«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Тасвири Мастчоҳ дар «Бобурнома»


 

baburЗаҳираддин Муҳаммад Бобур соли 1483 дар  Андиҷон аз оилаи ҳукмдори Фарғона— Умар Шайх Мирзо ба дунё омадааст. Ӯ аз тарафи падарӣ ба Амир Темур ва аз ҷониби модарӣ ба Чингизхон «реша» дорад. Падараш Умар Шайх Мирзо фарзанди Абӯсаид Мирзо-фарзанди Муҳаммад Мирзо — фарзанди  Мироншоҳ — фарзанди Амир Темур ва модараш  Қутлуғ Нигор Хонум фарзанди  ҳукмдори Муғулистон-Юнусхон — фарзанди Воисхон— фарзанли Шералихон— фарзанди Муҳаммадхон— фарзанди Хизрхоҷахон— фарзанди Туғлуқтемурхон— фарзанди  Исаи Буғохон— фарзанди Дувахон— фарзанди Бароқхон— фарзанди Йесун Тува— фарзанди Мутуген— фарзанди Чағатой— фарзанди Чингизхон мебошанд.

Падари Бобур – Умар Шайх  дар мазҳабӣ ҳанафӣ ва яке аз муридони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор буд. Намози панҷгонаро ҳеҷ вақт тарк намекард ва пайваста «Хамсатайн», «Маснавӣ» ва «Шоҳнома» мехонд. Ба шеъру шоирӣ ҳавасманд буд. Ҳокимияти Фарғонаро дар ӯҳда дошт. Вале соли 1494 дар синни 39-солагӣ ба таври тасодуфӣ ва фоҷианок оламро падруд гуфт. Ҳукумати Фарғона ҳамчун мерос ба ихтиёри Заҳираддин Муҳаммад Бобур, ки ҳамон вақт 12-сола ва фарзанди нахустини падараш буд, афтод. Бо вуҷуди тифл буданаш рақибони худро, ки барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ мубориза мебурданд, гӯшмол медод. Яке аз душманони ашадии ӯ Муҳаммад Шайбонихони муғулнажод маҳсуб мешуд, ки ниҳоят Бобурро танг карда,ҳамшираи Бобур- Хонзода Бегимро ба занӣ гирифт ва Самарқандро соҳиб гардид. Баъдан Бобур дигарбора дар Кобул ҳукумат таъсис дода, аз ҳисоби забт намудани мамлакати биҳиштосои Ҳинд Империяи Муғулони Кабирро таъсис дод. Ҳамин тавр, Бобур дар Фарғона 10 сол, дар Кобул 22 сол ва дар Ҳиндустон 4 сол подшоҳӣ кардааст. Соли 1530 бар асари бемории шадиди исҳол дар шаҳри Агра дунёро тарк намуд. Тибқи васияташ ташреҳи ӯро ба Кобул оварда дафн намуданд. Ба ҷои ӯ писараш Ҳумоюн ҳукумати Ҳиндустонро ба ихтиёр пазируфт.

Беҳтарин ёдгоре, ки аз Бобур боқӣ мондааст, асари таърихии ӯ «Бобурнома» мебошад. Баъд аз вафоти ӯ духтараш Гулбадан Бегим кори падарро давом дода, асаре бо номи  «Ҳумоюннома» навишт.

 

«Баъди чанд рӯз мо ба Диҳкат («Деҳкат, Даҳкат»-М.Н.) баргаштем. Диҳкат деҳаест воқеъ дар кӯҳпояҳои Ӯра-Теппа (Усрушан, Истаравшан. М.Н.), зери кӯҳи Улуғ-Тоғ.Чун ин кӯҳро бигузарӣ, Масчо оғоз мешавад. Ҳарчанд, ки мардуми Диҳкат ҳамагӣ  «сарт» («тоҷик»М.Н.) мебошанд. Аммо мисли туркон гӯсфандҳо ва аспон парвариш мекунанд.

Мо дар ин деҳа, дар хонаҳои деҳқонон ихтиёри зист намудем. Ман дар хонаи марде ҳафтодсола иқомат гузидам, ки модари 111- солаи ӯ ҳанӯз зинда буд. Танҳо дар худи Диҳкат  96 нафар набераву абераҳои ин зани дарозумр мезистанд, ки агар ақрабои фавтшудаашро низ ба ҳисоб гирем, ҷамъулҷамъ дусад нафар мешудаанд. Набераи набераи ин зан, ки моро хизмат мекард, 26-сола буд ва риши сиёҳи зебое дошт.

Ҳангоми буданамон дар Диҳкат, мо ҳама вақт пиёда кӯҳҳоро тамошо мекардем. Аз ҳама зиёдтар ман ( яъне Бобур. М.Н.) бо пойҳои луч дар атроф гаштугузор мекардам, то ба ҳадде, ки пойҳои шахшӯлшудаам сангу хокро эҳсос намекарданд. Як вақт дар гаштугузори мобайни ду намоз (байни намози шом ва хуфтан. М.Н.) дидем, ки буққае аз пайроҳаи борики кӯҳӣ бошитоб фуруд меомад. Ман пурсидам, ки «Куҷо мебарад ин роҳ? Ба ин буққа нигаред ва онро наронед, то бубинем, ки куҷо мебарад ин роҳ». Асадуллоҳ асабонӣ шуд ва гуфт : «Агар ин буққа раҳгум зада бошад, пас чӣ кор хоҳем кард?»

Дар ин зимистон чанде аз ҷанговарони мо нахостанд, ки вақташон бар беҳуда гузарад ва аз ман хоҳиш карданд, ки иҷозаташон бидиҳам, то ба Андиҷон баргарданд. Ин вақт Қосимбек ба ман гуфт: «Чун ин мардум мехоҳанд ба Андиҷон баргарданд, барои Ҷаҳонгир Мирзо як пора аз рӯмолчаи бинипоккуниатон  тариқи «ҳадя» фиристед. Ман барояш кулоҳи кӯҳпӯшаки худро фиристодам. Косимбек аз нав исрор кард, ки «Бад нахоҳад буд, агар барои Танбал ҳам «чиз»-е бифиристед. Ҳарчанд, ки намехостам, аммо бо сабаби исрори Қосимбек барои Танбал ханҷари паҳни обдодашудаи Нойон Кӯкалтошро фиристодам, ки аз ҳамин гуна ханҷар ҳамеша барои худ дар Самарқанд мефармуд.Дар оянда ин ханҷар барои ман «дарди сар» гардид. Бо ҳамин ханҷар наздик буд, сари маро бибуранд.

Баъди гузашти чанд рӯз  зани ман – Исаи Давлат Бегим, ки баъди берун омадани мо дар Самарқанд монда буд, задаву кӯфта ва гуруснаву ташна ҳамроҳи фарзандонамон  назди ман омада расид.

Дар миёнаҳои зимистон хабар омад, ки Шайбонихон бо лашкараш аз болои яхи дарёи Хуҷанд гузашта, Шоҳрухия ва Бишкантро хароб намудааст. Баробари шунидани ин хабар, ба камшумории лашкари худ нигоҳ накарда, дар ин зимистони сард ба муқобили Шайбонихон рафтем. Ба деҳаҳои ҷойгиршуда поёнтар аз Хуҷанд дар муқобили Ҳашт –як (Аштак, Ашт. М.Н.) ворид гардидем. Ҳаво  ниҳоят сард буд. Дар ин тарафҳо даме ҳам суст нашуда боди сард аз ҷониби дашти холиву бекас- Ҳодарвеш мевазид ва ҳарорат  то дараҷае паст буд, ки аз ғояти он дар давоми чанд рӯз ду-се нафар аз лашкариёни мо «ҷон ба Ҳақ таслим намуданд». Маро лозим буд, ки ғусл бикунам. Бинобарин наҳреро пайдо намудам, ки канораҳояш аз сардии ҳаво ях баста буданд, аммо аз миёнааш бо сабаби маҷрои тези об ях накарда буд. Ва ман шонздаҳ маротиба ба ин об ғӯтта задам. Оби сард дар ман сахт таъсир кард.

Субҳидам бо лашкар яхи дарёи Хуҷандро дар муқобили Хос ( Ховас М.Н.) гузаштем. Тамоми шаб нахуфта роҳ паймудем ва ба Бишкент расидем. Маълум гардид, ки Шайбонихон ба музофоти атрофи Шохрухия тохтутоз оварда, баргашта рафтааст. Дар он замон Бишкент дар ихтиёри фарзанди Мулло Ҳайдар – Абдуманнон қарор дошт. Фарзанди дигари вай, хурдтар аз Абдуманнон, як ноодам ва маккор бо номи Мӯъмин, ҳангоме, ки ман дар Самарқанд будам, назди ман иҷрои вазифа менамуд ва ман ба ӯ бо ҳусни таваҷҷӯҳ муомила мекардам. Намедонам, дар Самарқанд Нойон Кӯкалтош ба ӯ чӣ бадие раво дида бошад, ки ин нокас (яъне Мӯъмин. М.Н.) ба муқобили ӯ дасиса оғоз намуд. Вақте хабар омад, ки ғоратгарони ӯзбек дубора баргаштаанд, мо кас фиристодем, ки Хонро (яъне Абдуманнонро .М.Н.) аз ин ҳодиса огоҳ гардонад. Ва аз Бешкент берун шуда ду-се рӯз дар деҳоти Оҳангарон мондем. Бо сабаби ошноиамон дар Самарқанд фарзанди Мулло Ҳайдар – Мӯъмин ҳамчун «нишони эҳтиром» Нойон Кӯкалтош, Аҳмад Қосим ва чанд нафар аз одамони моро, ки дар Бишкент монда буданд, ба зиёфати боданӯшӣ даъват кардааст.Базми нӯшонӯш дар лаби як ҷар воқеъ будааст. Замоне, ки мо бо лашкар дар Оҳангарон будем, шумхабаре омад, ки Нойон Кӯкалтош дар ҳолати мастӣ аз ҷар парида мурдааст. Мо тағои Нойон Ҳақназарро бо чанд нафари дигар фиристодем. Онҳо ҷасади Нойонро аз қаъри варта дар масофаи аз ҷои зиёфат ба  андозаи як тирпарто дуртар пайдо карда, дар Бешкент ба хок супурда баргаштанд. Дар тафаккури баъзе чунин шубҳа рӯ зад, ки шояд Мӯъмин «ба хотири муомилааш дар Самарқанд» аз Нойон қасос гирифта бошад. Ҳақикати ин муаммо  ошкор ношуда монд.

Ин фоҷиа дар хотири ман чунон нақши баде гузошт, ки як ҳафта ё зиёдтар то нӯҳ рӯз фақат мегиристаму мегиристам. Ман исми марҳумро дар силки моддаи таърих кашидам ва гуфтам «Нойон даргузашт». Баъди чанд муддат мо дубора ба Диҳкат баргаштем.

Дар баҳор хабар омад, ки Шайбонихон ба Ӯра – Теппа лашкар мекашидааст.Чун Диҳкат дар ҳамворӣ қарор дошт, мо ният кардем, ки аз ағбаи Оби Бурдан ( Оббурдан. М.Н.) ба вилояти Кӯҳистони Масчо паноҳ  барем. Мо дар поёнтарин деҳаи Масчо – Оби Бурдан рахти иқомат гузидем. Дар поёни деҳа чашмаест ва дар назди он чашма мазорест. Болои ин чашма мавзеъҳои Масчо ва поёни он ба Палғар таалуқ дорад. Дар сари ин чашме сангеро дарёфтам ва ин се шеърро,(байтро. М.Н.) ки аз эҷоди худам ҳаст, дар он санг ҳаккокӣ намудам;

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,

Дар ин чашма- андар ба санге навишт;

«Аз ин чашма бас кас чу мо об хӯрд,

Вале дида накшуда рафту бимурд.

Гирифтем олам ба мардию зӯр,

Валекин набурдем бо худ ба гӯр».

Дар ин мамлакати кӯҳистон (яъне дар Мастчоҳ.М.Н.) чунин расме ҳаст, ки шеър ва ҳама гуна хатро дар варақи санг менависанд.Вақте ки мо дар Масчо будем, шоир Мулло Ҳоҷарӣ аз Ҳисор омада, дар хизмати мо қарор гирифт.

Боз ҳам шунидем, ки Шайбонихон ба атрофи Ӯра-Теппа омада, бетартибиҳо карда, бозгашта рафтааст. Вакте ки Шайбонихон дар даромадгоҳи Ӯра-Теппа қарор гирифт, аёл ва фарзандони худро дар Масчо монда, ба камбудии лашкар ва яроқ нигоҳ накарда, ағбаи Оби Бурданро гузашта ба Диҳкат омадем, то боқимонда маҳалҳоро аз дасти душман муҳофизат намоем. Хабари омадани моро шунида Шайбонихон ақиб нишаст. Мо ағбаи Оби Бурданро гузашта, боз ба Масчо омадем.

Ба ақли ман расид, ки «Дигар бе хонаву дар ва бе сарвату давлат дар миёни кӯҳҳо гаштан суде надорад. Беҳтар он аст, ки ба Тошканд биравам ва ба Хон бипайвандам».

                                                                                 Таҳияи  Маликнеъмат

 

Январь 12, 2013 - Posted by | Назм

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: