«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Зардушт аз Бутамон аст


Солиёни дароз миёни муҳаққиқони Авастошинос ва Занду Позанддон  сари масъалаи «Зардушт-нахустин паёмбари рӯи Замин» таҳқиқот ва баҳсҳои мухталиф идома дорад. Муҳаққиқон асосан ба ҷиҳатҳои

 1.Маънии вожаи «Зардушт»

2.Шахсияти таърихӣ ё асотирӣ будани Зардушт

3.Зодгоҳ ва хонадони Зардушт

4.Оин ва сарнавишти Зардушт

андешаҳои худро баён намудаанд. Ҷои шакку тардид нест,ки вожаи «Зардушт» порсии қадим, ё маъмулан Авастоист.Вале дар забони мардуми ҷаҳон дар намуди  «Зартушт», «Заратуштра», Зардуҳишт, Зороастр, Зороастер, Зороастра ба гӯш мехӯрад. Баъзеҳо ин вожаро ба қисматҳои «Зард» ва «уштур» таҷзия намуда, маънии  онро «Дорандаи уштури зард» тавзеҳ додаанд, ки ба мантиқ мувофиқ нест. Ба он далел, ки Зардушт, зодаи ҷойгоҳест, ки дар он ному нишоне  аз  шутур барин ҳайвони саворӣ вуҷуд надорад. Агар фарз бикунем, ки шояд ӯ шутур ҳам дошт, дар мардуми мо чунин расм нест, ки касеро барои асп, хар, ё шутур доштанаш номгузорӣ бикунанд. Сониян, агар фарзи дағал бикунем ҳам, ки чунин расм дар он замон вуҷуд дошт, пас чаро «Дорандаи уштури зард»? Магар уштури зард камёб  аст? Магар аксари уштурон зард нестанд? Чаро «Доранда»-и уштури сурх ё  сафед  не? Боз як далели  дигар сабаби радди ин андеша мешавад, ки чӣ навъ мешавад қабул кард, ки ба як кӯдаки нав аз модар таваллудшуда нисбати дорандагиро бидиҳанд?

Пас дар такя бо далоили фавқ ба хулосае омадем, ки шакли дурусти вожа «Озардуҳишт» аст. «Озар» ба маънии «оташ, нур, рушноӣ, гармӣ», «ду»- миёнванди маъмули забони қадими авастоӣ ва «ҳиштан»- масдар, ба маънии «офарида шудан». Яъне маънии калимаи «Озардуҳишт»-«Офарида шуда аз рушноӣ» мебошад.

Дар бораи шахси воқеӣ будан ё набудани Зардушт ақидаҳои муҳаққиқон ба се бахш ҷудо мешаванд:

1.Қисмате аз бостоншиносон бар онанд, ки Зардушт ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва шахсияти ӯ бофтаву сохта яъне асотирӣ-афсонавист. Ин андешаи ғайри қобили қабул бар мабнои он пайдо шудааст, ки рӯзгори Зардушт хеле қадимист. Ва ҳар чӣ қадимӣ  шавад ба ҳукми афсона хоҳад даромад. Аммо ба тафаккури  бани башар иҷоза дода нашудааст, ки чизе набударо ёд бикунад.

2. Баъзе аз таҳлилгарони дигар Зардушт-асосгузори оини маздаясноиро шахсияти нимасотирӣ қабул медоранд, ки ин ҳам саҳеҳият надорад. Номи Зардушт бори аввал дар сарчашмаҳои таърихии асрҳои 6-5 пеш аз милод дар аҳди Доро пури Гуштосп ёд шудааст. Минбаъд дар бораи ӯ дар «Занд Авасто» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маълумот дастрас гардидааст.

3. Аксари муҳаққиқон ба шахсияти таърихӣ будани Зардушт итминон доранд. Барои Римиён ва Юнониёни қадим ӯ ҳамчун паёмбари Муғон маълум буд.

То зода шудани Зардушт нирӯи базаҳкор-Аҳриман дар рӯи ҷаҳон фасод мекард. Девону париён ҳарчӣ харобкорӣ, ки буд дар Замин мекарданд. Модари Зардушт – Дуғдова хоби даҳшотноке дид, ки девон аз осмон ба сари ӯ омаданд ва хостанд, кӯдаки батнашро нобуд созанд. Аммо симои нуроние дар даст тоҷи давлат сӯи ӯ омад ва ӯро аз девон халос намуд. Гӯяндаи хоб ба ӯ мужда дод, ки аз ту фарзанди писаре ба дунё меояд, ки бузург ва бомартаба хоҳад буд.

Вақте, ки Зардушт таваллуд шуд, чун тифлони дигар гиря не, балки ханда мекард. Сарҳанге аз девони бадкор, чун донист, ки Зардушт ба дунё омадааст, хост, ки ӯро нобуд кунад. Болои гаҳвораи ӯ омад ва хост ки даст дароз кунад, дасташ бихушкид.

Баъди ин бадкорони дигар Зардушти тифлро аз гаҳвора рабуданд ва ба биёбони бекасе бурда ӯро оташ заданд. Аммо бо нирӯи муҳофизаткори Аҳуроӣ ӯ дар иҳотаи оташ солиму бардам боқӣ монд.

Бори охир табаҳкорон Зардушти тифлро дар раҳгузори водии гургон танҳо гузоштанд. Аммо бо хости Аҳурамаздо ду модагове аз ғайб пайдо шуда ӯро аз шир сероб намуданд.

Зодгоҳи Зардуштро сарчашмаҳо гуногун шарҳ додаанд. Баъзеҳо Бохтар, баъзе Мидия, баъзан Рай, ё Озарбойҷон, баъзеҳои дигар Бадахшон ва баъзеҳо ҳатто гӯшаҳои дурдасти Россия гуфтаанд. Аммо бештари сарчашмаҳо зодгоҳи ӯро Ирони шарқӣ ҳисобидаанд ва дар Занд Авасто «Зардушт-некмарде аз Ориёнвиҷ» хонда шудааст. Ахиран, таърихшинос Юсуфшоҳ Ёқубов бар далели он, ки маъхазҳо ҷойи таваллуди модари ӯро рустои Роғ навиштаанд ба ин ақида омадааст, ки Роғ дар Бадахшони Афғонистон аст ва зодгоҳи Зардушт ҳам маҳз он ҷост. Аммо ба қавли саҳеҳ дар навиштаи муаррихи марҳум профессор Карим Абдулов – «Зардушт аз Мастчоҳ» деҳаи Роғ дар Кӯҳистони Мастчоҳ низ вуҷуд дорад. Дар ин қаламрав осори каломи суғдӣ чун «дуғ», «муғ», «роғ» «вағнич» «чамарғ», «вир» «канда» серистифода анд. Пас Зардушт дар ҳақиқат зодаи Мастчоҳ буда, он ҷо ба воя расидааст ва се маротиба оиладор шудааст. Як бор ба зани бевамонда ва ду бор ба духтарони дӯшиза. Аммо душманон Зардуштро дар ватанаш ором нагузоштанд. Вай иҷборан ошёни бумии худро тарк намуд ва ба гӯшаҳои дури Иронвиҷ овораву сарсон гардид. Ҳар куҷо, ки мерафт, фарри бузургӣ дар ӯ медиданд ва аз ному зодгоҳаш мепурсиданд. Ва ӯ посух медод: «Зардуштам! Аз Бутамон!»(«Бутамон» номи қадимии водии «Зарафшон» аст).Ва ин ифода бо мурури замон ба шакли таҳрифшудаи «Зардушти Испитамон»ё «Спитамен» ба оламиён муаррифӣ гардид, ки саҳеҳ нест. Худ ба худ вожаи «Испитамон», ё «Спитамен» чизе дар худ таҷассум карда наметавонад.

Бо чанд ҳаводоронаш Зардушт ба лаби оби бузурге расид. Аммо шиноварӣ намедонист. Даст сӯи ҳаво кард ва аз Худо хост. Дар замон об рахна гардид ва роҳе падид омад, та ҳама саломат аз он бигузаштанд. Баъди чанде ба мамлакати  Дорои Гуштосп омаданд ва бо тӯҳмати чанд нобакор гирифтори зиндон гардиданд. Дороро аспе буд писандида, ки дар он замон ба беморие гирифтор шуд, чунончи ҳар чаҳор пояш ба баданаш фурӯ рафтанд. Зардушт онро илоҷ кард ва Дорои Гуштосп ба оини ӯ даромад. Мегӯянд, ки Зардушт 77 сол умр дид ва чун идомаи ҳаёти ӯ қатъ гардид, оташе аз осмон биёмад ва Зардуштро дар худ гирифт ва бо худ бурд.

Оини Зардуштӣ қадимтарин оини яктопарастӣ буд, ки 1500-1200сол пеш аз замони мо  вуҷуд дошт. «Гот»-ҳо қадимтарин қисмати «Авасто»-ст, ки дар он қонуниятҳои оини Зардуштӣ фароҳам омадаанд. Дар «Қуръон» ин оин  дар шакли  «маҷус»(magius-юнонӣ, «муғон»-тоҷикӣ) ба унвони як дин зикр шудааст. Дар сураи Ҳаҷҷ, ояти 17 Худованд Зардуштиёнро «маҷус» номидааст ва дар радифи пайравони адёни осмонӣ овардааст.

Сентябрь 23, 2012 - Posted by | Назм

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: