«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Боз ҳам дар бораи садоноки «ӯ»


(Андешаҳо пиромуни навиштаи Абдулмаҷиди Бобоҷониён «Маҳдудияти садоноки «ӯ», «Ҳақиқати Суғд»№25, 26 феврали соли 2013)

 Ҳар боре, ки дар ҷаридае дар бораи «ӯ»-и заданок мақолае интишор гардад, рӯзноманигор Абдулмаҷиди Бобоҷониён ҳатман садо баланд  мекунад. Ҳадаф аз вокунишҳои ӯ ҳамин аст, ки ин садонок аз истифода бароварда нашавад ё худо медонад, боз чизи дигар. Ӯ дар пешгуфтори мақолааш  менигорад, ки «Бадхоҳони миллат ва суннатҳои ниёгон чанд вақт инҷониб алайҳи он (яъне «худшиносии  миллӣ») муборизаи ошкоро эълон карда, барои ин аз васоити ахбори омма низ босамар истифода мебаранд». «Бадхоҳони миллат?». Яъне кӣ? Кумитаи имлои назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон? Ё Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон? Ё рӯзномаи «Ҷумҳурият»? ё олимони забоншинос?  Худшиносии миллӣ ба «ӯ»-и заданок чӣ дахл дорад?

Баъдан аз номи дотсенти ДДХ Саидмурод  Ҳоҷиев меорад, ки «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриямон ба тариқи супориш мактубе фиристода, аз муаллимону хонандагон талаб кардааст, ки меъёри навишти калимаҳои иқтибосии арабии пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати ъ риоя карда шавад ва дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (8 сентябри соли 2012) рӯйхати шасту шаш (66) калима пешниҳод карда шудааст, ки онҳо бояд бо у навишта шаванд… Аҷиб! Дар худи қоидаҳои нави имло баъзеи чунин калимаҳо ва вожаҳои ба он монанд, мисли мӯъмин бо ӯ зикр гардидааст. Инро чӣ хел бояд фаҳмид? Мухолифат ба қоидаҳои имлои нав?»

Баъдан Абдулмаҷиди Бобоҷониён менигорад; «Гузашта аз ин мо дарак ёфтем, ки чунин номаи расмиро Вазорати маориф дар иртибот бо пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ нафақат ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, балки ба кулли макотиби олӣ ва миёнаи махсус ҳам роҳӣ намуда,  аз маъмурон тақозо кардааст, ки  дар бобати рафти иҷрои ин талабот дарозои ҳар семоҳа ба вазорат ҳисобот манзур гардонанд.»

Абдулмаҷиди Бобоҷониён минбаъд ҳам бо ҳамин тарз меорад; «Ин магар аз ҳад гузаштани навбатӣ байни соҳибзабонони маҳалҳое нест, ки … ба ҷои ӯ-у мегӯянд?…Солҳову замонҳои сипаришуда магар масъулини забондон қавмҳои аз талаффузи «ӯ» оҷизбударо ин қадар расмӣ маҳкум  ва …маҷбур карда буданд? Дарозои ҳафтодсолаҳо ва садсолаҳои гузашта бузургтарин уламои забондон ва забоншинос ба чунин иқдоми тафриқаандозӣ даст назадаанду чаро имрӯз фақат як идда соҳибзабонон хости хешро ба дигарон таҳмил карданианд?»

Ҷаноби ҳазрати Абдулмаҷиди Бобоҷониён!

Агар мактуби расмӣ фиристодан ибтикори  Кумитаи имло ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пас ҳатман дар ин бора бо Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Чаро ин шуморо ба шӯр меорад ва чӣ чизе шуморо безобита мекунад? Чаро сухани худро намегӯеду аз номи Саидмурод Ҳоҷиев иқтибос меоред? Шумо ҳамчун рӯзноманигор бояд хуб донед, ки ҳамон 66 калимае, ки мегӯед дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» оварда шудааст, «буҳрон», «муҳтарам», «суҳбат», «муъҷиза», «шуъба» ва монанди инҳо дар грамматикаи ҳазорсолаамон ҳеҷ вақт бо «ӯ»-и заданок навишта ва талаффуз карда намешуданд ва минбаъд ҳам намешаванд, зеро ин вожаҳо дар хати ниёгонамон чунин тарзи навишт доранд; بحران، محترم، صحبت، معجزه، شعبه  Яъне, бидуни истифода аз «ӯ»-и заданок. Дар ин бора навиштаи «Ҷумҳурият» сад дар сад дуруст аст.

Шумо навиштаед, ки «Гузашта аз ин мо дарак ёфтем, ки чунин номаи расмиро Вазорати маориф дар иртибот бо пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти нафақат ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, балки ба кулли макотиби олӣ ва миёнаи махсус ҳам роҳӣ намуда,  аз маъмурон тақозо кардааст, ки  дар бобати рафти иҷрои ин талабот дарозои ҳар семоҳа ба вазорат ҳисобот манзур гардонанд.» Муҳтарам Бобоҷониён!  Шумо салоҳияти эътироз кардан ба мактуби расмии Вазорати маориф ва Кумитаи имлоро надоред, зеро мутахассис ё сарпарасти ин соҳа нестед.

Абдулмаҷид Бобоҷониёни гиромӣ!

Шумо навиштаед; «Ин магар аз ҳад гузаштани навбатӣ байни соҳибзабонони маҳалҳое нест, ки … ба ҷои ӯ-у мегӯянд?…Солҳову замонҳои сипаришуда магар масъулини забондон қавмҳои аз талаффузи «ӯ» оҷизбударо ин қадар расмӣ маҳкум  ва …маҷбур карда буданд?» Кадом «аз ҳад гузаштан»? Аз ҳад гузаштани кадом «қавмҳо»? Магар дар Тоҷикистон  боз «қавмҳое» ҳастанд? Магар мо ҳама тоҷик нестем? Кадом қавмҳои аз «талаффузи  «ӯ» оҷизбуда? Шумо киро дар назар доред? Пас дидед, ки кӣ аз ҳад гузашта истода будааст?

Шумо аслан хостаед, ки дар ин мақолаатон (чуноне, ки дар фароварди он кардаед) алайҳи олимони забоншиносе чун профессор  Абдуҷамол Ҳасанов, ки гуфтааст; «намояндагони баъзе аз лаҳҷаҳои тоҷикӣ қудрати талаффузи «ӯ»ро надоранд ва Саидмурод Ҳоҷиев, ки варианти истифодаи дугунаи ин вожаҳоро пешниҳод кардааст, эътироз кунед, зеро андешаҳои пешниҳодкардаи ин ҳар ду олим дурустанд. Ва танҳо ҷурм дар он аст, ки ба андешаҳои шумо мувофиқ нестанд. Аммо аз ҳадди эътидол таҷовуз карда, даст фаротар задаед ва ба иттиҳоми Вазорати маорифу Кумитаи имло, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва шахсиятҳои алоҳида пардохтаед.

Шумо, ки узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон бошед, (чуноне, ки дар зери ному насабатон овардаед) ба як рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки худ дар он солиёни дароз фаъолият доред, иктифо накарда, андешаҳоятонро беғаразона дар ҷаридаҳои марказӣ низ интишор диҳед, то хонандагони сершумортаре огоҳӣ биёбанд ва барои беҳбуди имло саҳм гузошта бошед.

Аслан кори имлои  имрӯзаи забони тоҷикӣ кори як рӯзу ду рӯз нест. Балки кори ояндаҳост. Ва дар ин марҳала андешаҳои умум ба назар гирифта шуда, дар ниҳояти кор тавассути қонунгузориҳо расмӣ гардонда мешаванд.

Ба наздикӣ навиштаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саидовро тавассути рӯзномаҳо хондем, ки фикри худро дар бораи баҳси «Ба алифбои форсӣ гузарем, ё нагузарем?» баён дошта иброз намудаанд, ки «Навиштан ба хати арабӣ ин кори шахсист. Аммо барои гузаштан ба ин алифбо ҳеҷ зарурияте вуҷуд надорад».Табиист ки ба ин фармудаи Вазири маориф чандин нафарҳо изҳори норозигӣ карданд. Вале шахсан худи ман ҷонибдори ин андешаҳои вазирам. Чунки дар ҳақиқат айни замон гузаштан  ба алифбои арабӣ моҳияте надорад.

Ё ба навиштаи Обид Шукурзода дар бораи «Забони тоҷикӣ»,ки аксари хонандагон эътироз намуданд, чунки ӯ навиштааст, «аслан забони тоҷикӣ вуҷуд надорад, ин забон забони  форсист»  ман низ ҷонибдор набудам. Вале ин маънои онро надорад, ки Обид Шукурзода ноҳақ аст. Дурустӣ ё нодурустии ақидаҳои ҳар фардро мурури замон собит месозад.

Аслан ман нисбати навиштаҳои шумо аз аввал беэътино будам. Чунки дар онҳо ба ҷанбаҳои илмӣ камтар бархӯрд мешуд ва бештар урфияти рӯзноманигориро касб менамуданд. Барои ҳамин ҳам як бору ду бор, вақте ки ба навиштаҳои ман вокуниш нишон додед, хомӯш будам. Аммо хомӯшии маро ба тарзи дигар фаҳмида, ду карати дигар ба шахсияти ман  дахл кардед ва дар охирин мақолаатон навиштед, ки гӯё бо ман баҳс карда, исбот намудаед, ки ҳақед. Баҳс ҳамон вақт баҳс мешуд, ки агар ман дар он иштирок мекардам. Чун ман дар миён набудам, шумо то имрӯз бо худ баҳси беҳуда мекардед. Шумо навиштаед, ки «Шоир ва омӯзгори мастчоҳӣ Маликнеъмат ҳанӯз соли 2009, гуфтан мумкин аст, бори нахуст бошад, гуфта буд, ки «ӯ»  ва «ӣ»-ро аз алифбои имрӯза бардоранд». Оре, ман натанҳо ин ду садонокро,  балки боз андешаҳои дигарро мисли мушкилоти байни ҳарфҳои чопӣ ва дастнависро, инчунин ҳарфҳои калону хурдро, аломатҳои зиёди алифбои имрӯзаро, ҳатто аз миён бардоштани «Ё», «Ю», «Я» ва «Э»-ро низ хотиррасон карда будам. Чаро он андешаҳои дигари ман шуморо безобита накардаанду маҳз ҳамин «ӯ»-и заданок шуморо безобита  намудааст? Вале аз рӯи инсоф, чаро дигарон маро шоир ва олими тоҷик менависанду шумо махсус ба «мастчоҳӣ» буданам ишора кардаед? Албатта Мастчоҳ исми шариф аст ва ман ифтихор дорам, ки аз ин зодбумам. Лекин шумо бо ин чӣ  гуфтан мехоҳед?

Соли 2009 мебоист ман рисолаи номзадӣ дар соҳаи забон ва адабиёти тоҷик ҳимоя мекардам ва барои ин навиштани мақолоти илмӣ зарур буд. Ва мақолаи  «Имло таҷдид мехоҳад» яке аз паҳлӯҳои корҳои тадқиқотии ман буд, ки дар «Варорӯд» интишор гардид. Ин чӣ бадӣ дорад? Ё шумо гуфтаниед, ки маҳз бо айби   ман «ӯ»-и заданокро аз имло хориҷ карда истодаанд? Чаро аз миён хестани «ӯ»-и заданок» шуморо ин қадар беқарор мекунад? Замоне ҳама «цирк» мегуфтему имрӯз «сирк». Хайр,чӣ?

Талаффуз карда натавонистани  баъзе «қавмҳо» (Муҳтарам Бобоҷониён! Шумо калимаи «қавм»-ро бисёр истифода бурдаед. Мо қавм нестем. Мо миллатем) «ӯ»- заданокро «ноқисии забонӣ»-и онҳо пиндоштаед. Пас аз гуфтаи шумо бармеояд, ки 6 млн тоҷик дар Тоҷикистон, 20 млн тоҷик дар Афғонистон ва 70 млн порсигӯ дар Ирон ҳама нуқсони забонӣ доранд, ки чун шумо наметавонанд ин садонокро талаффуз бикунанд? Аслан касе зидди талаффуз  кардани «ӯ»- заданок ё ислоҳи он нест. Инро таҳмил карда ҳам намешавад. Чунки хоҳ-нохоҳ ҳар минтақа ба таври худ ин садонокро талаффуз мекунад. Барои мисол дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ин садонокро ба таври хос, минтақаҳои дигаре ҳатто дар водии Зарафшон чун Панҷекат, аксари деҳоти ноҳияи Айнӣ, шояд баъзе деҳоти тобеи ҷумҳурӣ ва  Бадахшон ҳам андаке бо лаҳни дигаргунтар талаффуз мекунанд. Аммо гап дар бораи қоидаҳои умумии имло меравад, ки барои беҳдошт ва сабуку оммафаҳм кардани он дар грамматикаи имрӯзаи забони тоҷикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо карда истодааст.  Дигар, таҳияи Қонунҳо дар бораи забон ва ворид кардани иловаҳо бар он дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои марбут бар он аст, на ба ихтиёри шахсони алоҳида чун ману шумо.Дар атрофи ин масъала ҳаёҳу бардоштану ба он ранги маҳалгироӣ додан сазовори як рӯзноманигори таҷрибадор нест. Агар ҳам ин ҷавобномаи мо шуморо қонеъ гардонида натавонад, омодаем, боз ҳам қотеонатар бароятон ҷавоб гӯем.

Март 7, 2013 - Posted by | Назм

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: