Ба муносибати 60-солагии шоири шаҳир – Қувват Давлат
Шеъри Қувват Давлат оинаи қаднамои тақдири миллати мост. Аз маҷмӯаи ашъори нав ва мутаассифона охирини ӯ “Шаҳри ишқ” пайдост, ки Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузви ҷаҳони мутамаддин, ҳамчун зодгоҳ, маконе, ки он ҷо хуни нофаш рехтааст, ситоиш мекунад, аз дарду ғами миллат менолад ва аз шодиву хурсандиаш меболад. Ӯ мегӯяд:
Тоҷикистон,
Эҳтиётат мекунам,
Аз ниҳолат то пахолат,
Аз тагаргу барфу борону шамолат…
Охир, ҳар хонандаи закӣ ба осонӣ мефаҳмад, ки вожаҳои рамзии “ниҳол” ва “пахол” дар ифодаи шоир “ободию вайронӣ”- и диёр “тагаргу барфу борону шамол” “нируҳои бадхоҳ” ва “душманони миллат”- анд, ва эҳтиёт кардани миҳан вазифаи муқаддаси мову шумост. Оваҳ, чи хуш будӣ агар ҳар як фарди тоҷик чун қаҳрамони лирикии Қувват Давлат Тоҷикистон-хонаи орзӯ ва омоли ҳар тоҷикро чунин эҳтиёт мекард. Читать далее

















































