«Фарёди хомўш»

Торнигори Маликнеъмат

Ман ва Иблис (хикоя). Man va Ebles (hekaaye)


Модарам мегуфт, ки баробари таваллуд шудан Иблис бо ман буд. Зеро, ки рўзи баромаданаш аз таваллудхона барфи бисёре боридааст. Ва мани парпечшуда дар баѓалаш сўи хона мерафтаем, ки ногох лаѓжида маро аз даст ба даруни барф афтонидааст.Пурсидам, ки чи ранге дошт Иблис? Гуфт, ки «сафед буд, мисли одами барфи».
Дар се ё чорсолаги, ки акнун мохияти чизхоро хира дарк мекардам, андаке ќад ёзонда талош менамудам, ки «олами булачаб»-и рўи мизи хонаамонро бинам, ки маро бемории сурхакон фаро гирифт.Дар оташи таб месўхтам.Ҳатто симои мехрубон ва махбуби падарам, ки хам шуда холи маро санчидан мехост, бадал мешуд ва гох мисли дев менамуд, гохи дигар мисли худ. Фарёд мезадам, ки «Сўи ман маё!…Ѓаш мекард дили падарам. Яќин, ки он лахза Иблис бо ман буд.Ва мисли табиб буд, Иблиси лаин.
Шолудаи вучуди рўхонии маро,ѓолибан, модаркалонам бо афсона мебардошт. Ҳариси шунидани афсонахои ў будам.Ҳар шаб, хар соат, хар лахза! Ў афсона мегуфту ман афсона мешудам, як чузъи афсона! Аммо рўзе афсонахои модаркалонам тамом гардиданд. Дигар чизе набуд, ки бигўяд.Вале ман исрор мекардам, ки афсонаи дигаре гўяд.Вай ноилоч монд ва ба хукми бахона чизе гуфт, ки ман аз тарс шаќ шудам:
— Дар рўз афсона гуфтан убол аст, набераам! К.ни подшох дандон мебарорад-гуфт яке модаркалонам.Аз дахшати ин сухан нигохи харосони ман фаршу саќфи хонаро мепалмосид.Ба нохост домони гиряро рахо кардам…Ин манзараро хатто дар филмхои дахшатнок намебини. Он ваќт Иблис бо ман буд. Дар сурати подшохе, ки дар кафалаш дандон дошт.
Ҳанўз ба мактаб нарафта хат менавиштам. Хат менавиштам дар дару девор, чою ночо. Ҳатто барои бародарам, ки дар шафатам ќарор дошт, ќарор додам, ки хат нависам.Чун ба синфи якум рафтам, муаллим аз хатнависии ман дар хайрат афтода, маро водошт, ки ба дигар хамсабаќонам низ омўзонам.Чун ман сухани ўро аз фарти камаќли рад намудам, силие сахт ба рўи ман зад, ки аз чашмонам шарора парид…Эхсос кардам, ки Иблис бо ман аст ва монанд ба муаллими синфи яки ман.
Чавонї чи айёми гуворост! Дар он овон ман шабехи фариштае будам. Касеро бо хасе намеозурдам.Аз духтарони хамсабаќ хам шармгинтар будам.Духтарони ќашанг ва масти ѓурур мо-чавонони навхатро гўл мезаданд, номахои ошиќона менавиштанд,руймолакхои гулдўзїи эхдо мекарданд…Боре бо яке аз ин паривашон танхо мондам… Аммо зуд аз олами бехудїи ба худ омадам.Чунки эхсос намудам, шайтон бо ман аст.Он даќиќахо низ Иблис бо ман буд, дар сурати духтаре ќашангу зебо!
Орзў доштам, ки шоир бошам. Нахустин шеъри худро, хангоме ки дар синфи нўхум мехондам, интишор додам.Ҳангома барпо шуд. Устодону хамсабаќон, наздикону дурон, хама маро табрик мекарданд.Баъдан мачмўахои якуму дуюмро мураттаб карда, мунташир гардонида ба сафи шоирон пайвастам. Лекин рўзе як шеъре навиштам, ки дар бораи зан буд. Ва ин шеър зиндагии маро талх кард.Дарк намудам, ки ин хама васвасаи шайтон аст. Ин шеърро на ман, балки Иблис навишта буд. Ба ќавли бузургворе «Худои бадихо-Иблис шоир аст ва «зан» шеъри ўст.
Оила барпо намудам.Шукронаи худо, писарону духтарони мохрўй ёфтам.Аз гирудори шабону рўзон ононро мухофизаткунон ба воя расонидам.Номхои зебояшонро ба забон мегирифтаму завќ менамудам.Аммо шумхабаре бунёди хастии маро зеру забар кард.
—Бачаат мурд!-гуфт садои нохуши касе, ки баччаи ў хам чанде пеш мурда буд. Кошки шамоле мешуд ва ин хабарро аз дахони ў гирифта мебурд…
— Бачаат мурд!- боз гуфт хамон садо. Ман гуфтам, ки «кошкїи ман мемурдам…»Дилам тах кашид. Дунё дар назарам тира гардид. Хостам, ки ин гап дурўѓ бошад. Хостам, ки як лахза чархи гардун ба ќафо гардад.Акнун фахмидам, ки бадтинатон ба якдигар хаќораткунон чаро «бачаат мурад» мегуфтаанд. Акнун фахмидам, ки «пешмарги пои фарзандон шудан» чи хикмате доштааст.Акнун фахмидам, ки «доѓи фарзандонатро набини» гуфта дуои нек кардани падарам чи маъно доштааст.Мурдаи бачаамро оварданд. Ўро бо дастони худ ба хок супоридам.Чавони навхати понздахсоларо. Иблис буд, ки хабари марги бачаамро ба ман овард…
Инак мурда-мурда панчохсола мешавам. Ва эхсос мекунам, ки барои мани кулфатзада дигар панчохсолагию шастсолагию хафтодсолаги мохияте надорад. Мурдан мехохам ва мурданам хар лахза дер аст.Аз ёрону ќаринон касе намонд, ки холам бипурсад. Бо дарди чонкох танхо мондам.На, ѓалат гуфтам. Балки аз ќаринон яке бо ман хаст. Ва ханўз Иблис бо ман аст.Ва хамеша Иблис бо ман аст.Ў маргро шому сахар дар назарам чилва медихад ва маро аз марг тарсонидан мехохад. Аммо, битавфиќуллох ман аз марг нахохам тарсид.Ва ба Иблис хохам гуфт: Нафрин бар Иблис! Зинда бод марг! Шояд мурда бачаамро зинда ёбам…

7 августи 2009.

Март 25, 2010 - Posted by | Иблис, Назм, Точикистон, Хикоя

4 комментария »

  1. Salom Ustodi aziz!!! Az didani ejodiyotaton dar in somona bisyor khushhol shudam. dar in joda ba shumo muvaffaqiyat orzumandam.

    комментарий от Odinamuhammad | Март 28, 2010 | Ответить

    • Одинамухаммади гироми! Аз он ки навиштахои моро мехонед,хеле мамнунем.Таманнои онро дорем,хамеша бо мо дар робита бошед.Худо нигахдоратон!

      комментарий от Маликнеъмат | Апрель 2, 2010 | Ответить

  2. Холо хикояро нахондам, копи кардам, баъд фурсат даст дод мехонам, аммо вакте ба таърихаш нигаристам, чумлаи аввал сахт ба изтиробам овард. Худо накарда бошад, ки шумо бо Иблис чанд мох пеш рафта бошед, чун рузи анчоми хикоя августи 2010 аст)))

    комментарий от Khonanda | Апрель 24, 2010 | Ответить


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: