«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

«Аҷоиб-уд-дунё»


bookДар чаҳоряки аввали асри ХІІІ аз тарафи муаллифи номаълум бо забони форсӣ асаре бо номи «Аҷоиб-уд-дунё» таълиф гардид, ки аз ҷиҳати мундариҷа асари ҷуғрофии Абулмуайяди Балхиро ба хотир меовард. Аммо ин асар  аз ҷиҳати ҳаҷм ва баъзе нукот,  мисли аҷоиботи баҳру бар, ҷуғрофиёи шаҳрҳо, дар бораи олами ҷамод ва набот маълумоти нисбатан фарохтареро дар худ фароҳам овардааст. Мақсади асосии муаллиф, ончунон, ки дар пешгуфтори китоб овардааст, ҳамоно додани донишҳои ҷуғрофиёӣ ба мардум будааст.

Мо, гулчини ҳикояҳоро аз ин китоби қадимӣ ва машҳур пешкаши хонандагони гиромӣ намуда, итминон дорем, ки донистани он барояшон бесуд нахоҳад буд.

 

Абулмуайяди Балхӣ мегӯяд, ки маро ҳанӯз аз овони тифлӣ фикре дар сар зада буд, ки саёҳати рӯи олам намоям ва ҳарчӣ аз аҷоибот бубинам, ё аз касе шунавам, онро бинависам. Ниҳоят ин орзӯи ман, битавфиқуллоҳ, амалӣ шуд ва ман китобе навиштам, бо унвони «Аҷоиб-уд-дунё» ва ба подшоҳи замон ва амири Хуросон Абулқосим Нӯҳ бинни Мансур ба расми эҳдо бахшидам.

 

«Дар Ҳиндустон миёни баҳр, дар болои кӯҳ дарахти бузурге ҳаст, ки чиҳил дар хона ва даҳ дар дӯкон дорад. Дӯконҳо пур аз коло ва чизу чора буда, нархи ҳар яке дар зери он навишта шудааст. Аҷоиб дар он аст, ки ин дуконҳо фурӯшанда ва ин хонаҳо одам надоранд. Харидоре, ки ин ҷо ояд, колоро гирад, аммо пулашро нагузорад, роҳи баромадро намеёбад. Аммо харидоре, ки бовиҷдон бошаду пулро гузорад, ба зуддӣ роҳи баромадро хоҳад ёфт.

 

Дар соҳилҳои баҳри Чин парандае ҳаст, ки номи ӯ Хушист. Ва аммо боз парандае ҳаст, ки кӯчактар аз кабӯтар ва онро Ғуроб гӯянд. Чун Хушӣ парвоз мекунад, дар зери он Ғуроб низ ба парвоз меояд ва ҳарчӣ аз чангол ё минқори Хушӣ афканда мешавад, ғуроб онро тӯъмаи худ қарор медиҳад. Бад ин минвол ғуроб ризқу рӯзии худро пайдо мекунад.

 

Дар Туркистон кӯҳест, ки дар баландиҳои ин кӯҳ ҷангали анбӯҳ мерӯяд. Ва дар ин ҷангал одамони ваҳшие умр ба сар мебаранд, ки ононро «наснос» мегӯянд. Ҳар гоҳ, ки яке аз онон бемор бишавад, ба қуллаи кӯҳ меояд ва дарҳол абре пайдо мешавад ва  ба сару рӯи ӯ  меборад, ки баъд аз ин шифо меёбад. Агар абр наояд ва борон наборад, бемор муддатҳо он ҷо мемонад. Баъд аз он абри сиёҳе мехезад ва сел меборад. Сел он беморро мебарад. Маълум не, ба куҷо.

 

Дар кӯҳи Андалус ғорест, ки агар касеро хоҳиши оташ гирифтан пайдо шавад, дар нӯги чӯб латтае мепечонад ва онро дар равған меҷӯлонад. Ва чун вориди он ғор мегардад, машъал худ ба худ оташ мегирад. Кас намедонад, ки чаро.

 

Дар Зангистон кӯҳест, ки ҳама шаб  оташ аз он ҷо шӯъла мезанад. Аҷаб он аст, ки ин оташ дуд надорад. Аз ҳамин кӯҳ ду чашмае ҷорист, ки якеи он то ҳадде тасфон ҳаст, то ҳар чӣ дар он андохта шуд, пухта мегардад. Ва дуюмӣ ба дараҷоте сард аст, ки як қулт нӯшидан ҳам намешавад. Гӯянд, ки фосила миёни ин ду чашма аз се ваҷаб беш нест.

 

Дар уқёнуси Ҳинд ҷазираест, ки дар гул ғарқ шудааст. Агар касе аз ин гулҳо бичинад ва дар чодаре бигузорад ва чодарро болои об нигаҳ дорад, аз об оташе бархезад, то гулҳоро ҳама бисӯзад ва осебе ба чодар нарасад.

 

Дар Ҳиндустон шаҳрест, ки чун бегонае вориди он шавад, қобилияти мардии худро гум кунад ва ҷимоъ натавонад кард. Чун он шаҳрро тарк бигӯяд, мардии ӯ барқарор хоҳад гашт. Ин ҳодисаро ба марде нақл карданд ва он мард бад ин шаҳр азми сафар намуд. Дар муддати сездаҳ сол, ки он ҷо буд, намедонист, ки мард аст ё зан. Чун аз ин диёр рахт барбаст, боз мисли асл гардид.

 

Дар биёбони Сурӣ дарахте мерӯяд, ки решаҳои амиқ дорад. Чун шаб фаро бирасад, ҳар барги он чун оташак фурӯзон бишавад. Агар шахсе ба шохаи он даст бирасонад, дасташ бисӯзад. Чун дар фасли хазон баргҳояш бирезанд, оташ падидор нашавад, то баҳорони дигар, ки баргҳои нав бирӯянд, боз оташнок шаванд.

 

Дар Табаристон дарахте ҳаст, ки онро «дарахти рӯшноӣ» гӯянд. Ҳар гоҳ, ки торикӣ доман афрозад, аз ин дарахт рӯшание бархезад, ки гӯӣ чилчароғ афрӯхтаанд. Банда аз ин дарахт порае бистадам ва ба кулба овардам. Он пора то даме, ки тар буд, равшанӣ медод. Чун хушк гардид, равшанӣ аз ӯ ботил гашт. Чун, банда, ӯро дар об андохтам, дубора равшан гардид.

 

Парандае ҳаст, ки болои дарахт лона мегузорад ва тухм мебарорад. Чун мор мехоҳад, ки худро ба лонаи ин паранда бирасонад, паранда аз бими мор тухмҳоро ба ҳоли худ гузошта парвоз мекунад. Ин вақт тухмҳо ба ҷаҳидан медароянд ва ба мор ҳуҷум менамоянд, то ба ҳадде, ки чашми морро аз косахонааш берун меоранд. Баъди он, ки мор гурезон мешавад, тухмҳо нармак ба ҷои худ қарор мегиранд.

Ҳар гоҳ, ки аз ин тухмҳо чӯҷаҳо берун оянд, паранда шикастапораҳои тухмро дар гирди чӯҷаҳо фароҳам меорад. Мор аз тарс дигар ба чӯҷаҳо наздик намешавад, то даме ки паррончак шаванд.

 

Дар кишвари Туркистон болои кӯҳе аз санг тандиси мардеро сохтаанд, ки даст андар даҳони хеш фурӯ бурдааст. Чун хушксолӣ ояд, тамоми мардум сардори қабиларо даст ба пӯшт баста, назди ин муҷассама оранд ва гӯянд: Миёни мо азизтар аз ин шахс каси дигар нест. Онро овардаем, ки дар пеши ту қурбон гардонем». Он мард ба илтиҷо аз тандис амон мехоҳад. Ҳайкалро ба ӯ раҳм меояд ва даст аз даҳони хеш бозпас мегирад. Дар ин вақт аз даҳони ин ҳайкал ба қадре об ҷорӣ мешавад, ки як осиёбро гардон менамояд. Ва чӣ қадар, ки барои ин мардум об лозим бошад , пайдо хоҳанд кард. Баъд аз ин тандис дубора даст ба даҳон мебарад ва омадани об қатъ мешавад. Касе огаҳ нест, ки чи гуна ин ҳайкалро сохтаанд.

 

Дар сарҳадҳои Яман дарёе ҳаст, ки чун офтоб барояд оби ин дарё аз ҷониби машриқ ба сӯи ғарб ҷорӣ шавад. Аммо чун офтоб бинишинад, маҷрои об аз мағриб ба шарқ ҳаракат намояд. Боре ҳам нашудааст, ки дар тӯли як рӯз, ё як шаб ҷараёни оби дарё бар як самт ҳаракат карда бошад.

 

Дар ҳудудҳои Дайламон рустание бирӯяд, ки заҳрнок бошад. Ва ҳар ки аз бегонагон аз ин сабза бихӯрад, ҳалок гардад. Аҷаб он аст, ки мардуми таҳҷоӣ аз ин алаф бихӯранд ва ба онҳо зарар нарасад. Ин алафро  «Сабзаи ақраб» гӯянд.

 

Дар кӯҳи Наҳравон чашмаест, ки оби мусаффо дорад. Агар дар оби ин чашма латтаи чиркинро биафканӣ, оби чашма дар хурӯш ояд ва биҷӯшад. Аз ҳаври ин ҷӯшиш абре падид ояд ва борони сел биборад, агар фасли тобистон ҳам бошад.

Дар кӯҳи Булур сурати занеро сохтаанд, ки пистонҳои барҷаста дорад. Ва касе, ки бемор бишавад, назди он сурат ташриф оранд ва пистони ӯро бифишоранд, то аз он ду-се қатра шир падид ояд. Чун ин қатраҳои ширро бо об биёмезанд ва ба бемор бидиҳанд, шифо ёбад.

 

Дар кӯҳи Булур парандаест, ки ӯро Наводир гӯянд. Ҳар баҳор чиҳил дона тухм мегузорад. Ва ононро зери хок пинҳон медорад. Баъди ҳафтае, ба ин макон бармегардад, ки ба туфайли гармии офтоб аз ҳамаи тухмҳо чӯҷаҳо сар зада бошанд. Он гаҳ ин паранда ҷуфте аз нарина ва модина баргирифта, боқӣ дигар ҳама чӯҷаҳоро нобуд хоҳад кард. Чӯҷаҳои интихобшуда дар тӯли ҳафт рӯз париданро меомӯзанд ва мустақил мешаванд.

Апрель 25, 2013 - Posted by | Фарханг ва адабиёт

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: