР – ноҳиятест фарохдоман ва шукуфон, ки подшоҳашро Булурин-шоҳ гӯянд. Ва мардумаш ҳама офтобпарастанд. Ва худро фарзанди Офтоб медонанд. То даме, ки Офтоб набарояд, аз хоб барнахезанд ва ин оини онҳост.
  43. ХОРАЗМ —  вилоятест дар канораи ғарбии Мовароуннаҳр.
  44. КАТ – пойтахти Хоразм ва дарвозаи Туркистони Ғуз аст. Ва амири онро Хоразмшоҳ ном мебаранд.
  45. ГУРГАНҶ – шаҳрест бузург ва пештар тахтнишини Хоразмшоҳ будааст. Мардумаш ҳама ҷанговар ва камонандоз.
  46. ХИВА – шаҳракест аз табааи Гурганҷ.
  47. ДЕҲИНАВ  — Қасабаест, ки подшоҳи Ғуз ҳар зимистон он ҷо ояд.
  48. ХУШМЕТАН – шаҳри тоҷирони тавонгар.

Май 4, 2013 - Posted by | Фарханг ва адабиёт

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: