«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Кабк дар кӯҳсор


Дар он овон  тифле кӯчак будаму даст ба домони модар дошта, ба хонаи Холаи Бибисаид мерафтам. Баробари ворид шудан аз дарвоза ба ҳавлӣ фарши хокии он, аммо обзадаву рӯфта ва тозаву озода, ҳамчунин кабки дар қафаси овезон ба шифти долони хона, диққати маро беш аз ҳама сӯи худ мекашид. Аз модар мепурсидам, ки чаро ин парандаи бечораро дар тангнои қафас нигоҳ медоранд? Модар посух медоданд, ки кабк парандаи зебошамоил ва хушхон аст, ки онро аз кӯҳистон меоранд.Шояд бад он хотир онро дар қафас нигоҳ медоранд, ки ёде аз ватани матрукашон-Мадрушкати бостон карда бошанд. Ҷавоби модар маро қонеъ намекунонд. Ман дилсӯзона сӯи кабк менигаристам…Дар ҳамин вақт холаи Бибисаид ба пешвози мо меомаданду ману модарамро гарм-гарм истиқбол менамуданд. Холаи Бибисаид — зани солхурдаи дар тан куртаи алоча ва дандонҳои нуқракӯб мисли қуттичаи обу дони кабк доштанд.

Ман медонистам, ки ин кас ҳамсари нахусти шахси мӯътабари диёр, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, раиси хоҷагии номдори ба номи Куйбышев – Шариф Ҳасан ҳастанд. Шариф Ҳасан виқори хосае доштанд. Хусусан мӯйлаби тобдодаи он кас, дар симои он кас салобати тозае ворид менамуд. Ин марди кӯҳпайкар ва ботамкин, дар навбати дигар, хеле хоксор, меҳрубон, дилсӯз буданд, ки ба чун ман кӯ-даке ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда даст  дароз  мекарданд, ки вохӯрӣ намоем. Дар хотирам ҳаст, ки дасти ҳузарби он кас, ки ҳатто  як  ангуште (шояд дар ҷанг бошад) қатъшуда низ дошт, чунон дасти касро мефушурданд, ки об аз чашмони кас ҷорӣ мешуд. Падари ман , ки сармуҳосиби ин хоҷагӣ буданд, ҳамеша дар ғайби раис Шариф Ҳасан суханони нек мегуфтанд. Мегуфтанд, ки «Писарам, Раис одами табарруканд. Пешрафти хоҷагӣ ба номи ҳамин кас марбут аст». Падарони мо одамони сохта ва бюрократ набуданд. Барои мисол раис бо вуҷуди бузургиашон,  ба падари мо «Бобо» гуфта муроҷиат мекарданд. Бобои Махдуми Маликисмат, як симои тобноки Мадрушкат-фарзанди арҷманди муфтӣ Маликмунаввар сабаб шуданд, ки Шариф Ҳасан ба раисии хоҷагии Куйбышев таъин гарданд.То даме, ки раис Шариф Ҳасан буданду Махдуми Маликисмат буданду падарони мо буданд, хоҷагии  Куйбышев ба сарватмандтарин хоҷагии Тоҷикистони Шӯравӣ табдил ёфт, ки ҳатто дӯстони узбакзабон ҳазлкашӣ карда ин хоҷагиро «Қуй беш», яъне «Гӯсфанд  зиёд  дорад»  мегуфтанд. Ба хотирам ҳаст, ки боре раис Шариф Ҳасан ба хонаи мо омаданд ва ба падари мо, ки муҳосибашон буданд, гуфтанд;

— Бобо, фулон одам даъво дорад, ки барояш 10 ҳазор рубл  диҳем. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

__ Не, намешавад, раис! Он одами гуфтагиатон, ки чандон одами хуб ҳам нест, дирӯз аз фонди захиравӣ 10 ҳазор рубл барои хароҷоти тӯи писаронаш  гирифта  буд…

— Ин тавр,  ки бошад, номаъқул кардааст… гуфтанд раис хотирҷамъ шуда.

Яъне раису муҳосиб кӯшиш мекарданд, ки як зарра пули мардум барабас наравад. Диёр қадам ба қадам обод мешуд. Рӯзе набуд, ки ягон  навоварӣ ва пешрафт    рух  надиҳад. Як рӯз  медидед, ки симчӯб кашида телефону радио оварда истодаанд, рӯзи дигар газу асфальт…Мардум ба зиндагӣ дилгарм буданд.

Як мошини хизматии идора, ки «Виллис» ном дошт, ҳамеша дар ихтиёри падари мо буд ва мани кӯдак низ  гоҳ-гоҳе дар он  менишастам ва ба саҳрову дигар ҷо мерафтем. Муҳаммадсаид Шукурови хушбахту хандон ронандаи ин машинаи хизматӣ буданд. Маро воқеае ба хотир омад, ки кӯчаҳоро асфальт мекарданд . Ва грейдерчӣ Николай, ки шахси майзада ва ҷанҷолие буд, бо духтари қадраси худ – Наташа хархаша карда оби ҷӯшро ба китфони духтараш  рехта буд. Муҳаммадсаид Шукуров  Наташаро аз бими падараш ба хонаи мо овард. Модари ман Наташаро дар хона пинҳон карда  сӯхтагиҳои обилазадаи баданашро малҳам мемолид. Чунки он вақт ҳанӯз муассисаҳои тиббӣ ба чашм намехӯрданд. Русҳо дар гирду пеши мо хеле зиёд буданд. Барои мисол, яке аз дӯстони қадрдони падар Василий Михайленко буд, ки ӯ ҳам мисли падарам касби муҳосибиро дошт. Ва мо оилавӣ ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад мекардем. Хосса дар рӯзҳои ид. Ё  як бародари дигари падарамро  «Дядя Федя» мегуфтем, ки барои ман аз Ленинград  ранец- ҷузвдоне оварда буд, ки аз ҳамсолони ман  касе ин гуна надошт…

—Писарат  чӣ  мегӯяд? – ба  гапзаниҳои мо мароқ зоҳир карда пурсиданд холаи Бибисаид аз модарам.

— Кабкро пурсида истодааст,  ки чаро онро аз қафас раҳо намекунанд..

— Ҳа, ин кабкро Муҳаммадамин аз кӯҳистон дошта овардааст.- гуфт дар идома холаи Бибисаид.

Муҳаммадамин. Ман акои Муҳаммадаминро хеле хуб мешинохтам. Ин кас писари холаи Бибисаид, ба хонаи  мо  зуд-зуд меомаданд, барои дидорбинии амаашон, модаркалони ман Моҳитобон. Модари маро «аппа» мегуфтанд ва падарамро «Бобо». Зеро падари ман аз пуштаҳои авлодиамон шашумин «Маликсулаймон» буданд. Он касро Бобои калон ҳам мегӯянд. Баъд аз сари падар, ман низ фарзанди панҷуминам, писарамро «Маликсулаймон» ном гузоштам, ки он ҳафтумин номи пуштист. Бад ин васила мо ҳафт пушти худро қоим медорем.

Бо акои Муҳаммадамин бо ҳукми тасодуф бори дигар соли 1975 дар шифохонаи духтур Ғаюров Ҷумъабой дучор омадем, ки он кас он вақт мубтало ба бемории «Диққи нафас» буданду мани навҷавон барои «витамин» -гирӣ  хоб карда будам. Он кас дар палатаи дигар ман дар палатаи дигар, бо вуҷуди калонсолӣ назди ман меомаданд. Як бор омаданду гуфтанд: «Хешбачча! Ман барои ту як дорӯи зур  ёфтаам. Пагоҳ мебиёранд. Мехӯрию фавран витамин ҷояшро мегирад.» Ман то пагоҳи дигар мунтазир будам, ки он дорӯ  чӣ бошад, ногоҳ акои  Муҳаммадамин омаданду  гуфтанд; «Рафтем ба палатаи ман, хешбачча, дору омад». Ман ҳам дам назада аз қафои он кас вориди палатаашон шудам. Дастархон густурдагӣ, дар як табақ гӯштбирён муҳайё. Хам шуданду аз  таги миз шишаеро бароварданду  гуфтанд: «Ана ҳамин аст  дору. Номаш «Кагор». Ҳамааш витамин. Ҳар  дуямон мехӯрем. Худо агар хоҳад шифо мешавад.» Ба худ гуфтам, ки ин шояд арақ  ё чи хеле, ки мегӯянд вино бошад? Ман то ҳанӯз  аз ин ҷинс чизеро нахӯрда будам.Метарсидам. Чунки медидам, онҳое, ки аз ин об меҳурданд, масту девона мешуданд. Аммо ман мастӣ ва девонагиро намеписандидам. Ҳоло ночор будам.. Сухани ако Муҳаммадаминро ба замин гузоштан наметавонистам. Чашм пӯшидаму таваккал гуфта, оби сурх чун оби анорро фурӯ бурдам. Аввал сахт  ноҳинҷор буд ин ҳолат барои ман. Аммо баъд аз гирифтани пиёлаи дуюм дар тамоми аъзоям гармӣ давид. Акои Муҳаммадамин оинаеро оварда дар рӯям доштанд. Андоми худро дидам, ки сурхӣ дамида.  «Ана хешбачча! Кор тамом. Дигар витамин кофта намегардӣ»- гуфтанд он кас  бо хушҳолӣ ба ман. Баъд он  кас чанд  муддате тазкира  медоданд, ки фулониро ман муолиҷа кардам…

Он кас инсонҳои эҷодкор ва ҳунармандро қадр мекарданд. Боре аз ҳамдаму ҳамнафаси падарашон Каҳрамони Меҳнат – Раҷаб Наврӯз сифати эҷодкории маро шунида ҳатто  як шеърамро аз ёд  карда, бад ин мазмун,ки :

Ҳотифи ғайб чунин  гуфт ба ман,

Зиндагӣ аз паи ном аст, на нон!

_Офарин, Домуллонеъмат! Шумо акнун номбардори бобоятон Домуллонеъмати Бухорӣ, ифтихори Мадрушкат ҳастед,- гуфтанашон  сахт дар ёдам мондааст. Баъди ин ҳар бор, ки ба Мадрушкати бостон агар мерафтам, ҳатман аз меҳмондории ако Муҳамадамин бархурдор будам.

Акнун, чи гӯям ,ки дигар он кас дар миён  нестанд. Пештар аз он кас на падару модари ман монданду на холаи Бибисаиду на Шариф Ҳасан. Ёдашон ба хайр. Дунё ба касе бақо намекунад. Кабки рӯҳи ако Муҳаммадамин дар қафаси диққи нафас натавонист биёромад. Мебоист дар фарохнои кӯҳистон раҳо мешуд. Ва акнун садои кабкабаи ин кабки аз қафас вораҳида аз даричаи фардо ба гӯши мо мерасад. Зуд хоҳад буд, ки мо ҳам намонем, мисли он ки дар ин шеър овардаам;

Даври Хуршед  мешавад охир,

Субҳи уммед мешавад охир.

 

Рӯзгори сияҳ намемонад,

Рӯзи испед мешавад охир.

 

Моҳ ояд зи салх бар ғурра,

Лаҳзаи ид мешавад охир.

 

Ҷом хоҳад шикаст дар фарҷом,

Базми Ҷамшед мешавад охир.

 

Хизр аз зиндагӣ шавад безор,

Умри ҷовид мешавад охир.

Аммо  ин  китоб ва ин суханҳо хоҳанд монд.

Сентябрь 22, 2012 - Posted by | Назм

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: